Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси омори расмӣ, Афғонистон имсол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои башардӯстона расондааст.

Бар асоси гузориши Агентии омори Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз Афғонистон ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои башардӯстона ворид шудааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ин муддат аз 38 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маблағи 34,9 миллион доллар кумакҳои башардӯстона расидааст. Бештари ин кумакҳо аз ҷониби Олмон, Русия ва Ҳолланд ироа шудааст, вале 3 дарсад, ё беш аз 1 миллионашро Афғонистон ба Тоҷикистон расондааст.

Бо вуҷуди ноамнию даргириҳои нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳҳои Толибону “Давлати исломӣ” ва мушкилоти шадиди иқтисодӣ Афғонистон низ дар кумак ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон саҳм гирифтааст. Дар солҳои қаблӣ низ Афғонистон ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол карда ва дар соли 2013, барои мисол, мизони ин кумакҳои Кобул ба Душанбе болиғ ба 240 ҳазор доллар будааст.

Ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, назири Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари расидани кумакҳои башардӯстона аз Афғонистонро тасдиқ карданд, вале дар мавриди анвоъи ин кумакҳо ибрози беиттилоӣ карданд.

Ин манобеъ гуфтанд, дар бораи ҳаҷми умумии маблағҳои кумакҳо маълумот вуҷуд дошта, феҳристи навъҳои ин кумакҳо ва тақсими онҳо ба ӯҳдаи созмонҳое чун Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вогузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Аскар Нуралиев, корманди масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, мумкин аст, ин кумакҳо на мустақиман аз давлати Афғонистон, балки тавассути Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ба манотиқи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҷануби Тоҷикистон ворид шудааст.

Абдукарим Раҳимов, як масъули Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон, рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон танҳо воридкунандаи кумакҳои башардӯстона нест ва ниҳодҳои ин кишвар низ дар сурати зарурӣ ба давлати ҳамсояи Афғонистон кумакҳои башардӯстона ирсол мекунад.

Ҷаноби Раҳимов ба кумаки башардӯстона ба вилояти Бадахшони Афғонистон ишора кард, ки дар моҳи майи соли гузашта ба манотиқи аз офати табиӣ осебдидаи ин вилоят ба миқдори 200 тонна маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, маводи сӯхт, либоси кӯдакона ва ашёи дигари рӯзгор фиристода шуда буд.

Рӯзи 2 майи соли гузашта дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон бар асари боришоти зиёд лағзиши замин рух дода ва 300 хонавода зери гил монданд. Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон дар пайи он офат аз ҳалокати беш аз 2500 нафар хабар дода буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG