Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири афғон: "CASA-1000 пайванди хосе ба Узбакистон надорад"


Вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол мегӯяд, тарҳи CASA-1000 пайванди хосе бо Узбакистон надорад.

Вазири иқтисоди Афғонистон, ки дар раъси як ҳайати расмии кишвараш бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи ҷумъа ба радиои «Озодӣ» гуфт, тарҳи CASA-1000 ба кишвари Узбакистон иртиботи хосе надорад ва аз ин рӯ вай намефаҳмад чаро ин кишвар ба ин тарҳ мухолифат дорад:

«Ин тарҳ ба Узбакистон иртиботи хосе надорад. Чун тариқи ин хат 700 мегаватт аз Тоҷикистон ва 600 мегаватт аз Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода мешавад. Аммо як теъдод кишварҳои дигар дар робита бо саҳим шудани Узбакистон дар ин пружа назар доданд. Агар Узбакистон ҳам барқи изофӣ дошта бошад, бо дарназардошти тавофуқи ҷонибҳои дахили ин тарҳ метавонад аз ин хат истифода кунад ва тариқи ин лайн (хат) онҳо ҳам барқ интиқол кунанд».

Мулоқоти вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол ба Эмомалӣ Раҳмон.
Мулоқоти вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол ба Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷаноби Арғандивол афзуд, музокироти кишварҳои шомили тарҳи CASA-1000 хуб ҷараён дорад ва баҳсҳо танҳо сари нархи барқ ва пул барои тронзити он идома доранд. Боқӣ 85 дарсади ҳазинаи ин тарҳ ҳалли худро ёфта аст ва имрӯз ҷониби Тоҷикистон маро мутмаин сохт, ки баҳсҳо сари қиммати барқ ҳам ба зуди ҳалли худро меёбад. Ба таъкиди ҷаноби Арғандивол, ҳафтаи оянда дар шаҳри Дубай бояд ҷаласаи ниҳоии кишварҳо сари тарҳи CASA-1000 сурат бигирад.

Дар пасманзари ниҳоӣ шудани тавофуқоти кишварҳо дар робита ба тарҳи СASA-1000 Узбакистон мухолифати амиқи худро дар нисбати он ҳарчӣ бештару баландтар баён мекунад. Ахиран Вазорати иқтисоди Узбакистон бо пахши як изҳорот дар торнамои расмии худ гуфт, хабари расонаҳои интернетӣ, ки бо такя ба намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз оғози сохтмони тарҳи «CASA-1000» дар соли равон хабар додаанд, асос надорад. Ба таъкиди Узбакистон, мақсади бархе аз расонаҳо аз нашри хабари оғози сохтмони тарҳи CASA-1000 дар таърихи якуми июли соли 2014 ба истинод ба намояндаи ваколатдори Бонки ҷаҳонӣ ба сӯи дигар кашидани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мухолифатҳои асосноки Узбакистон дар қиболи ин тарҳ аст.

Дар изҳороти вазорати иқтисоди Узбакистон омадааст: «Ҳадафи ин гуна "хабарпароканӣ"-ҳо ба сӯи дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мавқеи асоснокшудаи Ҷумҳурии Узбакистон ҷиҳати хатарнок ва дар ҳаётӣ набудани тарҳи мазкур (СASA-1000) мебошад."

Ба таъкиди ҷониби Узбакистон, гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷӣ сари ин масъала ҳоло идома доранд ва тасмиме то имрӯз дар бораи шурӯъи сохтмон ин тарҳ гирифта нашудааст. Ба иддаои ҷониби Узбакистон ҳадафи Тоҷикистону Қирғизистон аз бунёди тарҳи CASA-1000 боз ҳам ҳамон сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обии бузурги Қамбаротаву Роғун аст ва бо сохтмони ин мехоҳанд барқро ба Афғонистону Покистон фурӯшанд.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи бунёди тарҳи CASA-1000 дар моҳи феврал дар нишасте таҳти васояти Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон бо ширкати мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ва намояндагони Амрикову Бонки ҷаҳонӣ ва чанд ниҳоди молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуда буд. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, дар авоили моҳи март ба "Озодӣ" хабар дод, ки қарор аст, созишномаи ниҳоӣ дар мавриди тарҳи CASA-1000 то поёни моҳи март имзо шавад.

CASA-1000 як барномаи пуриддаои минтақавист, ки сохтани хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон то Покистон аз тариқи
Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Бино ба ҳисобҳо, барои бунёди ин хатти барқ ва зербинои лозими он тақрибан 1 миллиард доллар лозим аст ва ҷонибҳои манфиатдор дар ҳоли ҳозир дар пайи таҳияи асноди фанниву иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи сармоягузорон мебошанд.

Исмоил Раҳматов, таҳлилгари минтақаӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки бо тарҳи CASA-1000 ошноии хуб, дорад, дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ҳама талошҳои Узбакистон ба хотири аз даст надодани бозори энергияи барқ дар минтақа аст. Вай гуфт: «Узбакистон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки бозори минтақавии барқ аз даст диҳад. Чунки ҳоло Узбакистон дар минтақа ягона фурӯшандаи барқ аст ва ҳар нархеро хоҳад, мегузорад. Вақте тарҳи CASA бунёд шуд, рақобат ба вуҷуд меояд ва албатта кишварҳо ба барқи нисбатан арзони Тоҷикистон бартарӣ хоҳад дод .»

Ҷаноби Раҳматов афзуд мухолифатҳои Узбакистон ба тарҳи СASA-1000 аз оғози пайдошавии он вуҷуд дошт, вале то бо пайдо шудани сармоягузорони воқеӣ ба ин тарҳ, зиддияти ин кишвари ҳамсоя дучанд шудааст. Ба таъкиди Раҳматов, ҳанӯз дар оғози пайдо шудани ин тарҳ замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти вақти Покистон дар ин бора тавофуқ карда буд, сафари Узбакистон дар ин кишвар мухолифаташро ба мақомоти Покистон изҳор дошта буд.

Зимнан, барои татбиқи тарҳи хатти барқи CASA-1000, ки интиқоли барқи Қирғизистону Тоҷикистонро дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, тақрибан 1 миллиард доллар зарур аст. Агар ин хат дар байни чаҳор кишвар кашида шавад, солона метавонад то 1300 мегават барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон интиқол диҳад.

Дар назар аст, баъд аз итмоми тарҳ, CASA-1000 ба Тоҷикистон ва Қирғизистон имконият диҳад, ки аз фурӯши иқтидори тобистонаи барқи изофӣ ба Афғонистон ва Покистон, даромад гиранд. Афғонистон аз ин лоиҳа ҳамчун истифодабарандаи барқ 300 мегават нерӯи барқ мегирад ва барқро ба Покистон интиқол медиҳад.
XS
SM
MD
LG