Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷаддадӣ: "Таъхир дар имзои созишнома ба зарари Афғонистон аст"


Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Лӯи Ҷиргаи машваратӣ.

Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Лӯи Ҷиргаи машваратӣ.

Раиси Лӯи Ҷиргаи машваратӣ мегӯяд, ки таъхир дар имзои созишномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон, ба зарари Афғонистон аст.

Пас аз он, ки изҳороти раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар бораи таъхири имзои созишномаи амниятӣ бо Амрико бо вокуниши тунди мақомоти амрикоӣ рӯбарӯ шуд, масъулони Лӯи Ҷирга ҳам мухолифати худро бо ин мавқифи оқои Карзай баён доштанд.

Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Лӯи Ҷиргаи машварати рӯзи шанбе дар мақарри баргузории ин нишаст дар Кобул дар посух ба як суоли радиои "Озодӣ" гуфт, ки Ҳомиди Карзай ҳаққи ба таъхир андохтани имзои ин мувофиқатномаро надорад: "Карзай ҳеҷ ҳаққ надорад ҳамчун як гапро матраҳ кунад. Ман мегӯям, ки кори саҳв ва иштибоҳ мекунад. Ба хотире, ки тамоми хоҳишоте, ки Карзай дошт ва ончиро, ки мо мехостем, онҳо татбиқ ва қабул карданд (манзур амрикоиҳо). Бо он ҳам онҳоро мунтазир месозанд. Ин кор ба зарар ва зиёни Афғонистон аст ва мо онро ҳеҷ қабул надорем."

Рӯзи панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи Лӯи Ҷиргаи машваратӣ раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки агар аъзои ин ҷирга бар имзои мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ бо Вошинтгон розӣ шаванд ва парлумон онро тасвиб кунад ҳам, вай имзои онро ба пас аз баргузории интихоботи президентӣ дар моҳи апрел вогузор мекунад. Вай гуфт, ки бояд Амрико собит бисозад, ки дар ҷиҳати анҷоми як интихоботи шаффоф ва таъмини сулҳ ва амният дар Афғонистон содиқона кор мекунад. Аммо ин изҳороти оқои Карзай вокунишҳои тундеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон барангехт.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон бо нашри як эъломия гуфта, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҳомид Карзай гуфтааст, ки ин созишнома бояд то як моҳи дигар ба имзо бирасад. Илова бар ин, сухангӯи Қасри Сафед ҳам гуфтааст, ки ин мувофиқатнома бояд то қабл аз поёни соли ҷорӣ имзо шавад, то нерӯҳои амрикоӣ барномаҳои худро дар ин кишвар ба таври дуруст танзим кунанд. Як теъдод аз сиёсатмадорон ва коршиносони афғон ҳам бо ин изҳороти раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай мухолифат нишон додаанд.

Ҳамзамон шуморе аз иштироккунандагони кумитаҳои панҷгонаи Лӯи Ҷиргаи машваратӣ гуфтаанд, ки таъхир дар имзои ин мувофиқатнома ба зарари Афғонистон мебошад. Онҳо ба ин боваранд, ки имзои созишнома метавонад пеши мудохилаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Покистон ва Эронро дар интихоботи соли оянда бигирад.

Лӯи Ҷиргаи машваратӣ рӯзи панҷшанбе ба кори худ оғоз кард ва дар он ду ҳазору панҷ сад тан аз афғонҳо аз дохил ва хориҷи Афғонистон ширкат доранд. Қарор аст тасмими ниҳоии иштироккунадагони ин Лӯи Ҷиргаи машваратӣ дар бораи созишномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Кобул ва Вошингтон, фардо рӯшан шавад.
XS
SM
MD
LG