Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардер Фирташ эҳтимол ба Амрико истирдод шавад


Австрия - Сарватманди Украина Дмитрий Фирташ дар додгоҳи Вена. 21 феврали соли 2017
Австрия - Сарватманди Украина Дмитрий Фирташ дар додгоҳи Вена. 21 феврали соли 2017

Додгоҳе дар Австрия қарори додгоҳи қаблиро бекор кард ва талаби Иёлоти Муттаҳидаро дар заминаи истирдоди Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ, ки дар ростои иттиҳоми ришвадиҳӣ қарор дорад, қонеъ намуд. Додгоҳи Вена рӯзи 21 феврал қарори додгоҳи қаблиро, ки гуфта буд талаби истирдод "заминаи сиёсӣ" дорад, бекор кард.

Додгоҳ гуфт, ин қарор ба маъное нест, ки Фирташ дар содир кардани ҷиноят муттаҳам мешавад. "Гунаҳкор ё бегуноҳ будани ӯро додгоҳи кишвари дигар маълум мекунад", - гуфт додгустар.

Фирташи 51-сола, якҷоя бо Газпроми Русия - ҳамраиси ширкати RosUkrEnergo буд, ки дар Шветсария сабти ном шуда, гази Туркманистонро ба Аврупои Шарқӣ интиқол медод. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида истирдоди ӯро дар робита ба гӯё пардохти $18,5 миллиард ришва, барои дастрасӣ ба кони маъдани титан дар Ҳиндустон, дархост кардаанд.

Дмитрий Фирташ, ки замоне аз шарикони раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович буд ва иттиҳомро ҳамчун сафсата ва даъвои беасос рад мекунад. Украина низ барои содир кардани ҷиноят ин олигарх, ё султони сарватро дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

XS
SM
MD
LG