Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул: "Амалиёт дар Кундуз бо муваффақият пеш меравад"


Мақомоти афғон мегӯянд, ки ҷанг алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар вилояти Кундузро нерӯҳои амниятии он кишвар муштарак ба пеш мебаранд ва то ҳоло муваффақиятҳои чашмгир ҳам доштаанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, ки аз рӯзи сешанбе то ба ҳол 34 мухолифи мусаллаҳ дар вилояти Қундуз кушта шуда ва аксари онҳо дар вулусволии Имом Соҳиб аз байн рафтаанд. Давлат Вазирӣ, муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти муштараки хабарӣ бо сухангӯи вазорати умури дохилии он кишвар дар Кобул гуфт, ҳамакнун нерӯҳои низомии кофӣ дар вилояти Қундуз ҷобаҷо шуда ва онҳо иҷоза намедиҳанд, ки ҳатто як деҳаи ин вилоят ҳам суқут кунад: "Дар вилояти Кундуз мо ба ҳадди кофӣ нерӯ дорем. Фирқаи 111-и Кобул дар Кундуз ҳузур дорад. Нерӯҳои вижа ҳам мавҷуд аст. Нерӯҳои ҳавоӣ низ ба андозаи кофӣ мавҷуд аст. Амалиёт дар Кундуз ҷараён дорад. На ин вилоят суқут мекунад, на кадом вулусволӣ ва на кадом деҳа."

Оқои Вазирӣ ҳамчунон гуфт, ки нерӯҳои афғон талафоти зиёдеро ба мухолифони мусаллаҳ ворид кардаанд. Рӯзи чаҳоршанбе волии Кундуз дар як нишасти хабарӣ дар он вилоят гуфт, ки дар ҷараёни панҷ рӯзи даргириҳо миёни мухолифони мусаллаҳ бо нерӯҳои афғон дар минтақаҳои мухталифи ин вилоят, 152 тани онҳо кушта ва 115 дигарашон захмӣ шуданад. Дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои мухталифи Кундуз ба шумули Гӯртеппа, Имом Соҳиб, Қалъаи Зол миёни мухолифони мусаллаҳ бо нерӯҳои афғон даргириҳо ҷараён дорад ва гуфта мешавад, ки бахшҳое аз Гӯртеппа ҳанӯз дар контроли мухолифон мебошад.

Бо он, ки бархе аз аъзои парлумони Афғонистон заъфи раҳбарии мақомоти амниятии он кишварро аз авомили идомаи ҷанг дар Қундуз медонанд, аммо Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки ҷанг дар Кундуз ба таври дуруст раҳбарӣ мешавад ва бо ҳамоҳангӣ ба пеш меравад: "Як раҳбарии қавӣ ва солим дар вилояти Кундуз вуҷуд дорад, ки аз ин зарфиятҳо ба гунае, ки лозим аст, истифода бикунанд. Амалиётҳои ҳуҷумии нерӯҳои амниятии афғон дар вилояти Кундуз оғоз шудааст. Яъне ҳастаи аслии ҳамин террористҳо дар вулусволии Имом Соҳиб бо чанд нафари дигар аз байн рафтааст."

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамчунин мегӯяд, ки мухолифони мусаллаҳ дар ҷанг бо нерӯҳои афғон аз мардуми оддӣ ба унвони сипар истифода мекунанд ва ба ҳамин сабаб, амалиёт алайҳи онҳо дақиқ ва нисбатан суст анҷом мешавад.

Дар ҳамин ҳол масъулони маъмурияти НАТО дар Афғонистон аз амалкарди нерӯҳои афғон дар баробари Толибон дар Қундуз ситоиш карда ва аз омодагиашон барои ҳимоят аз ин нерӯҳо эълон кардаанд. Муовини раҳбари маъмурияти НАТО гуфтааст, ки "мо бо он низомиёне, ки дар Кундуз амалиёт мекунанд, машварат медиҳем. Дар ҳоле, ки ниҳодҳои амниятии афғон аз мо кӯмакҳои бештаре талаб кунанд, мо ба он таваҷҷӯҳ хоҳем кард. Аммо то ҳоло низомиёни афғон бо имконоти доштаашон, амнияти қобили қабулро таъмин кардаанд."

Масъулони маъмурияти НАТО дар Афғонистон аз истифодаи мардуми оддӣ ба унвони сипар дар майдони ҷанг дар Кундуз нигаронӣ кардаанд. Дар ин ҳол, бархе аз коршиносони низомӣ ва амниятии афғон гуфтаанд, ки эҳтимолан миқдори бештари нерӯҳои афғон дар ҷанг дар баробари мухолифони мусаллаҳ дар Қундуз сабаби муваффақияти ин нерӯҳо хоҳад шуд, аммо ниёз аст, то дар бахши раҳбарӣ ва мудирият тағйироти мусбате ба миён биояд.

XS
SM
MD
LG