Пайвандҳои дастрасӣ

Рабудани Зубайда - доғе дигар дар обрӯи пулиси афғон


Яке аз воҳидҳои пулиси маҳаллии Афғонистон

Яке аз воҳидҳои пулиси маҳаллии Афғонистон

Гурӯҳи афсарони пулиси Афғонистон бо ҷурми рабудан ва беобрӯ кардани як ҳамшираи шафқат боздошт шуданд.

Ҳодиса дар вилояти аз пойтахти Афғонистон дурафтодаи Нуристон ба вуқӯъ пайваст ва ин нирӯи пулисро, ки бе ин ҳам бо ҷурми бадрафториҳо зери заррабин қарор дорад, дубора дар маркази таваҷҷуҳ гузошт.

Барои аскарони афғон ҷанг бо Толибон танҳо як бахши мубориза аст. Пулиси бадномшудаи маҳаллӣ ва миллӣ саргарми муборизаи дигаре низ ҳастанд, ки ҳадаф аз он ба даст овардани зеҳну дили мардум аст.

Ин ҳафта номи пулиси миллии Афғонистон ба думболи хабаре, ки гуфта мешавад, гурӯҳе аз кормандонаш як ҳамшираи шафқатро аз Нуристон, вилояти ҳаммарз бо Покистон рабудаанд, боз доғдор шуд. Гуфта мешавад, ки субҳи 17 феврал афсарони пулиси миллии Афғонистон ба бемористони маҳаллӣ дар минтақаи Вант ҳуҷум бурданд ва ҳамшираи шафқат Зубайдаро дар пеши чашми ҳамкоронаш рабуданд.



Чанд соат баъдтар мардони мусаллаҳи деҳкада ва як бахши дигари кормандони пулис ба думболи як тирандозӣ ҳамшираи шафқатро аз дасти рабояндагон халос карданд. Даргирӣ бидуни қурбонӣ анҷом ёфт ва чаҳор корманди пулис, ки гуфта мешавад, дар рабудани ҳамшираи шафқат даст доштанд, дастгир шуданд. Кофтукоби шаш тани дигар идома дорад.

Ин ҳодиса пулиси Афғонистонро, ки бинобар пулситониву тарсонидани мардум, таҷовуз ва боздоштҳои ғайриқонунӣ шадидан танқид мешавад, боз ҳам ангуштнамо кард. Раҳматуллоҳ Раҳмат, раиси улусволии Вант ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба Зубайда осебе нарасидааст ва ҳоло ӯ таҳти муроқибати пулис қарор дорад: “Ӯро нимашаб рабуданд. Аҳли русто аз ин ҳодиса огоҳ шуданд ва пулис баъди тирпарронии кӯтоҳ ӯро раҳо кард ва баргардонд. Чаҳор ходими пулис боздошт шуданд ва мо ҳоло боқимондаҳоро ҷустуҷӯ дорем. Забайда таҷовуз нашудааст.”

Манзури Раҳматуллоҳ Раҳмат иддаои баъзе бошандагони рустост, ки мегӯянд, одамрабоён Зубайдаро таҷовуз карданд. Мавзӯи таҷовуз барои Афғонистон, ки дар он “кушторҳои номусӣ” таҷруба мешаванд ва қурбониҳои таҷовузро хешони худи онҳо ба қатл мерасонанд, мавзӯи табу ё мамнуъ аст. Барои як зан ҳатто будан дар ҳузури мардҳои бегона низ бештарафӣ ва боиси бадномӣ аст.

Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки чаҳор ходими пулис амри Шамсуллоҳ, раҳбари собиқи пулисро иҷро кардаанд. Ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, Шамсуллоҳ, собиқ раиси пулис, борҳо Зубайдаро хостгорӣ кардаааст, аммо посухи рад гирифтаст. Аҳли русто бовар доранд, ки Шамсуллоҳ ин корро махсус ташкил кардааст, ки чаҳор афсари пулис Зубайдаро ҷазо бидиҳанд ва беобрӯ кунанд.

Мавлавӣ Зубайдулло, як сокини маҳаллӣ мегӯяд, пулиси Афғонистон ба ҷои ҳифзи мардум беқонунӣ ва тарсу ҳаросро тавсеа додааст: “Мо ҳама мусалмонем ва афғонем, мо бояд ба пулис эътимод дошта бошем. Аммо вақте ки пулис - ҳомии амнияту тартибот - худаш вазъро ноором мекунад, мо бояд норозӣ бошем.“

Пулиси миллии Афғонистон феълан 157 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Ин нирӯ якҷо бо нирӯи дигари баҳсбарангез- пулиси маҳаллии Афғонистон, ки аз 13 ҳазор ходим ва 8 бахш иборат аст, фаъолият мекунад. Вазифаи пулиси маҳаллӣ, ки аз ҷониби давлати Афғонистон сармоягузорӣ мешавад, таъмини амният дар манотиқи дурдасте аст, ки шӯришгарони Толибон мавқеъи мустаҳкам доранд. Аммо муддатҳост нигарониҳое вуҷуд доранд, ки афроди бонуфузи маҳаллӣ ин нирӯҳоро ҳамчун шибҳанизомиёни мустақил истифода мекунанд.

Пажӯҳиши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2012 нишон дод, ки аз 10 шаҳрванди афғон 8 нафараш ба пулиси миллӣ ва маҳаллии Афғонистон эътимод надорад. Созмони Милали Муттҳаид мегӯяд, фасод ва истифодаи беш аз ҳадди нирӯ аз ташвишҳои аслии мардуми Афғонистон боқӣ мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG