Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи нахустини Шафақ Сияҳпӯш дар бораи Тоҷикистон


Шафақ Сияҳпӯш, овозхони афғон
Шафақ Сияҳпӯш, овозхони афғон

Шафақ Сияҳпӯш, овозхони тоҷиктабори Афғонистон мегӯяд, ки вазъи хуби ҳамватанонаш дар Тоҷикистон ӯро водор кардааст, то дар бораи ин ҷузъи Хуросони Бузург тарона иҷро бикунад.

Шафақ Сияҳпӯш - овозхони тоҷиктабори Афғонистон барои аввалин бор як таронаи худро ба Тоҷикистон бахшидааст. Ӯ мегӯяд, ин сурудро, ки матнаш аз Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе аст, баъди ошноӣ бо вазъи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон иҷро кардаст.

Шафақ Сияҳпӯш рӯзи 25 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “дар пушти манзили мо як мактаб аст. Субҳ дидам, ки фарзандони паноҳандагону муҳоҷирони афғон барои таҳсил ба мактабҳои тоҷикӣ мераванд. Аз ин вазъ хушҳол шудам. Хостам, ки бо иҷрои ин тарона сипоси худу ҳамдиёронро ба тоҷикон бирасонам.”

Ин овозхони тоҷиктабори Афғонистон мегӯяд, Тоҷикистон низ ҷузъе аз Хуросони Бузург буд ва ҳоло танҳо марзҳои ба қавли ӯ таҳмилшуда сокинони дорои як фарҳангу таърихи тоҷику афғонро аз ҳам ҷудо кардаанд. Бо ин вуҷуд, ба қавли Шафақ Сияҳпӯш, “гунҷишкҳои фарҳангии ду кишвар дар парвозанд ва онҳо ҳеч марзу бумро намешиносанд”.

Наврӯзи Нурзод.
Наврӯзи Нурзод.

Таронаи “Тоҷикистон”-и Шафақ Сияҳпӯш бо ҳамовозии Наврӯзи Нурзод - овозхони ҷавони тоҷик сабт шудааст. Ин овозхони афғон мегӯяд, барои таҳияи оҳанги тарона заҳмати зиёд кашидааст. “Ман дар Теҳрон иҷрои мусиқии суннатӣ ё миллиро аз худ кардаам. Бо таваҷҷӯҳ ба маҳбубияти жанри поп дар Тоҷикистон барои пайдо кардани ҳаводорони зиёди тарона, оҳангро аввал дар жанри рок дуруст карда, баъдан бо жанри поп омехта намудем,” – афзуд Шафақ Сияҳпӯш.

Шафақ Сиёҳпӯш, фориғуттаҳсили бахши синамои донишгоҳи Теҳрон, дар Афғонистон бо иҷрои таронаҳои ватандӯстона ва сурудҳои эътирозӣ маъруф аст. Соли гузашта таронаи ӯ бо номи “Рустам ва Масъуд” сабт шуд, ки дар клипаш порчаҳо аз филми тоҷикии “Рустам ва Сӯҳроб” низ истифода шудааст.

Таронаи нахустини Шафақ Сияҳпӯш дар бораи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

XS
SM
MD
LG