Пайвандҳои дастрасӣ

В.Ниятбеков: "Ҳанӯз ҳам хатарҳо вуҷуд дорад". ВИДЕО


Вафо Ниятбеков, муовини сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вафо Ниятбеков, муовини сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, манбаи аслии таҳдид ба кишварҳои минтақаи СПАД ин Афғонистон аст ва бояд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким ёбад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бояд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким ёбад, зеро амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, аз Афғонистон таҳдид мешавад.

Вафо Ниятбеков, муовини сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 3 апрел дар оғози ҷаласаи Гурӯҳи “Афғонистонӣ”- и СПАД гуфт, “бо вуҷуди он ки пас аз тақсими қудрат дар Афғонистон вазъи амниятӣ дар ин кишвар то ҳадде ба эътидол омадааст, аммо ҳанӯз ҳам хатарҳо аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои минтақа, ба хусус минтақаи СПАД вуҷуд дорад."

Ин аст, ки ҷаноби Ниятбеков манбаи аслии таҳдид ба кишварҳои минтақаи СПАД-ро дар қаламрави Афғонистон донист ва гуфт, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба амнияти кишварҳои минтақа хатари ҷиддӣ дорад. Аммо ҷаноби Ниятбеков, таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон бо сохторҳои зидахли Афғонистон, ба хусус пулис ва марзбонӣ ҳамкории танготанге доранд, ки муштаракан алайҳи ҳама чолишҳо метавонанд мубориза баранд.

Аз сӯи дагир ҷаноби Ниятбеков гуфт, ки “Тоҷикистон низ барои тақвияти фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон кӯмаки худро мерасонад". Вай ба унвони мисол зикр кард, ки ҳар сол теъдоди 500 нафар аз афсарони афғон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар шаҳри Душанбе нишасти гурӯҳи корӣ роҷеъ ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ идома дорад. Дар ин нишаст муовинони Дабири кулли СПАД, намояндагони доимӣ ва ҳамоҳангсозони миллӣ роҷеъ ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон ширкат доранд.

Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳкими вазъи сиёсӣ-низомӣ дар Афғонистон, инчунин нақшаи гурӯҳи кории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД-ро аз масоили мавриди баҳс дар ҷаласаи ин гурӯҳ унвон карданд.

Намояндагони гурӯҳи кории масоили Афғонистон рӯзи гузашта аз Пойгоҳи 201-и низомии Русия дар Душанбе дидан карданд. Ҷаласаи гурӯҳи кории масоили Афғонистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи гузашта баргузор шуд, сурат мегирад.

Нишасти гурӯҳи "Афғонистон" дар ҳоле баргузор мешавад, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД хостори андешидани иқдомоти амалии шарикон барои кӯмак ба таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон шуданд. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар поёни ин нишаст гуфт, “дар ҷаласа вазъи марбут ба минтақаи СПАД, ба хусус таъмини амният дар Афғонистон ва нигарониҳову хатароти муосир ба таври муфассал баҳсу баррасӣ гардид”.

Ба гуфтаи ӯ, "дар иртибот ба ин масъала ба ҳамтоёни худ роҷеъ ба иқдомоти ин кишвар ба манзури коҳиш додани таъсири нигарониҳо ва хатароти навин гузориш дода ва ба фаъолият ва ҳамкории Тоҷикистон бо ҳукумати Афғонистон баҳои мусбат дода шуд."

Аммо, ба таъкиди Сироҷиддин Аслов, раванди иҷрои Қарори Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон қонеъкунанда нест. Ба ин далел, афзуд ӯ, зимни муроҷиат аз шарикон хоста шуд, ки ҷиҳати кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иқдомоти амалиро рӯи даст бигиранд.

XS
SM
MD
LG