Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои вижаи Афғонистон дар ҷустуҷӯи як узви Ал-Қоида, ба бемористони созмони "Табибони бидуни марз" дар вилояти Кундуз ҳамла бурдаанд. Ин бемористон ҳоло ба таври муваққатӣ баста шудааст.

Нерӯҳои вижаи Афғонистон барои боздошти як узви шабакаи Ал-Қоида, ба бемористоне дар вилояти Қундуз, ки аз сӯи гурӯҳи "Табибони бидуни марз" идора мешуд, юриш бурдаанд. Абдуллоҳ, як фармондеҳи баладпояи нерӯҳои вижаи Афғонистон дар вилояти Қундуз ин матлабро дар сӯҳбат ба хабаргузории Ройтерз, баён кардааст.

То ба ҳол маълум нест, ки дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе ба ин беморхона, шахси мавриди ҷустуҷӯ боздошт шудааст ё на. Генерал Давлат Вазирӣ, муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳамла ба бемористони созмони "Табибони бидуни марз" дар Кундуз бехабарӣ кард.

Ҳамла ба бемористонҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хеле кам иттифоқ меафтад ва бинобар қонунҳои байналмилалӣ, бемористонҳо аз масуният бархӯрдор мебошанд. Вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон моҳҳост, ки ба хатти аввали ҷабҳаи ҷанги хунин миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон мубаддал шуда ва ҷангиёни Толибон як ноҳияро дар ин вилоят то ҳанӯз дар ихтиёр доранд.

Созмони "Табибони бидуни марз" ҳам гуфтааст, пас аз он, ки нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон вориди бемористон шудаанд, бо кормандони он ба таври хушунатомез рафтор кардаанд. Гуфта мешавад, ки пас аз ин ҳамла, фаъолияти бемористон ба таври муваққатӣ қатъ шудааст. Гурӯҳи "Табибони бидуни марз" дар як эъломия ин ҳамларо беэҳтиромӣ ба маъмурияти ин гурӯҳ хондааст, ки тибқи қавонони байналмилалии башардӯстона, кӯмакҳои тиббӣ ироа мекунад.

Як корманди ин гурӯҳи кӯмакрасон, ки нахостааст номаш ифшо шавад, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки табибони хориҷӣ талош карданд, ки монеи ворид шудани нерӯҳои вижаи афғон шаванд, аммо онҳо вориди бемористон шуда ва ба ҷустуҷӯ пардохтанд.

Cозмони "Табибони бидуни марз" пас аз панҷ соли таваққуф дар фаъолияти худ, соли 2009 ба Афғонистон баргашт. Ин гурӯҳ соли 2004 ба дунболи кушта шудани панҷ кормандаш, ин кишварро тарк карда буд. Беморхонаҳои ин гурӯҳи кӯмакрасон, бидуни дарназардошти ин, ки кадом ҷонибро кӯмак мекунад ва шахси бемор чигуна захмӣ шудааст, қурбониёни ҷангро муолиҷа мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG