Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Мо ба сабаби ҷанг ватанро тарк кардем" ВИДЕО


Алӣ Муртазо, ронандаи 26-солаи таксӣ дар шаҳри Пешовари Покистон, бисёр вақт дар ҷустуҷӯи муштарист ва тамоми ин вақт дар телефони мобилии ӯ оҳангҳои афғонӣ садо медиҳанд. Муртазо мегӯяд, сарфи назар аз он ки ӯ забони дариро намефаҳмад, таронаҳои афғонӣ дилашро рабудаанд.

Тибқи омори СММ дар моҳи август бо ёрии муассисаҳои бйналмилалӣ ба ваҷҳи умум аз Покистон, беш аз 60 ҳазор паноҳандаи афғон ба ватан баргаштанд.

"Ман ҳамаи оҳангҳои беҳтарини афғониро ҷамъ кардаам ва рӯзи дароз онро гӯш мекунам. Хоҳ мусофир дар дохил бошад, хоҳ не, хоҳ дар ҳаракат ҳастам ва ё таваққуфгоҳ, оҳангҳо бидуни ист садо медиҳанд", - мегӯяд ӯ.

Бар пояи омори идораи умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар давоми 40 соли ҷанги Афғонистон наздики якуним миллион афғон дар Покистон ба ҳайси паноҳанда номнавис шудаанд. Бар илова, тахминан як миллион афғони дигар дар Покистон бидуни сабти ном иқомат доранд. Дар ин давра садҳо овозхону ҳунарманди афғон ҳам ба Покистон кӯчида, бо оҳангҳои дилнишинашон соҳиби шӯҳрат шудаанд. Ҳоло чорабиниҳои зиёде ва ҳатто тӯйҳои арӯсӣ дар Пешовар ва гирду атрофаш зери садои оҳангҳову таронаҳои афғонӣ мегузаранд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҳукуматҳое, ки баъди ишғоли Шӯравӣ дар Афғонистон сари қудрат омада буданд, ҳунармандону овозхонҳоро азият медоданд. Онҳо консерту намоишҳоро манъ намуда, шуморе аз ҳунармандонро боздошт ва асбоби ҳунарии онҳоро тахриб мекарданд. Ин буд, ки ҳунармандон ба Покистон фирор карданд. Аммо аз соли гузашта Исломобод барномаи бозгардони паноҳагони афғониро эълон намуда, ҳадаф дорад, ки то моҳи декабри соли равон ҳамаи онҳоро ба ватанашон фиристад.

Ҳунарманди 40-солаи афғон Зобитхон намехоҳад ба Афғонистон равад. Ӯ гуфт, “маро баъди таваллуд ба ин ҷо овардаанд. Мо аз сабаби ҷанг ватанро тарк кардем. Ҳозир шароитамон беҳтар шудааст. Фарзандонам мактаб мехонанд. Аммо ҳукумати Покистон намехоҳад мо дар инҷо бошем.”

Зобитхон

Зобитхон

Мисли ӯ ҳазорҳо паноҳандаи дигар бо ишора ба нооромиҳо ва адами шароити муносиби зист дар Афғонистон намехоҳанд ба ин зудиҳо ба ватанашон баргарданд.

Таблакнавози афғон Гул Лавангин мегӯяд, дар се моҳи ахир камаш 15 овозхон ва гурӯҳи ҳунарии афғон аз Пешовар ба Афғонистон баргаштаанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳандозии рӯзгор барои ҳунармандон осон нахоҳад буд, вале ӯ моликияташро фурӯхта, дар интизори рӯзи бозгашт аст. СММ барои онҳое, ки довталабона ба Афғонистон бармегарданд, 400 доллар кумакпулӣ дода, то як муддате ҳифзи тандурустии онҳоро бар дӯш хоҳад гирифт.

Ҳамид Шайдоӣ

Ҳамид Шайдоӣ

Сарояндаи афғон Ҳамид Шайдоӣ як сол пеш ба Афғонистон баргаштааст, вале ӯро зиёд ба Пешовар даъват мекунанд, то дар тӯю сур ҳунарнамоӣ кунад. Шайдоӣ асноде таҳия кардаву бидуни мушкил миёни ду кишвар равуо мекунад. Дар як тӯйи арӯсӣ дар Пешовар ӯ гуфт, афғонҳо Покистонро дӯст медоранд ва умед доранд, ки ба онҳо имкони рафтуомади бидуни маҳдудият фароҳам оварда мешавад.

Тибқи омори СММ дар моҳи август бо ёрии муассисаҳои бйналмилалӣ ба ваҷҳи умум аз Покистон, беш аз 60 ҳазор паноҳандаи афғон ба ватан баргаштанд ва эҳтимол то охири соли равон шумораи онҳо то 220 ҳазор нафар расад.

XS
SM
MD
LG