Пайвандҳои дастрасӣ

Тими Афғонистон ба Душанбе меояд


Тими миллии футболи Афғонистон ҳини тамрин дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Тими миллии футболи Афғонистон ҳини тамрин дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Тими миллии футболи Афғонистон баргузории ҷамъомади таълимиву тамриниашро авохири моҳи январ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст.

Тими миллии футболи Афғонистон бар асоси нақшаи худ тасмим гирифтааст, ки ҷамъомади таълимиву тамриниашро авохири моҳи январ дар шаҳри Душанбе доир намояд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ хабар доданд.

Бар пояи иттилои ин манбаъ, Федератсиони футболи Афғонистон дар як номаи расмии худ аз Федератсиони футболи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҷамъомади таълимиву тамриниашро аз 21-ум то 27-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор кунад. Инчунин дар ин давра мураббиёни мунтахаби миллии Афғонистон баргузории якчанд бозии санҷиширо дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд.

Дар нома омадааст, ки ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ин кишвари ба Тоҷикистон ҳамсоя дар Душанбе дар доираи омодагии тими миллии Афғонистон ба бозии расмии дӯстона бо мунтахаби миллии Покистон, ки 6-уми феврал Дар Исломобод барпо мегардад, анҷом дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сар аз соли 2005 ҳамагӣ панҷ бор бо ҳам рақобат кардаанд, ки чортоаш дӯстона ва яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Онҳо ба дарвозаи ҳарифонашон 13 тӯб зада, аз дарвозаи худ 2 тӯб сар додаанд.
Бозии охирини байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Афғонистон, ки 4-уми майи соли 2014 дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури 8000 тамошобин баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони тоҷик анҷом ёфта буд. Голи ягонаро дар дақиқаи 2-юм нимҳимоятгар Нуриддин Давронов зад.

Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 136-ум ва мунтахаби Афғонистон дар ҷойи 142-юм қарор доранд.


Натоиҷи ҳамаи бозиҳои тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон:

9-уми ноябри соли 2005. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008. Ҷоми даъвати АФК-2008. Даври ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

4-уми июни соли 2013. Бозии дӯстона. Қӯрғонтеппа. Тоҷикистон – Афғонистон - 3:2 (Ҳашматулло Борикзай, 5 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 17 (1:1). Ҳамидуллоҳ Каримӣ, 41 (1:2). Хуршед Маҳмудов, 44 – аз пеналтӣ (2:2). Соҳиб Саванқулов, 74 (3:2).


4-уми майи соли 2014. Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Нуриддин Давронов, 2).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG