Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳимӣ дар Душанбе раҳоии зиндониёни афғонро баҳс мекунад


Масъали раҳоӣ ва истирдоди зиндониёни афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо мақомоти марбутаи тоҷик хоҳад буд.

Масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе мегӯянд, раиси Шӯрои миллии Афғонистон Абдурауф Иброҳимӣ дар сафари қарибулвуқӯи худ ба Душанбе, масъалаи раҳоӣ ва истирдоди маҳбусини афғон аз зиндонҳои Тоҷикистонро бо мақомоти зидахли тоҷик баррасӣ мекунад.

Муҳаммаддовуди Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон рӯзи 2 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи чоршанбе дар доираи як сафари расмӣ Раиси Шӯрои миллии Афғонистон Абдурауф Иброҳимӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад ва яке аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи ӯ, масъалаи озодӣ ва раҳоии зиндониёни афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон мебошад.

Ба қавли ҷаноби Иброҳимхел, феълан дар маҳбасҳои Тоҷикистон наздики 100 нафар маҳбусҳои афғон ба сар мебаранд, ки дар афви ахири ҳукумати Тоҷикистон 5 нафари онҳо раҳо шудааст.

Раиси Шӯрои миллии Афғонистон Абдурауф Иброҳимӣ дар доираи сафари худ дар назар аст бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вазири адлия Рустам Менгалиев ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мулоқот намояд.

Ҷаноби Иброҳимхел афзуд, ки вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати адлияи Тоҷикистон, ки Раёсати муасисаҳои ислоҳӣ ниҳоди зертобеи он аст, дар ҷараёни масъалаи раҳоии маҳбусони афғон ҳастанд.

Сафорати Афғонистон мегӯяд, ки аз соли 2012 ба ин тараф мақомоти Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба раҳоии зиндониёни ҳарду кишвар музокира доранд. Ба гуфтаи вай, ҷониби Афғонистон маҳбусони тоҷикро аз зиндониҳои худ раҳо кардааст, вале ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин таааҳҳудро ба иҷро нарасонидааст.

Се сол қабл теъдоди маҳбусони афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 70 нафар будааст, вале феълан наздики 100 нафар шаҳрвандони Афғонистон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Бештари маҳбусони афғони зиндонҳои Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддари ва марзшиканӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG