Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо орзуи рӯзи беҳтар. Дар ин сӯи Омӯ паноҳ ҷустани Фиребо


Фиребо дар мактаб

Фиребо дар мактаб

Як кӯдаки афғон мегӯяд, пас аз ончӣ дар ватанаш ба сар бурдааст, зиндагӣ дар Тоҷикистон барояш осоиш ва хушбахтист.

Зодаи Майдовардаки Афғонистон Фиребо Мирҳусайни 16-сола рад намекунад, ки ҳамчун як шахси бекасу танҳо бо мақсади дарёфти паноҳандагӣ Афғонистонро тарк кардааст. Аммо вақте шоми 7-уми марти соли равон дар фурудгоҳи Душанбе аз ҳавопаймо берун шуд, намедонист, ба куҷо равад ва дилаш сиёҳ буд, ки ояндааш чӣ мешавад? Ин аввалин сафари ӯ ба хориҷа буд.

Худи Фиребо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гоҳе ӯ ҳам бисёр сахт мехоҳад, ба ватанаш баргардад. Аммо на ба он Афғонистоне, ки ин қадар солҳои талхи зиндагиро дар он таҷриба кардааст. Ӯ мегӯяд, сирф бо орзуи расидан ба як зиндагии беҳтар ба Тоҷикистон паноҳ овардааст.


Фиребо мегӯяд: «Ҳаво торик буд, ҳайрон мондам , ки чӣ кор мекарда бошам? Дар тайёра як зану марди тоҷик буд, ки аз Ҳиндустон меомаданд, мунтазири ҳамонҳо мондам, то бароям роҳи меҳмонхонаро нишон диҳанд. Он мард тарафам омад ва шуморо хонаи худ мебарам, гуфт. Дар ҳамин вақт се гурӯҳе аз мардон омада, яке гуфт, бо мо меравад, дигаре мегӯяд, бо мо… Ман ҳайрон мондам, ки кадом тараф равам? Билохира ба хулосае омада, бо ҳамон марди калонсол рафтам.»



Фиребо чор моҳ дар хонадони он марди тоҷик дар ноҳияи Бохтар зист, вале ҳисси ноамнӣ кард, чун чанд нафар аз хешовандони ин хонавода мехостанд, ӯро ба занӣ гиранд. Вай фирор кард ва муддате дар як оилаи дигар дар шаҳри Ваҳдат ба сар бурд. Бо машварати ин дӯстони наваш ӯ ба дафтари Созмони Милал дар Душанбе ва бахши ҳуқуқи кӯдаки Омбудсмен дар Тоҷикистон муроҷиат намуд. Бо мусоидати ин ниҳодҳо Фиребо акнун дар мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ ва таҳсил мекунад.




Мушаррафа Шарифова

Мушаррафа Шарифова

Сарвари ин мактаб Мушаррафа Шарифова мегӯяд, рӯзҳои аввале, ки Фиреборо ба ин ҷо оварданд, сахт ғамгин буд ва ҳамеша танҳоӣ меҷуст. Аммо тадриҷан вай бо ҳамагон унс гирифт ва ба як духтари шоду хушҳол табдил ёфт. Ба гуфтаи хонум Шарифова, Фиребо хеле хушзеҳн аст ва дар ду рӯз алифбои тоҷикиро аз худ карда, ба хондан ва навиштан пардохт: «Бисёр духтари боодоб аст. Ҳатто фикр кардам ,ки агар ӯ дар миёни духтарони мо бошад метавонад таъсири мусбат расонад.»

Худи Фиребо мегӯяд, мехоҳад, нағз хонад ва дар оянда пизишк шавад. Ин васияти модараш будааст. Аммо дар ҳаёти Фиребо лаҳзаҳое ҳам будааст, ки зистан намехост. Махсусан, вақте ки падараш аз тарафи силоҳдорон кушта шуд ва модараш баъд аз ин воқеа ба бистари беморӣ афтод: «Бинобар ин намехостам зиндагӣ кунам. Дар ҷараёни ин воқеаҳо қасди худкушӣ карда, марги муш ҳам хӯрдам. Аммо шифо ёфтам. То лаҳзаи ба ин ҷо омадан намехостам зиндагӣ кунам. Вале муносибати хуби муаллимону ҳамсабақонам бароям шавқ медиҳанд, то орзуи модарамро бароварда кунам.»

Фиребо мегӯяд, баъд аз он ки бародараш дар як таркиш ба ҳалокат расид, модараш дигар натавонист зиндагӣ кунад ва аз сактаи қалб даргузашт. Тарбияи Фиреборо баъди ин амакаш бар дӯш гирифт. Вале ӯ мегӯяд, дар манзили амакаш ҳамеша зери зарбу лат буд ва вақте ки Фиребо издивоҷ бо писарамаки маъюбашро рад кард, зани амакаш ӯро дар таҳхона бандӣ кард. Ба гуфтаи Фиребо, ҳарчанд ӯ дар Тоҷикистон ноболиғ шумурда мешавад, дар Афғонистон дар ин синн шавҳар кардану ҳатто ду ё се фарзанд доштан як амри маъмулист.

Қиссаи Фиребо ба андозае пурваҳшат аст, ки шубҳаи кормандони Созмони Милалро ба миён овардааст. Биноан, алҳол ба ӯ танҳо паноҳандагии муваққатӣ додаанд. Намояндагони сафорати Афғонистон дар Душанбе мегӯянд, шояд Фиребо барои дарёфти паноҳандагӣ чунин достони талхеро пеш овардааст. Кордори фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Бежан Салҷуқӣ гуфт, ҳарчанд дар Афғонистон ҳама гуна мушкилоти хонаводагӣ зиёд аст, аммо саргузашти Фиребо бояд ба таври дақиқтар омӯхта шавад: «Хушҳолам ,ки амнияти ин духтар таъмин шудааст ва нисбаташ эҳтиром гузошта шудааст.»


Намояндагии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ва ҳам кормандони бахши ҳуқуқи кӯдак дар дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон низ бар инанд, ки танҳо пас аз дақиқ шудани саргузашти Фиребо ба ӯ паноҳандагии доимӣ дода мешавад. Дар акси ҳол мумкин аст, вай бозпас ба Афғонистон фиристода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG