Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бо 8 миллион ҷамъият беш аз ҷаҳор ҳазор паноҳандагонро дар қаламраваш ҷой додааст, ки ағлабӣ эшон шаҳрвандони Афғонистонанд.

Дар Тоҷикистоне, ки 8 миллион ҷамъият дорад беш аз ҷаҳор ҳазор паноҳандагон ва он ҳам аксаран шаҳрвандони Афғонистон зиндагӣ мекунанд.

Асадуллоҳ Ваҳоҷ, роҳбари кумитаи паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон мегӯяд, гурезаҳо аз Афғонистон дар худи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав ва вилоятҳои Суғду Хатлон сукунат доранд. Ба гуфтаи ӯ, мушкили умдаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон ин набуди ҷои кор аст.

Вай афзуд: «Муҳоҷирон ба мушкилоти иқтисодӣ мувоҷеҳ ҳастанд, бинобар набуди ҷойи кор. Аммо мо худ медонем, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандони худаш ҳам ҷои кор надоранд ва бештар аз миллион нафар барои пайдо кардани ҷойи кор ба Русия мераванд. Аммо афғонҳо бадбахтона, аз ҳаққи сафари бидуни виза ба Русия маҳрум ҳастанд ва аз ин рӯ аҳволи зиндагии бисёриҳо хеле ваҳим боқӣ мемонад.»

Ҷаноби Ваҳоҷ мегӯяд, паноҳандагони афғон бо корте, ки аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дарёфт мекунанд, ҳаққи кор кардан дар кишварро доранд, вале дар бисёре аз мавридҳо онҳо ё кор пайдо намекунанд ва агар ёбанд ҳам музде мегиранд, ки барои иҷораи хона ва таъмини аҳли байташон кифоят намекунад. Аммо бо ин вазъ ба гуфтаи оқои Ваҳоҷ, дар Тоҷикистон паноҳандагоне низ ба сар мебаранд, ки беш аз бист сол дар ин ҷо зиндагӣ доранд, вале шаҳрвандӣ дарёфт накардаанд ва ояндаи зиндагиашон норӯшан боқӣ мондааст.

Азиза Каримдод як зани паноҳанда аз шаҳри Кобул, ки ҳамроҳи шавҳараш ва се фарзандаш як сол аст ба Тоҷикистон ҳиҷрат кардааст, мегӯяд, дар дарёфти хонаи иҷора дар ин ҷо дучори мушкил шудааст, чунки мардуми маҳаллӣ ба афғонтаборон манзилашонро ба иҷора намедиҳанд: «Барои мо ҳеҷ кас кор намедиҳад. Мардум мегӯянд, шумо ҷои кори моро нагиред, чунки мо худамон ҷои кор надорем. Фарзандонамон дар бозорҳо ба аробакашӣ машғуланд, аммо фаразан дар як рӯз 10 сомонӣ пул кор кунанд, аз ин ҳудуди панҷ сомонашро пулис мегирад.»
Хонуми Каримдод, мегӯяд бархӯрди пулис бо писар ва шавҳари ӯ ва инчунин мардони афғон, ки паноҳанда ҳастанд, чандон хуб нест. Ба таъкиди ӯ, пулис наздикони онҳоро сари ҳар қадам бидуни далел боздошт мекунанд ва дар бисёре аз мавридҳо бо вуҷуди дуруст будани ҳуҷҷатҳояшон, аз онҳо тамаъҷӯӣ мекунанд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо аҳли оилааш интизори анҷоми натоиҷи интихоботи президентии Афғонистон аст ва бо каме муътадил шудани вазъ дар ин кишвар ба ватан бар хоҳад гашт.

Дар ҳамин ҳол, Кевин Ален, роҳбари Оҷонсии СММ доир ба паноҳандагон дар Тоҷикистон мегӯяд, паноҳандагон дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои минтақа хеле камтаранд, вале мушкили онҳо бузургтар аст: «Дар Покистон беш аз 6 миллион ва дар Эрон беш аз 850 ҳазор паноҳандаи афғон ба сар мебарад. Дар Тоҷикистон ҳоло чор ҳазор паноҳанда зиндагӣ мекунанд, ки бахши аъзамашон аз Афғонистонанд. Аммо бисёре аз онҳо хоҳиши баргаштан ба ватанро надоранд.»

Ҷаноби Ален афзуд, ки Оҷонсии СММ доир ба паноҳандагон дар Тоҷикистон ба афроде, ки сахт мӯҳтоҷи кӯмаканд ёрии яквақтаи 237 сомонӣ мерасонанд. Инчунин ба гуфтаи Ален паноҳандагон дар заминаи созмонҳои ғайридавлатӣ имкони таҳсили ройгони хатти кирилӣ, забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзиро доранд.

Аммо ба сурати умум на ниҳодҳои Тоҷикистон ва на худи паноҳандагони афғон зиёд дар пайи ҳамгироии дувумиҳо ба ҷомеа нестанд, зеро муҳоҷирону паноҳҷӯён бештар ба фикри инанд, ки аз Тоҷикистон танҳо ҳамчун масире барои ҳиҷрат ба Аврупо ва Амрико истифода намоянд.

Бунгоҳи Созмони Милал дар умури паноҳандагон рӯзи 20-уми июн гуфт, шумораи фирориён, паноҳҷӯён ва мардуми беҷошуда дар ҷаҳон бори аввал аз давраи баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба ин сӯ аз 50 миллион нафар гузаштааст. Гузориши нави ин ниҳод, ки дар Рӯзи Ҷаҳонии Паноҳанда нашр шуд бар пояи қиёс ва ҷамъбандии маълумоти ҳукуматҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ омода шуда, бино бар он шумораи паноҳҷӯён то поёни соли 2013 ба 51,2 миллион нафар расидааст.

Бо "ангушт гузоштан" рӯйи ҳар минтақа метавон дид, ки чӣ шуморе аз паноҳандагон ин ҷоянд ва аз куҷо омадаанд.
XS
SM
MD
LG