Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои бачабозии фармондеҳи афғон давомдор шуд


Ин писарбачаҳо дар Афғонистон қурбони озори ҷинсӣ шудаанд

Ин писарбачаҳо дар Афғонистон қурбони озори ҷинсӣ шудаанд

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳодисаҳои озори ҷинсии атфолро маҳкум ва мақомоти интизомии кишварро даъват кард, ки ҷиддан пеши роҳи ин ҷиноятҳоро бигиранд.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон Аҳмадғанӣ Аҳмадзай бо пахши изҳороте рӯзи 23 август падидаи озори ҷинсии атфолро дар ин кишвар ҳамчун “яке аз ҷиноятҳои сангини мухолиф бо ҳуқуқи инсон” маҳкум кард. Президент дар муроҷиат ба Вазорати дифоъ ва нирӯҳои амниятии кишвар тақозо кард, ки пеши роҳи ингуна ҷиноятҳоро аз роҳи “тадбирҳои ибратомӯз, ислоҳпазир ва муҷозоткунанда” бигиранд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузоришҳои нашршуда дар бораи озори ҷинсии кӯдаконро дар ин кишвар ба инобат гирифта, тадбирҳои ҷиддиро дар амри таъмини риояи қонун ва ҷилавгирӣ аз ин амалҳои ситамгарона, ғайриинсонӣ ва ғайримазҳабӣ рӯи даст мегирад.

Инчунин дар муроҷиат ба Комиссиюни мустақили ҳукуқи башари Афғонистон, Вазорати умури дохила ва Додситонии кулии кишвар тақозо шудааст, ки як кумитаи вижаи бозрасӣ ва назорати ингуна ҷиноятҳоро таъсис бидиҳанд. Аз ин ниҳод тақозо шудааст, ки механизмҳои ҷилавгирӣ ва муҷозоти афроди гумонбар дар озори ҷинсиро созмон диҳанд. Президент гуфт, ҳукумати Афғонистон ӯҳдадор аст, ки амният ва ҳуқуқи ҳама аъзои ҷомеа, бахусус кӯдакон ва занонро таъмин кунад, аз ин хотир, содир шудани чунин ҷиноятҳо дар миёни низомиён ғайри қобили таҳаммул аст.

Изҳороти президенти Афғонистон чанд рӯз баъди он нашр шуд, ки нашрияи амрикоии “New York Times” падидаи "бачабозӣ" дар Афғонистонро мавриди интиқод қарор дода, бархӯрди мақомоти низомии Пентагон ба ин масъаларо дар намунаи як моҷарои се соли пеш ба чолиш кашондааст.

Ин нашрия навишт, талоши пешгирии ду низомии Амрико аз бачабозии як фармондеҳи афғон сабаби муҷозоти онҳо аз сӯи Пентагон шудааст. Гузоришҳо дар бораи муҷозот шудани ду низомии амрикоӣ барои пешгирӣ аз бачабозии як фармондеҳи афғон мавҷи маҳкумиятро ба бор овард, вале Кохи Сафед ва Пентагон ҷиҳати бозбинии сиёсати кунунӣ дар ин маврид кадом ваъдае ҳанӯз надодаанд.

Кохи Сафед рӯзи 21 сентябр гуфт, аз гузориши “New York Times” пиромуни муҷозоти ду афсари низомии Амрико, ки мехостанд аз бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба як кӯдаки ҷавон ҷилавгирӣ кунанд, “изҳори нигаронии амиқ” мекунад. Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, “ин шакли истисмори ҷинсӣ қонунҳои Афғонистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Афғонистонро поймол мекунад.” Вале Кохи Сафед ва Пентагон – вазорати дифои Амрико - рӯи даст гирифтани кадом иқдоме ҷиҳати тағйири сиёсати адами дахолати артиш дар чунин масоилро рад кардаанд. Ин масъулияти муҷозоти чунин афроди гумонбар ба бадрафтории ҷинсиро ба ҳукумати Афғонистон вогузор мекунад. Аммо дар бисёри мавридҳо дар ин кишвар барои бачабозӣ касе муҷозот намешавад.

Бино ба гузоришҳо, афсари собиқи нирӯҳои вижаи артиши Амрико капитан Ден Куинн як фармондеҳи малишаҳои афғонро барои ҳамчун ғуломи шаҳвонӣ нигоҳ доштани як бача латукӯб кардааст, вале дар ниҳоят худи ӯро барканор ва аз Афғонистон берун кардаанд.

Куинн гуфт, фрамондеҳони низомии Амрико нирӯҳои амрикоиро дастур медиҳанд, ки бачабозии муттаҳидони афғонашонро нодида бигиранд. Онҳо ин масъаларо, ба гуфтаи Куинн, марбут ба “фарҳанг”-и ин мардум мешуморанд ва далел меоранд, ки “мо намехоҳем ба ҳукумати маҳаллӣ осеб бирасонем.”

Артиши Амрико ҳамчунин ҷиҳати аз 1 ноябр ба истеъфо фиристодани сержанти дараҷаи аввал Чарлз Мартленд иқдом кардааст. Гумон меравад, ки Мартленд низ ба иллати ҳамроҳиаш ба Куинн дар латтукӯби фармондеҳи афғон муҷозот мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико Дункан Ҳантер, ки талош дорад ба хотири ҳифзи карйераи Мартленд бо Пентагон музокира кунад, гуфт, “артиш исрор меварзад, ки Мартленд ва дигарон бояд ба тарафи дигар нигоҳ мекарданд.” Ҳантер аз вазири дифои Амрико Эш Картер хостааст, то ин парвандаро бозбинӣ кунад.

Дар ҳоле ки “мубориза бо истисмори кӯдакон барои ҳукумати Амрико дар авлавият қарор дорад”, Ҷош Эрнест – сухангӯи Кохи Сафед гуфт, маъмурияти Амрико ба ин назар аст, ки ин ба Пентагон бастагӣ дорад, ки дар мавриди чунин парвандаҳо чӣ тасмим мегирад. Чунки, ба гуфтаи Эрнест, “қоидаҳои рафтор ва шаклу роҳҳои муносибат байни низомиҳои Амрикову Афғонистонро онҳо муайян мекунанд.”

“New York Times” менависад, фармондеҳи гумонбар ба бачабозӣ Абдулраҳмон ном дошта, ду сол пеш дар як шабехуни Толибон кушта шудааст. Бародари ӯ ба ин нашрияи амрикоӣ гуфтааст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ он бачаро таҷовуз накарда буд, балки қурбони тӯҳмати бардурӯғи душманонаш шуд.

“New York Times” аз сухангӯи фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Афғонистон сарҳанг Браян Трайбус нақли қавл кардааст, ки “ба сурати умум, иттиҳомоти марбут ба бадрафтории ҷинсӣ аз сӯи низомиҳо ва пулиси Афғонистон марбут ба қонуни ҷиноии худи Афғонистон аст.”

Сухангӯи Пентагон Ҷефф Девис низ рӯзи 21 сентябр айни назарро изҳор дошт. Ӯ гуфт, “мавридеро, ки дар ин гузориш тасвир шудааст, мо нафратовар мешуморем. Вале ҳарчанд нафратовар ҳам бошад, ин усулан масъалаи қонунгузории худи Афғонистон аст.” Дар айни замон Девис вуҷуди чунин сиёсатеро, ки гӯё Пентагон ба нирӯҳояш дастур медиҳад, то бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон аз сӯи мақомоти афғонро нодида бигиранд, рад кард.

Ҳукумати Афғонистон талош дорад, то бачабозиро, ки дар таърихи ин кишвар таърихи тӯлоние дорад, аз байн барад. Писарони наврас мисли духтар либос пӯшида, барои соҳибони мардашон рақс мекунанд. Бархеи онҳо ба ғуломоони ҷинсии мардони сарватманд ва пурнуфуз, аксаран ҷангсолорони собиқ, табдил меёбанд.

Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши моҳи июлаш дар бораи қочоқи инсон бачабозӣ дар Афғонистонро низ алоҳида зикр карда, талошҳои ҳукумат алайҳи ин таҷрибаро “нокофӣ” хонда буд. Бино ба ин гузориш, аксари бадрафтори ҷинсӣ боздошт намешаванд ва бо додани пора ба мақомот худро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд.

Теъдоде аз вакилони Конгресс аз Пентагон хостаанд, то дар ин масъала иқдоми бештар кунад. Вакили Маҷлиси намояндагон Верн Бучанан гуфт, “ин хеле бад аст, агар Пентагон ба сарбозони мо бигӯяд, ки чунин шакли рафтори барбарӣ ва ваҳшиёнаро нодида бигиранд.” Аммо ба ақидаи ӯ, “чизи боз ҳа мбадтар ин аст, агар мо онҳоеро, ки талош карданд аз чунин рафтор пешгирӣ кунанд, ҷазо бидиҳем. Танҳо нафароне ки бояд ҷазо бигиранд, онҳоеянд, ки чунин қоидаи ғайриахлоқӣ ва ваҳшиёнаро таҳия кардаву ба он роҳ додаанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG