Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул: ISI ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил шавад


Як мансабдори афғон ҳукумат ва хадамоти кашфи Покистонро дар пуштибонии ҷунбиши "Толибон" ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро айбдор кард.

Нақши зиддуннақизи Покистон дар Афғонистон муддатҳо боз боиси хашму ғазаб ва нобоварии мансабдорони афғон буд. Аммо дар Кобул аз ҳама гуна талошҳои ошкор айбдор намудани Исломобод дар ташкили хушунат дар кишвар ҷилавгирӣ мешуд.

Аммо ин ҳафта вазъият баъди он тағйир ёфт, ки мансабдорони воломақоми афғон раҳбарони Покистони ҳамсоя ва хадамоти кашфи он ISI-ро дар пуштибонии махфии ҷунбиши “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои ифротгарои мухолифи ҳукумати Афғонистон айбдор карданд. Рӯзи 3 март раҳбари пешини хадамоти кашфи Афғонистон Раҳматулло Нобил аз Созмони Милали Муттаҳид
Раҳматулло Нобил

Раҳматулло Нобил

хост, ки ISI-ро ба феҳристи гурӯҳҳои террористии ҷаҳон шомил кунад. Нобил, ки айни ҳол муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аст,ҳамчунин мухолифи ширкати Покистон дар музокироти сулҳ бо ҷунбиши “Толибон” мебошад. Ӯ гуфт, ки “ҳукумат ва мардуми Афғонистон ҳама талошҳоро карданд, ки бо Покистон равобити нек дошта бошем ва ду кишвари ҳамсояи мусалмон бо ҳам зиндагӣ кунем, сулҳро дар Афғонистон ва минтақа пойдор гузорем. Аммо, мутаассифона, мо ягон ҳаракати мусбатро аз ҷониби муқобил надидем, баръакс рокетҳо хоки моро, мардуми моро шилликборон карданд, уламои дин, сарони қавм, муаллимон ва тифлҳои моро бо фиристодани террористҳо шаҳид сохтанд”.

Як рӯз баъд аз ин изҳорот раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ҳам Покистони ҳамсояро барои талошҳои нокофияш дар мубориза бо терроризм интиқод кард. Дар мулоқот бо хабарнигорон ҳамроҳ бо Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен, ки ахиран вориди Кобул шуд, ӯ гуфт, Покистон барои имдод ба Афғонистон дар пайдо кардани роҳи мусолиматомези низоъ бо “Толибон” ягон “гоми мушахаас” набардоштааст.

Сарвари Афғонистон бо ишора ба изҳороти раиси шӯрои уламои Покистон Тоҳир Ашрафӣ афзуд, ки Исломобод дар муборизааш бо терроризм самимӣ нест. Тоҳир Ашрафӣ ҳафтаи гузашта ҳамлаҳои маргталабона дар Афғонистонро “ҳалол” хонда буд, зеро, ба гуфтаи ӯ, ин ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои НАТО равона шудаанд, ки Афғонистонро забт кардаанд.

Кобул барои шомил кардани ISI – Хадамоти кашфи Покистон ба феҳристи гурӯҳҳои террористии СММ бояд ба ниҳоде муроҷиат кунад, ки чун “Кумитаи таҳримҳо алайҳи “Ал-Қоида” шинохта шудааст. Ин кумита, ки раҳбарияш бар дӯши сафири Австралия дар СММ аст ва ба он намояндагони ҳамаи 15 кишвари узви Шӯрои амният шомиланд, масъули таҳияи ин феҳрист маҳсуб мешавад ва дар мавриди изофа кардан ё накардани ISI ба он тасмим мегирад.

Аммо, ба назар мерасад, ки аз ҳама бештар афғонҳоро изҳороти Тоҳир Ашрафӣ ба хашм овардааст. Раҳматулло Нобил изҳор намуд, ки гуфтаҳои Ашрафӣ баёнгари мавқеи ҳукумати Покистон ва хадамоти кашфи кишваранд. Аммо Ашрафӣ билофосила изҳор намуд, ки расонафои афғонӣ суханони ӯро нодуруст ташреҳ кардаанд.

Майкл Кугелман, масъули бахши Осиёи ҷанубӣ дар маркази байнулмилалии пажуҳишии Вудро Вилсон изҳороти зиддипокистонии Кобулро бо нокомии талошҳояш барои даст ёфтан ба сулҳ бо толибон бастагӣ медиҳад. Моҳҳои гузашта мақомоти Афғонистон барои аз маҳбасҳои Покистон раҳо кардани даҳҳо фармондеҳони толибон талош карданд ва аммо ин ба раванди сулҳ мусоидат накард. Баръакс, расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки бархе аз ин фармондеҳон дубора ба майдони набард зидди ҳукумати Кобул баргаштанд.

Кугелман ҳамчунин ҳадс мезанад, ки изҳороти ахири Раҳматулло Нобил шояд бо интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар соли 2014 рабт дошта бошад ва ӯ дар оянда яке аз довталабони мақоми олӣ дар кишвар шавад. Ба гуфтаи Кугелман, сару садо ва баёнияҳои шадидуллаҳни ахир ба робитаҳои миёни Афғонистону Покистон латма мезананд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки, меафзояд пажуҳишгар, Кобул баъди хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ ва дар ихтиёр гирифтани масъулияти таъмини амният дар кишвар ба пуштибонии Исломобод зарурат хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG