Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

180 сарбози афғон дар Бадахшон ба Толибон таслим шудаанд


Мақомоти афғон мегӯянд, 180 сарбози ин кишвар баъд аз чаҳор рӯзи дар муҳосира монданашон ба гурӯҳи Толибон таслим шудаанд. То кунун дар бораи сарнавишти онҳо маълумот дар даст нест.

Абдуллоҳ Ноҷӣ, раиси Шӯрои вилоятии Бадахшони Афғонистон, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар минтақаи Тиргарони вулусволии Вардуҷ 180 сарбози афғон бо тамоми таҷҳизоташон ба Толибон таслим шудаанд. Дар ин минтақа қароргоҳи бузурги нерӯҳои афғон вуҷуд дошт ва онҳо тайи чаҳор рӯзи охир дар ҳолати муҳосира буданд.

Оқои Ноҷӣ мегӯяд, ин гурӯҳи сарбозон дар пайи нарасидани ёрии зарурӣ аз марказ барои муқобила бо Толибон ва раҳоӣ аз муҳосира, бо миёнравии мардум ба мухолифони мусаллаҳ таслим шудаанд.

Раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон дар идома аз сарнавишти сарбозони асируфтодаи афғон ибрози нигаронӣ кард. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, сарбозони афғон ба Толибоне таслим шудаанд, ки дар миёнашон шӯришиёни хориҷӣ бештар аст ва ба қавли Ноҷӣ, "шӯришиёни хориҷӣ даст ба ҳар гуна даҳшат ва ваҳшат мезананд".

Чанд моҳ пеш шуморе аз сарбозони Афғонистон аз сӯи мухолифони мусаллаҳи ҳукумати он кишвар дар вулусволии Ҷурми Бадахшон асир гирифта шуда ва сипас сар бурида шуданд. Раиси Шӯрои вилоятии Бадахшон мегӯяд, ки ҳамакнун чаҳор ноҳияи ин вилоят, ба шумули Баҳорак, Ҷурм, Шуҳадо ва Вардуҷ бо таҳдиди баланди амниятӣ рӯбарӯянд ва агар зуд ба онҳо таваҷҷӯҳ нашавад, эҳтимол дорад, ки шуморе аз онҳо аз таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ хориҷ бишавад.

Дар ҳамин ҳол, генерал Абдулрашид Дустум -- муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур -- волии вилояти Балх ​ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ -- муовини раиси иҷроияи Афғонистон ​ба хотири поксозии шимоли кишвар эътилоф таъсис кардаанд. Ин фармондеҳону сиёсатмадорони зодаи шимоли Афғонистон мехоҳанд, ки минтақаро аз ситезаҷӯён пок кунанд.

Генерал Дустум охири ҳафтаи гузашта ба гурӯҳҳои мустақар дар вилоятҳои шимолӣ як ҳафта вақт дод, то ки таслим шаванд ва ба раванди сулҳ дар Афғонистон пайванданд. Генерали узбак ҳамчунин гуфтааст, омода аст ба ҷабҳа равад ва амалиёт алайҳи ситезаҷӯёнро раҳбарӣ кунад.

Дар Тоҷикистон ҳам аз чунин вазъ дар минтақаи шимоли Афғонистон, ки ба марзи кишвар наздиктар аст, нигаронанд. Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки 18 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, "моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамммарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд."

Вале Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳри Уфа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амнияти марзи муштарак миёни ду кишварро матраҳ намуда ва хостори ҳамкории муштарак дар ин замина шудааст. Ӯ гуфтааст, нерӯҳои амниятии афғон омодагӣ ва тавони мубориза бо ҷангиёнеро, ки гуфта мешавад дар вилоятҳои шимолии Афғонистон гирд омадаанд, доранд.

XS
SM
MD
LG