Пайвандҳои дастрасӣ

Валӣ: "Соли нави мардуми Тоҷикистон муборак!" (3 ВИДЕО)


Валии Эъҷозӣ

Валии Эъҷозӣ

Шаби Наврӯз – 21 март дар шаҳри Ванкувери Канада консерти муштараки овозхони маъруфи афғон Валии Эъҷозӣ ва ситораи попи тоҷик Шабнами Сурайё баргузор мешавад.

Шаби Наврӯз – 21 март дар шаҳри Ванкувери Канада консерти муштараки овозхони маъруфи афғон Валии Эъҷозӣ ва ситораи попи тоҷик Шабнами Сурайё баргузор мешавад. Зимнан, овозхони тоҷик ҳанӯз ҳафтае пеш вориди Канада шуд ва рӯзи 20 март қарор аст бо овозхони дигар афғон Ориёно Саид дар шаҳри Торонтои Канада ҳунарнамоӣ кунад.

Қабл аз сафар ба Канада, Валии Эъҷозиро дар манзилаш дар Олмон пайдо кардем.

Озодӣ: Салом Валӣ, Наврӯзи шумо муборак шавад.

Валии Эъҷозӣ: "Салом арз мекунам ба тамоми шунавандагони Радиои Озодӣ ва мардуми зебои Тоҷикистон. Соли навро ба ҳамагӣ табрик мегӯям, умедвори хушу хуррамии ҳамаи Шумо ҳастам. Консерте дорем дар шаҳри зебои Ванкувер."

Озодӣ: Кадом оҳангҳоятонро мехоҳед ба ҳаводорон тақдим кунед?

Валии Эъҷозӣ: "Якуним соат барномаи ман аст ва дар ин муддат тамоми вақт оҳанг иҷро хоҳем кард. Ман бештар оҳангҳои нави худро мехонам ва маҳбубтарин таронаҳои гузаштаро низ иҷро хоҳам кард. Ман аз самими қалб Соли нави мардуми азизи Тоҷикистонро табрик мегӯям."

Валии Эъҷозии 29-сола зодаи Ҳирот, фарзанди муҳоҷири афғоне, ки дар Эрон зиндагӣ карда баъдан ба Ҳамбурги Олмон кӯч бастааст, аз овозхонҳои сафи пеши ҳунари попи Афғонистон мебошад. Карйераи овозхониашро дар соли 2007 шурӯъ карда, пайваста бо консертҳои ҳунариаш дар Амрико, Бритониёи Кабир, Дания, Австралия ва кишварҳои дигар дар миёни форсизабонҳо ҳунарнамоӣ мекунад.

Маъруфтарин оҳангҳояш – “Амон, амон”, “Каҷакӣ” (бозхонди таронаи Аҳмад Зоҳир), “Биё ту, ду дастат ба гесӯ”, “Духтари ҳамсоя бало” ва дигарҳо мебошанд. Танҳо дар як соли пахшаш дар шабакаи иҷтимоии You-Tube оҳанги “Амон, амон”-ро беш аз 4 миллион тамошобин дидааст.

Консерти овозхонҳои тоҷик дар Наврӯзи берун аз ватан

Имсол шумори ҳунармандони тоҷике, ки дар берун аз Тоҷикистон Наврӯзро ҳамроҳ бо ҳаводоронашон таҷлил мекунанд, бештар шуд.

Ҷонибеки Мурод

Ҷонибеки Мурод

Наврӯзи Ҷонибеки Мурод дар Лондон мегузарад. Дар як сӯҳбати пеш аз сафараш ба Бритониё ин овозхон ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст дар 2 консерт иштирок кунад. Консерти аввалин дар меҳмонхонаи панҷситорадори Conrad St James бо ташаббуси созмони хайрияти Tajikinvest Charitable Trust ва сафорати Тоҷикистон дар Лондон баргузор мешавад. Ин дуюмин мавриди иштироки Ҷонибеки Мурод дар консерти хайрияи ин созмон мебошад. Ин навбат маблағҳои аз консерт ҷамъоваришуда ба кумак дар таҳсили як сокини 16-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Худойбердӣ Кокелов равона мешавад. Ин ҷавон қарор аст дар мактаби байналмилалии ISAK-и Ҷопон таҳсил кунад.

Консерти Меҳрнигори Рустам дар Олмон рӯзҳои 22 ва 24 март дар шаҳрҳои Берлину Ҳамбург баргузор мешаванд. Меҳрнигор мегӯяд, бо даъвати сафорати Тоҷикистон барои ширкат дар Наврӯзи тоҷикону форсизабонон ба Олмон сафар мекунад.

Меҳрнигори Рустам

Меҳрнигори Рустам

“Ман чунон барномаву консерту сабти клипи зиёд дорам, ки вақт надорам, ба худ бирасам”, - гуфт Меҳрнигор дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар остонаи сафараш. Ба гуфтаи ӯ, аз Наврӯз то Наврӯзи имсол барномаи рангини ҳунарие доштааст. Ӯ имсол барандаи ҷоизаи мусиқии “Тамошоу-awards” шуд ва 14 таронаи нав эҷод кард. Охирин клипи таронааш “Куҷоӣ?” бо оҳанги худаш эҷод шуда, дар студияҳои мусиқии Тошканд сабту таҳия шудаанд. Моҳи апрел қарор аст клипи наваш ба бозор арза шавад.

Наврӯзи соли 2015-ро овозхонҳои дигари маъруф ҳам дар берун аз Тоҷикистон таҷлил мекунанд: Нобовар ва гурӯҳи “Шамс” ҳамроҳ бо рэпсаро Мастер Исмайл дар Наврӯзи тоҷикони шаҳри Маскав, Таҳмина Ниёзова дар Қазон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Овозхонҳои маъруфи дигар, ба мисли Нигина Амонқулова, Дамирбек Олимов, Валиҷон Азизов базморои Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG