Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро дар сафари Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон танҳо як санад имзо шуд?


"Ҳашти субҳ" -- яке аз рӯзномаҳои серхонанда дар Афғонистон дар матлабе аз Ашраф Ғанӣ ва ҳукумати ӯ интиқод кардааст, ки дар сафари ахираш ба Тоҷикистон натавонист созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ имзо кунад.

Рӯзномаи "Ҳашти субҳ", чопи Кобул дар матлабе аз Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва ҳукумати ӯ интиқод кардааст, ки дар сафари ахираш ба Тоҷикистон натавонист мувофиқатномаҳои муҳими ҳамкорӣ имзо кунад. Ашраф Ғанӣ тайи рӯзҳои 9-11 май бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Ин рӯзнома дар матлабе, ки рӯзи шанбеи 14 май зери унвони "Чаро дар сафари раиси ҷумҳур ба Душанбе сирф як тафоҳумнома имзо шуд" нашр кард, навишт, ки қабл аз сафари Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон, Кобул эълон карда буд, ки дар ин сафар мақомҳои ду кишвар чандин тафоҳумнома ва мувофиқатномаҳои муҳими ҳамкорӣ имзо мекунанд ва дар матни дастури кори сафари оқои Ғанӣ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Душанбе ин мавзӯъ омада буд.

Аммо дар ҷараёни ин сафар ва пас аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ, ки баъд аз зуҳри сешанбеи 10 май дар "Қасри Миллат" баргузор шуд, ногаҳон эълон шуд, ки мақомҳои ду кишвар танҳо як тафоҳумномаи мубодила ва ё истирдоди зиндониёнро имзо кардаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчунин як эъломияи муштарак имзо карданд, ки дар он ба зарурати мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иқтисодӣ таъкид шудааст.

"Ҳашти субҳ" дар ин навиштаи худ суол гузоштааст, ки чаро дар ҷараёни сафари оқои Ғанӣ ба Тоҷикистон танҳо як тафоҳумнома имзо шуд ва оё меарзад, ки як раиси ҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳаш ба пойтахти кишвари ҳамсоя сафар кунанд ва дар онҷо танҳо як тафоҳумнома имзо кунанд?

Ин рӯзнома аз қавли манобеи худ мегӯяд, ҳамон тавр, ки раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон карда буд, қарор буд,, ки чандин ёддошти тафоҳум ва мувофиқатномаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мақомҳои ду кишвар имзо кунанд, аммо вазоратхонаҳои Афғонистон натавонистанд дар вақти муайян санадҳои ин созишномаҳоро омода кунанд. Ин манбаъҳо гуфтаанд, қарор буд санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахши маъодин, кишоварзӣ, мухобирот ва ҳамкориҳои фарҳангӣ имзо шаванд.

"Ҳашти субҳ" имзо нашудани ин созишномаҳоро иштибоҳи бузури дастгоҳи ҳукумати он кишвар хондааст, зеро сафари Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон аз муддатҳо қабл барномарезӣ шуда буд ва вазорати умури хориҷии он кишвар ва дигар ниҳодҳои вобаста, таърихи дақиқи сафари ӯро ба Тоҷикистон медонистаанд. Ин аст, ки муаллифи ин мақола аз дастгоҳҳои ҳукуматии он кишвар интиқод кардааст, ки аз ӯҳдаи омода кардани чанд ёддошти тафоҳум ва мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ барнаёмадаанд.

Як манбаи дигар, ки "Ҳашти субҳ" онро боварибахш меномад, ба ин рӯзнома гуфтааст, ки санадҳо пас аз вуруди Ашраф Ғанӣ ба шаҳри Душанбе ниҳоӣ шуд ва лозим буд вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам ин аснодро баррасӣ кунад. Матлаб меафзояд, "рӯшан аст, ки як вазоратхона ҳарчанд, ки фаъол ва коро бошад ҳам, наметавонад дар чанд соат асноди ҳамкориҳои дуҷонибаро ниҳоӣ кунад. Ба ҳамин далел буд, ки тафоҳумномаҳо ва санадҳои ҳамкорӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар сафари раиси ҷумҳур имзо нашуд."

Ин рӯзнома ҳамзамон мегӯяд, ки як роҳи дигар барои таҳияи пурраи санадҳо, таъхири сафари Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон буд, аммо ин кор ҳам мумкин набуд, зеро дар беш аз якуним соле, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ташкил шудааст, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Душанбе сафар накарда буд. "Ҳашти субҳ" Тоҷикистонро кишвари ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамдини Афғонистон медонад, ки дар ҳалқаи аввал ва дувуми сиёсати хориҷии раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ қарор мегирад.

"Ҳашт субҳ" менависад, ки Тоҷикистон дар тӯли 15 соли гузашта ҳамсояи нек ва ҳамкори хуби Афғонистон будааст ва дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай ҳам бо Кобул равобити хеле гарм дошт ва ниёз буд, ки раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ хеле зудтар ба ин кишвар сафар мекарданд.

Ин рӯзнома натиҷагирӣ мекунад, ки омода нашудани санадҳои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя пеш аз сафари Ашраф Ғанӣ ба Душанбе, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро ба таъхир андохтааст ва ҳоло маълум нест, ки раҳбарони Афғонистон чӣ замоне ба Душанбе сафар мекунанд ва ин ҳам ҳоло маълум нест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон кай ба Кобул сафар хоҳад кард?

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар 15 июли соли 1992 барқарор шудааст. Феълан миёни ин ду кишвар беш аз 80 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда ва гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли гузашта 104 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар пайи суқути режими Толибон дар Афғонистон дар авохири соли 2001 равобити Тоҷикистон бо ин кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфта, ба манзури ҳамоҳангсозии самтҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои тавсеъаи онҳо миёни ин ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ таъсис шуд.

Барномаҳои бузурги бунёди роҳҳои мошингард ва оҳан, лӯлаҳои об ва газ, хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи самтҳои чунин ҳамкориҳо ҳисоб меёбанд. Тарҳҳои интиқоли неруи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба марҳилаи иҷро даромадаанд.

Дар бахши ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳунармандони тоҷику афғон бо барномаҳои рангин дар Душанбею Кобул ҳунарнамоӣ кардаанд. Ҳамчунин, ҳамсола барои ҷавонони Афғонистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон 50 саҳия ҷудо мешавад. Феълан дар макотиби олии Тоҷикистон 234 шаҳрванди Афғонистон омӯзиш мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG