Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Ҷузҷон никоҳи як духтараки 7-соларо бекор карданд


Мақомоти вилояти Ҷузҷони Афғонистон издивоҷи як духтараки 7 соларо, ки падараш ӯро ба 2 ҳазор доллар иваз кардааст, бекор карданд.

Мақомоти ин вилояти воқеъ дар шимоли Афғонистон алайҳи ин падар, ки духтарашро ба марди панҷ баробар бузургтар аз ӯ ба шавҳар дод, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ин мард, ки Рамазон ном дорад ва мисли бисёре аз афғонро танҳо бо исми хурдаш муаррифӣ, мешавад ин амали худро ба фақру бечораҳолӣ вобаста кард ва гуфт, ки хонаводаи ӯ бисёр дармонда аст: “Мо сарпаноҳе надоштем, мо гуруснагӣ мекашидем ва қарздор будем, Ман ҳамон рӯзе, ки ин тасмимро гирифтам, пушаймон шудам, ман ҳоло низ афсӯс мехӯрам." Рамазон иқрор кард, ки духтари ноболиғашро ба 2 ҳазор доллар, маводи ғизоӣ, бо шумули орду биринҷ иваз кардааст.

Мақомоти пулиси Ҷузҷон мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рамазон дар ҳоле боз шуд, ки ҳамсари ӯ ба гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мақомот аз бадрафтории хонаводаи домод дар баробари духтари бузургаш шикоят кард. “Духтари ман қариб як сол аст, ки издивоҷ кардааст, вале дар ин муддат ду дафъа аз хонаи шавҳараш фирор кард”- гуфт ӯ. Ҳамсари Рамазон афзуд: «Домод духтарамро пайваста мезад, ман намехоҳам, ки духтарам ба он хона баргардад, аммо шавҳараш ҳар бор меояд ва ӯро маҷбуран мебарад.”

Пулиси Ҷузҷон Рамазон, домоди 35-солаи ӯ ва муллоеро, ки ин духтари ноболиғро бо марди солҳо бузургтар никоҳ кардааст, боздошт намуд. Мавлавӣ Нур, ки баъди супурдани гаравпулӣ озод шуд, мегӯяд, ки волидон синну соли духтарро аз ӯ пинҳон доштаанд.

Аксари афғонҳо шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва маросими никоҳ усулан бе тафтиши сандаҳои домоду арӯс баргузор мешавад. Ду шоҳид ва ду намоянда аз тарафи хешони домоду арӯс дар маросими никоҳ дар бораи исм ва сину соли онҳо шаҳодат медиҳанд, ин ҳам агар мулло чунин маълумотро дархост кунад.

Ивазалӣ Сабурӣ, ҳомии ҳуқуқи кӯдакон дар Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар аз мақомоти вилоят талаб дорад, ки шоҳидон ва онҳорое, ки дар маросим ҳамчун хеш намояндагӣ кардаанд ва синну соли духтаракро пинҳон кардаанд, муҷозот кунад. Дар ҳоле, ки тафтиши қазия ҷараён дорад, мақомот никоҳи духтари 7 сола бо марди 35 соларо бекор карданд. “Ин издивоҷ ҳам қонунҳои Афғонистон ва ҳам қоидаҳои мазҳабиро поймол кардааст.”- мегӯяд Амирбек Муъмин, раиси департаменти бозҷӯии ҷиноӣ дар вилояти Ҷузҷон.

Мағфират Самимӣ, раҳбари Созмони минтақавии ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳалли як-ду қазия кофӣ нест, корҳои ҷиддие дар ин масъала бояд анҷом шаванд: “Падари ин духтар нашъаманд аст, ӯ ба ҳуқуқи фарзандони худ сарфаҳм намеравад, фақр аз як сӯ ва мӯътодӣ аз сӯи дигар ин мардро ба амали мухолифи фарзандаш водор кардааст.”

Ин ҳафта мақомоти маҳаллӣ, намояндагони додгоҳ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар як ҷаласаи муштарак дар Шибирғон, маркази маъмурии вилояти Ҷувзҷон қарор карданд, Рамазонро барои табобати зидди нашъамандӣ ба вилояти Балх фиристанд. Ҳамсари Рамазон дар сарпаноҳе барои занҳо ҷой шуд ва чаҳор бачаи онҳо ба наздиктарин хонаи бачагон интиқол ёфт.
XS
SM
MD
LG