Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вижагиҳои чаҳор тими умдаи довталаб бар арши Кобул


Дақиқан як ҳафта баъд мардуми Афғонистон пои сандуқҳои раъй мераванд, то раиси ҷумҳури ояндаи худро интихоб намоянд.

Рӯзи панҷуми апрел дар як интихоботи сарнавишсоз, мардуми Афғонистон раиси ҷумҳури нави худро интихоб хоҳанд кард. Ин интихобот дар ҳоле баргузор мешавад, ки Афғонистон ҳанӯз ба чолишҳои амниятӣ рӯбарӯст ва дар поёни соли ҷорӣ нерӯҳои Эътилофи байналмилал аз ин кишвар бернун мешаванд. Барои ширкат дар интихобот ёздаҳ нафар сабти ном шуда буданд, вале то кунун ду нафари онҳо ба нафъи Залмай Расул аз сабқат берун рафтанд ва як нафар ҳам берун рафтани худро аз сабқат шарҳ надодааст.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки дар интихоботи қарубулвуқӯи президентии Афғонистон, кӣ ҷойгузини Ҳомиди Карзай хоҳад шуд ва бар Арки Кобул такя хоҳад зад. Абдулҳафизи Мансур, рӯзноманигор ва сиёсатмадори Афғонистон дар таҳлиле дар торнамои "Ҷовидон" ба вижагиҳои чаҳор номзад ва ё тиме, ки имкони баранда шудан дар ин интихоботро доранд пардохтааст. Инҳо Залмай Расул, Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдураб Расули Сайёф мебошанд.

1. Тими "Эътидол, баробарӣ ва созандагӣ" бо раҳбари Залмай Расул

Аъзои ин тим дар ҷангҳои мусаллаҳона ба сурати мустақим саҳм надоштаанд. Дар таркиби ин тим як бонуи ботаҷриба -- Ҳабиба Сурубӣ дар умури идорӣ шомил мебошад, дар ҳоле, ки соири тимҳои аз ин амр бебаҳраанд. Аъзои ин тим аз назари тавоноиҳои шахсӣ заифанд ва дар амри раҳбарӣ ва идории кишвар дар гирифтории бӯҳрони шидиди амниятӣ оҷиз мебошанд. Ин тим аз ҷониби Ҳомиди Карзай ба қувват пеш пуштибонӣ мегардад, аъзои тим ин масъаларо ба унвони як имтиёз дар ҳар ҷо матраҳ месозанд. Гумон бар ин аст, ки оқои Карзай Ҳабиба Сурубӣ, муовини дувуми номзад ба мақоми президентӣ Залмай Расул мебошад. Ӯ дар мақоми волии Бомиён кор кардааст.

Ҳабиба Сурубӣ, муовини дувуми номзад ба мақоми президентӣ Залмай Расул мебошад. Ӯ дар мақоми волии Бомиён кор кардааст.

мекӯшад бо рӯи саҳна овардани ин тим дар пушти парда ҳамчунон раҳбарии Афғонистонро ба ӯҳда дошта бошад. Дар сурати рӯи саҳна овардани ин тим, ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмакҳояшро ба Афғонистон қатъ хоҳад кард.

Ҳамчунон дар сурати пирӯзии ин тим таҳаввул дар авзои Афғонистон рӯ нахоҳад дод, зеро ин тим ба давоми сиёсатҳои Ҳомиди Карзай худро мутааҳҳид медонад. Раиси ин тим 72-сол дорад, ки сини болое барои пешбурди умури як кишвар шумурда мешавад. Дар Афғонистон сини нафақа 60 солагӣ муқаррар шудааст ва чигуна як фард метавонад бо ин сину сол умури раёсати ҷумҳуриро ба пеш барад.

Оқои Зулмай Расул солҳои зиёде дар берун аз Афғонистон будааст. Даврони ҷавонии худро дар Аврупо пушти сар кардаааст, аз ин рӯ дар шинохти мардуми Афғонистон ва мушкилоти онҳо оҷиз мебошад. Оқои Залмай Расул замоне ба унвони вазири умури хориҷии Афғонистон ифои вазифа кард, чанд бор дар парлумон дар тавзеҳи мавзуот аз худ кӯтоҳӣ нишон дод ва ба ҷои ӯ оқои Рангин Додфар Спинто масоилро шарҳ дод. Бинобар ин, дар сурати муваффақияти эшон ин гуна умурро ба василаи чи касоне метавонад анҷом диҳад?

2.Тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ" бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Аъзои ин тим аз се қавми бузурги Афғонистон намояндагӣ мекунанд ва се ҳизби умдаи сиёсӣ дар пушти онҳо қарор дорад. Бинобар ин мувафаққият, ин тим метавонад ба таъмини сулҳ ва субот ёрӣ кунад. Аъзои ин тим аз шахсиятҳои машҳур ва ботаҷриба ташкил гардидааст, ҳар яке аз онҳо гармиву сардиҳои рӯзгорро чашидаанд ва солҳои зиёдеро дар вазъияти душвор сипарӣ кардаанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва муовинонаш

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва муовинонаш

Аъзои ин тим ба кор дар вазъиятҳои сахту бӯҳронӣ ошно ҳастанд ва бо бӯҳронитар шудани авзоъ, дар рӯҳияи онҳо садама ворид нахоҳад шуд. Аъзои ин тим пешинаи узвият дар созмонҳоеро доштаанд, ки дар даргириҳои гуногун гоҳ дар баробари ҳам ва замоне дар канори ҳам ҷангидаанд.

Раиси ин тим Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мувофиқатномаи Бонн нақши фаъолеро ифо кард ва аз ин рӯ пирӯзии тими вай метавонад сабаби ҷалби ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Тими ислоҳот ва ҳамгироӣ аз назари барнома нисбат ба соири тимҳо мутафовит аст, бинобар ҳамин пирӯзии ин тим метавонад тағйиротеро дар арсаҳои гуногуни ҳаёти Афғонистон шакл бахшад. Ин тим аз лиҳози фикрӣ ва эътидолу миёнаравӣ машҳур аст, аз ин рӯ ба ҳуқуқи башар, озодии ақида ва баён осебе ворид нахоҳад кард.

Ин тим ба идомаи душманӣ бо Покистон алоқа надошта ва барои ҳалли мушкил миёни ин ду кишвар талош хоҳад кард. Оқои Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо доштани падари қандаҳорӣ ва модари панҷшерӣ хоҳад тавонист аз нигоҳи иҷтимоӣ таодулеро миёни ду қавми бузурги паштун ва тоҷик барқарор созад ва кашмакаш дар мавриди касби қудратро коҳиш диҳад.

3.Тими "Таҳаввул ва тадовум" бо раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Доктор Ашрафғанӣ Аҳмадзай, дар маҳофили берунӣ аз шӯҳрат бархӯрдор аст. Ин тим дар таркиби худ намояндаи қавми тоҷикро надорад, ки барои ин тим як камбуди ҷиддӣ шумурда мешавад ва қонеъ кардани тоҷикҳо ба василаи ин тим душвор хоҳад буд. Муовинати аввали ин тимро генерал Дӯстум ба ӯҳда дорад. Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Вай дар низомигарӣ ба шӯҳрат расид ва тавоноии ӯ дар умури раҳбарии сиёсии он кишвар ба исбот нарасидааст.

Оқои Ашрафғанӣ Аҳмадзай дорои тани бемор ва равони озурда аст, ба зудӣ хаста мегардад ва асабонӣ мешавад ва дар бисёре аз маҷлисҳо хашми ӯ ба ҳадди ифрот расида, ки барои раҳбари як кишвар кӯтоҳии ҷиддӣ ба шумор меояд. Дар солҳои муқовимат дар Аврупо ва Амрико Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба нафъи Толибон фаъолият дошт. Дар солҳои нахусти марҳилаи нави ҳаёти сиёсии Афғонистон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай мавзеъгириҳои қавмгароёна аз худ нишон додааст.

4. Тими "Таъмини амният, ҳокимияти қонун ва мубориза бо фасоди идорӣ" бо раҳбарии Абдураб Расули Сайёф

Аъзои ин тим аз зумраи шахсиятҳои шинохташудаи муҷоҳиддин ва муқовиматгаронанд. Ҳамеша дар як роҳ ва андеша қарор доштаанд. Ин тим аз ҳамоҳангии фикрӣ бархӯрдор мебошанд. Аъзои ин тим дар миёни мардум зиндагӣ карда ва ба боварҳои мардуми Афғонистон пайванди маҳкам доранд.
Ҷои як шахсияти ҳазора ва шиамазҳаб дар ин тим холӣ аст. Бинобар ҳамин, барои ин тим ҷалби эътимоди як бахши бузурги мардуми Афғонистон душвор хоҳад буд.

Ҳар се аз шахсиятҳои ин тим бо чеҳраҳои занситез шӯҳрат ёфтаанд. Абдураб Расули Сайёф дар солҳои ахир хеле кам аз маҳали худ Пағмон ба шаҳри Кобул омадааст. Аз ин рӯ ҷалби назари аксарияти мардуми Афғонистон барои ӯ душвор хоҳад буд.

Абдураб Расули Сайёф ва тими ӯ ба унвони шахсиятҳои тундрав шӯҳрат ёфтаанд, бинобар ҳамин ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин тим ба дидаи шакк хоҳад нигарист ва ҳатто шуморе ба ин боваранд, ки дар сурати пирӯзӣ, ин тим ба сарнавишти Муҳаммад Мурсӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, Абдураб Расули Сайёф ба хотири мавзеъгириҳояш, ба мухолифати кишварҳои ҳамсоя рӯбарӯ хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG