Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷангҷӯёни тоҷик дар Зобул ҳузур доранд"


Волӣ ё раиси вилояти Зобул гуфтааст, ки дар миёни ҷангиёни хориҷӣ вобаста ба гурӯҳҳои тундрав дар қаламрави ин вилоят, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Бисмиллоҳ Афғонмал, раиси вилояти Зобул дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки афроди мусаллаҳи гурӯҳҳои террористӣ дар бархе аз минтақаҳои ин вилоят фаъолият мекунанд.

Вай гуфтааст, ки "Лашкари Ҷангавӣ" ва гурӯҳҳои дигар, ки бо террористон робита доранд, ба вижа онҳое, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар иртибот мебошанд, дар инҷо ҳузур доранд, аммо онҳо макони доимӣ ва ё маркази ягона надоранд. Раиси вилояти Зобул гуфтааст, тибқи иттилое, ки онҳо дар даст доранд, ҷангиёни Осиёи Миёна, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон низ дар миёни афроди мусаллаҳ дар Зобул ҳузур доранд.

Бисмиллоҳ Афғонмал, раиси вилояти Зобул.
Бисмиллоҳ Афғонмал, раиси вилояти Зобул.

Дар мавриди шумораи ин ҷангиёни хориҷӣ дар ин вилоят, омори зидду нақиз гуфта шудааст. Ғулом Гелонии Фароҳӣ, фармондеҳи амнияти вилояти Зобул дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи гузоришҳои истихборотӣ, тақрибан 300 хонавода аз ҷангиёни хориҷӣ дар минтақаҳои мухталифи ин вилоят ҳузур доранд. Аммо раиси вилояти Зобул гуфтааст, ки шумораи дақиқи ҷангиёни хориҷӣ дар ин вилоят рӯшан нест.

Зобул аз роҳи шаҳраки Жоб, ки як минтақаи вилояти Балуҷистони Покистон аст, ба Вазиристон пайванд мешавад. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, пас аз сарнагунии низоми Толибон дар соли 2001, Вазиристон, ки ба бахшҳои шимолӣ ва ҷанубӣ тақсим шудааст, ба унвони паноҳгоҳи бузурге барои Толибони афғон ва турдравони муттаҳиди онҳо аз Ал-Қоида гирифта то ҷангҷӯёни Осиёи Миёна ва покистонӣ, табдил ёфтааст.

Мақомоти Зобул гуфтанд, тибқи иттилое, ки онҳо дар даст доранд, ҷангиён аз Тоҷикистон ва Узбакистон дар миёни афроди мусаллаҳи хориҷӣ дар ин вилоят, ҳузур доранд.

Соли 2009 дар пайи амалиёти густурдаи артиши Покистон бисёре аз ҷангиёни хориҷӣ аз Вазиристони шимолӣ ба Афғонистон паноҳ бурданд. Покистон сипас дар соли 2014 бо анҷом додани чунин амалиёт, шумораи зиёде аз чунин ҷангиёнро аз Вазиристон берун кард.

Генерал Муҳаммад Родманиш, муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар гузашта амалиётҳоеро алайҳи ин гурӯҳҳо анҷом додаанд ва акнун низ амалиёт алайҳи онҳо идома дорад.

Қабл аз ин генерал Ҷон Никелсон, фармондеҳи умумии НАТО дар Афғонистон гуфта буд, ки аз миёни 97 гурӯҳи террористӣ дар ҷаҳон, ҳудуди 20 гурӯҳи онҳо дар минтақаҳои Афғонистон ва Покистон фаъолият доранд. Ин генерали амрикоӣ гуфта буд, ки ҳаргиз нахоҳанд гузошт, ки Афғонистон бори дигар ба лонаи амн барои ин гурӯҳҳо табдил шавад.

XS
SM
MD
LG