Пайвандҳои дастрасӣ

Иддае аз уламои дин дар шаҳри Деҳсалои вилояти Бағлони Афғонистон ҳукми бастани дӯконҳои лавозими ороиш ва ё косметикаро содир карданд.

Шаҳрдор, ки дар пайи иҷрои амри муллоҳо ба як дӯкони фурӯши лавозимоти ороишӣ омада буд, аз тири таппончаи дӯкондор ҷон бохт. Фатвои уламо дар ҷараёни як гирдиҳамоӣ бо ширкати 2000 мардуми муҳофизакори шаҳри Деҳсало эълон шуд. Аҳолии маҳаллӣ дар Деҳсало акнун аз ин нигаронанд, ки амри бастани дӯконҳо дар оянда ҳам мӯҷиби хусуматҳои зиёд дар байни ҳукумат ва аҳли уламо мешавад.

Мавлавӣ Абдулқаюм, хатиби масҷиди ҷомеи қарияи Сайёди минтақа дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дӯконҳои фурӯши лавозимоти ороишӣ макони фаҳшо шуда буд ва дӯкондорҳо ба занҳои харидор назари хайр надоштанд. Ба гуфаи ӯ, чанде пеш фармондеҳи маҳаллӣ Раҳимҷон мӯи сари чандин дӯкондорро, ки бо занҳо робита доштанд, тарошид. Мавлавӣ Абдуқаюм мегӯяд, ин гумонҳо мунҷар ба бурузи хашми уламои маҳаллӣ шуд, ки дар ниҳоят амри бастани дӯконҳоро содир карданд. Аммо ӯ таъкид кард, ки “қабл аз ин қарор, 2000 нафар, аксаран уламо ба ҳукумат нома навиштанд ва гуфтанд, ки мо аз шумо тарафдорӣ мекунем, вале шумо ин дӯконҳои косметикафурӯширо аз инҷо бардоред.”

Аммо мири шаҳри Деҳсало, ки қасди бастани дӯконҳои лавозими ороиширо дошт, дар роҳи ҷанги муллоҳо бо "косметика" қурбон шуд. Қатли мири шаҳр, ки хеле ҷавон буд, вокунишҳои мухталифро ба миён овард. Иддае бо ситоиш аз амри уламо ва амалкарди шаҳрдор ӯро “шаҳиди роҳи ҳақ” мехонанд. Онҳо муҷозоти қотил ва бастани тамоми дӯконҳои фурӯши лавозимоти ороиширо талаб кардаанд. Аммо иддаи дигар дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, агарчи дар минтақаи онҳо қатлу куштор, таҷовуз ба номус, бачабозӣ ва кишти маводи мухаддир ҷараён дорад, улламо аз ин ҳама чашм пӯшида, танҳо ба “хатар”-и мағозаҳои косметикафурӯшӣ тамаркуз кардаанд.

Сайфмуҳаммади Сайёд, ки худро сокини мавзеи Деҳсало муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, уламо бояд дар мавриди хилофкориҳои ҷиддӣ, ки зиндагии мардумро ба ҷаҳаннам табдил додаанд, фатвое содир мекарданд. Ӯ вуҷуди мусаллаҳони ғайриқонуниро аз мушкилоти умда ва барои амнияти мардум хатарзо унвон кард, ки умдатан аз мадди назари улламо дур мондааст.

Дуконҳои фурӯши лавозими ороишӣ ва беҳдоштӣ барои занон, ки қабалан дар ин мавзеъҳо вуҷуд надоштанд, солҳои ахир дар вилоятҳои дурдасти Афғонистон низ фаъол шуданд ва маводи дилхоҳи занонро ба онҳо пешниҳод мекунанд. 10 соли пеш занҳо дар Бағлон иҷозаи рафтан ба бозори маҳалро надоштанд, вале дар чанд соли ахир ин маҳдудиятҳо дар бисёр минтақаҳо бартараф ва занҳо дар харидории маводи мавриди ниёзи худ аз бозорҳо озодтар шуданд.

Бо вуҷуди фаъолияти идораҳои ҳукумат дар манотиқи Афғонистон, уламои маҳаллӣ аз нуфузи беандоза бархудоранд ва дар бисёр маврид, ҳарфи ниҳоиро мезананд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG