Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, се тан аз боздоштшудагони рӯзи панҷшанбе дар вилояти Қундуз узви гурӯҳи "Ал-Қоида" мебошанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, ки се нафар боздоштшуда дар вилояти Қундуз шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва худ эътироф кардаанд, ки узви гурӯҳи Ал-Қоида мебошанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин афрод барои анҷоми фаъолиятҳои тахрибкорона ва ҳамлаҳои интиҳории бештар аз Вазиристони Покистон ба Афғонистон фиристода шудаанд.

Мақомоти амниятии вилояти Қундузи Афғонистон рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки як узви шабакаи "Ал-Қоида" ҳамроҳ бо ду тан аз ҳамкорони афғонаш дар ин вилоят боздошт шудааст. Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Қундуз рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин узви Ал-Қоида, ки мехост дар либоси занона худро ба Кобул бирасонад, дар улусволии Алиободи ин вилоят ба доми нерӯҳои амниятӣ афтод.

Оқои Сиддиқӣ дар нишасти хабарии рӯзи якшанбеи худ гуфт, ки нерӯҳои пулис ба наздикӣ се узви шабаки "Ал-Қоида"-ро ки либоси занона бар тан доштанд, дар вилояти Қундуз боздошт карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд: "Инҳо хориҷиҳо ҳастанд, шумо ҳам дидед, тоҷикӣ, узбакӣ ва чечен. Мутаассифона, мо борҳо далел пешниҳод кардаем, ки террористҳои байналмилалӣ ҳастанд, ки дар ҷанги Афғонистон низ шарик ҳастанд, ба хусус дар шабакии Ал-Қоида, Ҳаққонӣ ва Толибон ҳастанд аз Вазиристони шимолӣ, ҷанубӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ҳастанд, ки он ба гунае дар он мадорис ташвиқ мешаванд. Барои онҳо омӯзиш дода, алайҳи мардуми Афғонистон ба ҷанг фиристода мешаванд."

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки боздоштшудаҳо ҳангоми таҳқиқ эътироф кардаанд, ки дар Вазиристони шимолӣ ба хотири ҷанг дар Афғонистон омӯзиш диданд. Ба гуфтаи оқои Сиддиқӣ, дар вазиристони Шимолӣ барои ин афрод омӯзиш дода мешавад, то дар Афғонистон алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва афғон биҷанганд.

Ин дар ҳолест, ки Мавлоно Фазлраҳмон, раҳбари Ҷамъияти уламои ислом дар Покистон рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, ки ҷанги ҷорӣ дар Афғонистон бинобар ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар он кишвар, ҷоиз аст.

Дар ҳамин ҳол ин шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба хотири ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷанг мекунанд. Иқбол -- яке аз ин афроди боздоштшудаи тоҷик гуфтааст, ки муддати се сол дар Вазиристони шимолӣ омӯзиш дидааст: "Рост мегӯям, ба ақидаи худам бале, ман фарди оддӣ будам, як туфангча доштам, ман аз Тоҷикистон наёмадаам, аз Вазиристон омадаам, барои мо амр шуда буд. Барои мо гуфт, ки Қундуз бирав, дар онҷо кор аст, анҷом бидеҳ. Барои наҷоти уммати ислом ман бар алайҳи Амрико омода ҳастам."

Ҳукумати Афғонистон дар гузашта низ борҳо гуфтааст, ки дар садҳо мадрасаи Покистон ба ҷои масоили динӣ, дарси ҷанг бар зидди нерӯҳои хориҷӣ ва нерӯҳои афғон омӯзиш дода мешавад.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Бадахшон солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки соли1996, бо ҳадафи тағйири низоми ин кишвар ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG