Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: Аз Тора-Бора тo дафтари Қатар


Баъд аз 10 солу 3 моҳи ҷанги Афғонистон Толибон аз нав ба мазҳари ом баргаштанд ва аз гуфтушунид паём доданд.

Ҷунбиши Толибон, ки то ҳол худро сарсахтона “Аморати исломии Афғонистон” ном мебарад, ҳамзамон бо ризоияташ ба таъсиси дафтар дар Қатар ба гуфтушунид ризоият дод, вале давлати Ҳомиди Карзайро нодида гирифт ва гуфт, cулҳи Афғонистон ду ҷониб дорад: Амрико ва Толибон.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Виктория Нуланд гуфт, Вошингтон аз таъсиси дафтари Толибон ҳимоят мекунад, ба шарте ки ин талошҳо ба хатми ҷанги Афғонистон сабаб гардад.

НА ШИКАСТ, НА ПИРӮЗӢ

Толибон дар авоили солҳои 90 ба раҳбарии Мулло Умар дар Покистон ташкил шуда, дар соли 1996 давлати Бурҳонуддини Раббониро аз Кобул ронд ва ба қудрат расид. Он дар Афғонистон қонунҳои шадиди шариатро ҷорӣ кард ва ба гурӯҳҳои ифротие, чун ал-Қоида паноҳгоҳ дод. Баъди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001, Умар аз супурдани муттаҳидаш Усома бин Лодин ба Амрико даст кашид ва амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон оғоз ёфт.

Дар поёни соли 2001 давлати Толибон суқут кард ва бо кӯмаки эътилоф Ҳомиди Карзай ба раёсати Афғонистон омад. Аммо бо вуҷуди 10 соли ҷанг, масрафи даҳҳо миллиард доллар ва кушта шудани ҳазорон нафар, доманаи муқовимати Толибон фурӯ нанишаст, балки дар солҳои охир аз пойгоҳҳои суннатии ин ҷунбиш дар ҷануб ва шарқ ба боқии Афғонистон густариш ёфт.

Ваҳиди Мужда
Ваҳиди Мужда
Таҳлилгари афғон Ваҳиди Мужда, ки дар давлати вақти Толибон низ кор кардааст, мегӯяд, Амрико билохира маҷбур шуд, орзуи сулҳ бо Толибонро кунад: “Агар нагӯем, ки шикаст хӯрданд, метавон гуфт, ки пирӯз ҳам нашуданд. Ҳоло ки мегӯянд, барои музокирот бо Толибон омода ҳастем, ва барояшон дафтар боз мекунанд дар Қатар, худ ба ин маъност, ки ба аҳдофи худ нарасиданд. Ва баъди 10 соли ҷанг амрикоиҳо ҳам шояд ба ҳамон таҷрубаи русҳо расиданд, ки бо ҷанг наметавон мушкили Афғонистонро ҳал кард.”

Таҳлилгари дигари афғон Аҳмад Саидӣ мегӯяд, наздик шудани соли 2014 – замони хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистони ҷангзада ва азми Барак Обама барои касби давраи дувуми раёсат дар интихоботи имсолаи Амрико Вошингтонро ба чунин таҷдиди ҷиддии назар дар сиёсаташ таҳрик додааст.

БА ВАГОНИ ОХИРИНИ ҚАТОРИ СУЛҲ ЧАСПИДАНИ КАРЗАЙ

Карзай аз оғоз ба тамосҳои мустақим бо Толибон майли зиёд нишон намедод ва пас аз террори Бурҳонуддини Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳ, ҳар навъ музокирот бо Толибонро қатъ кард. Вай гуфт, ки Кобул танҳо бо ҳомии ин гурӯҳ, яъне Покистон вориди гуфтугӯ хоҳад шуд. Дар оғози моҳи гузашта вақте хабари музокирот пиромуни таъсиси дафтари Толибон дар Қатар рӯ зад, Карзай сафирашро аз Доҳа фаро хонд. Аммо, зоҳиран, таҳти фишори муттаҳидини ғарбиаш, тағйир кард ва эълом дошт, ки “барои наҷоти кишвар аз вартаи ҷанг бо музокироти Амрикову Толибон, ки таъсиси дафтари Толибон дар Қатарро дар пай дорад, мувофиқ аст.”

Ба бовари Саидӣ, давлати Карзай ба маҳзи фасоди идорӣ ва нотавониаш дар таъмини амният
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон
эътиборашро дар дохил низ хеле аз даст дода ва ба ҷуз аз часпидан ба вагони охири қаторе, ки бо ӯ ва ё бидуни ӯ ҳам роҳӣ хоҳад шуд, чораи дигар надошт. Афғонистоншиноси тоҷик Қосимшоҳи Искандар ҳам мегӯяд: “Фикр мекунам, ин тасмим бо маслиҳати ёрони ғарбиаш буд, чунки Толибон ҳукумати Карзайро аслан эътироф намекунанд ва як дастнишондаи Амрико меноманд. Онҳо мухолифи худ фақат Амрикоро мебинанд ва бо Амрикову Ғарб мехоҳанд музокира кунанд, на бо давлати Карзай. Толибҳо ба тақсими қудрат ҳам розӣ нестанд, онҳо тамоми қудратро мехоҳанд.”

ДАВРИ ҶАНГСОЛОРОН ГУЗАШТААСТ...

Мухолифати фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ ба музокира бо толибҳо хусусан баъди қатли Раббонӣ хеле шадид шуда буд. Вале Латифи Пидром, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, ба ин музокираҳо худи Раббонӣ оғоз гузоштааст: “Худи устод пешгом буданд дар ин гуфтугӯҳо бо мухолифин. Фармондеҳони марбут ба устод Раббонӣ ҳанӯз як мавзеъи воҳид надоранд дар ин масъала. Вале гумон намекунам, ки мухолифатҳо дар ҳадде бошад, ки бар кулли ҷараён таъсири зиёде кунад. “

Аҳмад Саидӣ низ бурузи кадом мавҷи мухолифати шадиди фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ алайҳи музокирот бо Толибонро баъид медонад: “Фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ он қудратеро ки доштанд, дигар надоранд. Ин ки мардум боз ҳам аз пушти онҳо бархезанд ва ҷиҳод кунанд, хаёле хом аст.”

ҲАМСОЯГОН ҲАМ КАНОР ЗАДА ХОҲАНД ШУД?

Интихоби Қатар ба ҳайси нишонии дафтари Толибон, ба гуфтаи таҳлилгарон, як гоми ҳисобист, чунки Қатар аз Покистон, ки як ҳомии аслии мухолифони давлати Карзай шинохта мешавад, зиёд вобаста нест. Вале бархӯрди Покистон ба музокирот бо Толибон як омили муҳим дар роҳи расидан ё нарасидан ба сулҳи Афғонистон боқӣ мемонад. Ба гуфтаи як мақоми афғон, “бидуни ҳамкории Покистон, мо ба чизе ноил намешавем.”

Вокуниши Исломобод ба тамосҳои анҷомшуда бо Толибон то ҳол хеле кӯтоҳ ва эҳтиёткорона аст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Покистон Абдулбосит дар як паёми духӯра гуфтааст, ки Исломобод аз “раванди оштӣ ба раҳбарии афғонҳо ва марбут ба афғонҳо” ҳимоят мекунад. Бархе аз коршиносон бовар доранд, ки ин талошҳо бе Покистон анҷом нашудаанд, вале меафзоянд, Исломобод мумкин аст, бо таъсир ба Толибон дунболи манофеи худ равад.

АММО ЧӢ ХАБАРЕ БАРОИ ТОҶИКИСТОН?

Тоҷикистон тайи ҳамаи 5 соли ҳукумати Толибон муттаҳиди давлати Раббонӣ ва Эътилофи Шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, ки алайҳи
Бурҳонуддини Раббонӣ
Бурҳонуддини Раббонӣ
Толибон меҷангид, боқӣ монд, дар қаламраваш ба раҳбарони давлати Раббонӣ паноҳ дод, ҷангиёни Аҳмадшоҳ дар ҳамин ҷо табобат ва аз кӯфти ҷанг дам мегирифтанд ва гузашта аз ин, як масири аслии расондани кумакҳои низомӣ барои нирӯҳои зидди Толибон буд. Он баъди суқути Толибон бо нирӯҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ дошт ва як воҳиди нирӯҳои Фаронса 10 сол боз дар фурудгоҳи Душанбе мустақар аст.

Қосимшоҳи Искандар мегӯяд, аз ин назар, бозгашти Толибон ба саҳна барои Душанбе хабари хубе нест: “Бо омадани толибҳо идеолужии хушунату ҷангу ифротгароӣ ва террор низ ба марзҳои Тоҷикистон наздиктар хоҳад шуд. Ва ҳам мо медонем, ки дар Покистону Афғонистон нирӯҳои ифротгарои тоҷик низ ҳастанд ва бо толибҳо ҳамкорӣ доранд. Ин чизҳо ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд.”

АЗ МАСИРИ ҶАНГ БА САҲНАИ СИЁСӢ?

Матбуоти Ғарб мегӯяд, ки дафтари Қатар метавонад батадриҷ ба қаноти сиёсии Толибон табдил ёбад. Ба гунаи ҳизби Шинфейн, ки аз баданаи гурӯҳи ҷангҷӯи Артиши ҷумҳурии Ирландия берун омад ва музокироти баъдӣ бо давлати Бритониёро аз номи ҷудоиталабони ирландӣ пеш бурд. Аммо суол ин аст, ки раҳнавардони ҳамешагии масири ҷангу ҷиҳод то куҷо ба фаъолиятҳои сирф сиёсӣ омодаанд?

Энтонӣ Кордсман, таҳлилгари Маркази мутолиоти стротеживу байналмилалӣ дар Вошингтон мегӯяд, “Ҳоло, ки Амрико хуруҷаш дар соли 2014-ро эълом кардааст, Толибон интизорӣ то хуруҷи Амрикоро авло медонанд ва алоқаи чандоне ба музокирот надорад. Толибон мебинад, ки вазъи Покистон бад ва таҳдид ба паноҳгоҳҳояш дар он ҷо торафт камтару камтар мешавад.”

ҲИКМАТЁРУ ҲАҚҚОНӢ КУҶО ШУДАНД?

Суоли дигар дар зеҳни маҳофил ин аст, ки оё Толибон то куҷо омода аст, худро аз ҳампаймонҳои мутааддиди тундраваш, чун ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳҳои дигаре, ки дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебаранд, ҷудо кунад? Ва гурӯҳҳои дигари чирикие, чун ҳизби исломии Ҳикматёр ё шабакаи Ҷалолуддини Ҳаққонӣ ва ё ҳамон ал-Қоидаву ҷангиёни тоҷику узбак дар сурати аз ин раванди сулҳ берун мондан, чӣ роҳеро пеш хоҳанд гирифт? Зимнан, бино ба хабарҳо, як ҳайат ба намояндагӣ аз Ҳикматёр низ ҳафтае пеш бо Карзай ва дипломатҳои хориҷӣ дар Кобул роҳҳои пайвастани ин муттаҳиди Толибон ба раванди сулҳро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG