Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабур дар ҳоле аз манзилаш воқеъ дар канораҳои шаҳри Мазори Шариф рафт, ки дигар натавонист азиятҳоеро, ки ҳамсараш ба ӯ раво медид, таҳаммул кунад.

Сабур, як марди афғон, ки мегӯяд нангу номус барои ӯ каломи холӣ аз маънӣ нест, маҷбур шудааст, ки аз рӯи рафтори ҳамсари худ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят бубарад. “Мо пайваста ҷанҷол доштем, баъзан ҳамсарам лаҷоми сабрро аз даст медод ва ҷаррор мешуд,”- мегӯяд Сабур ва пешонаи аз зарбу лат сиёҳу кабӯд ва шикастаашро нишон медиҳад.

Сабур хиҷолатмандона бепулӣ ва имкони набудани кор дар шимоли Афғонистонро аз сабабҳои аслии заҷрҳои худ медонад. ”Ман натавонистам ҷойи кор пайдо кунам ва ҳар вақт, ки бо дасти холӣ ба хона бармегаштам ба зулму ситами хонуми худ рӯ ба рӯ мешудам. Ӯ боре пешонаи маро бо пошнаи кафш абгор кард. Ман аз ӯ шикоят дорам, аммо намехоҳам, ки дар ҷомеъаи мисли Афғонистон касе аз ин ҳоли ман бохабар бошад ва маро тамасхур кунад,"- мегӯяд Сабур.

Агарчӣ масъалаи хушунати хонаводагӣ дар Афғонистон аз масоили умда буда, дар он бештар ҳуқуқи занҳо поймол мешавад, аммо мардҳо низ ба зӯроварии хонаводагӣ рӯ ба рӯ будаанд, ҳарчанд дар бораи заҷри мардҳо аз дасти занҳо дар ин кишвар маълумоти зиёд дастрас нест. Албатта мардҳое, ки мавриди латту кӯби ҳамсарон қарор мегиранд, мисли Сабур мефаҳманд, ки бо ошкор кардани ҷанҷоли хона ва дастдарозии ҳамсар қабл аз ҳама худро ва номуси мардии худро зери суол мебаранд.

Пажуҳиши тоза, ки ахиран Созмони мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон нашр кардааст, мегӯяд, теъдоди мардҳое, ки аз тарафи занҳои худ ҷабру ситам мебинанд дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст. Маълум нест, ки ошкор шудани далели хушунати занҳо алайҳи ҳамсарон ба беҳтар шудани фазои ҳуқуқӣ бастагӣ дорад ё омилҳои дигар. Аммо ҳатто мардҳое, ки ба ин созмон рӯ меоранд, хеле эҳтиёткоранд ва умдатан номи худро мисли қаҳрамони мо, Сабур пинҳон медоранд. Сабур мегӯяд, “латту кӯб шудан аз тарафи зан шикояте нест, ки як марди афғон бояд ба ҷойе бибарад.”

Ҳамсари Сабур бо намояндагони созмони ҳуқуқи башар сӯҳбат накард ва ҳатто нахост иттиҳоми шавҳарашро, ки алайҳи ӯ пеш гузоштааст баҳс кунад.

Созмони Мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон якҷо бо Вазорати умури занҳо 4 ҳазор ҳодисаи хушунати хонаводагиро ошкор кардаанд, ки 20 мавриди он ба мардҳо рабт мегирад. Ба гуфтаи Парвин Раҳимӣ, раҳбари департаменти кӯмакрасонии Созмони Мустақили ҳуқуқи башар, хушунат алайҳи мардҳо 10 дар сади ҳамаи хушунатҳоро дар бар мегирад ва ин дар бисёр мавридҳо хушунати равонӣ аст.

Ин созмон ҳодисаҳоеро, ки дар он занҳо ба хотири ҳимояи худ ба сари мардҳо даст бардоштаанд, ба гузориши худ ворид накардааст. Фавзия Наваби, раҳбари бахши оилаи созмон мегӯяд, фақру нодорӣ дар ин кишвари ҷангзада марду занро ба хушунат тела медиҳад ва табуҳои суннативу мазҳабӣ мавзӯъро печидатар мекунанд. “Тобистони соли гузашта мо ҳодисае доштем, ки як зан вақте фаҳмид, ки шавҳараш ӯро ба як нишасти хонаводагӣ намебарад, хашмгин шуд, ба рӯи шавҳараш чанд силлӣ зад ва чархҳои мотобайки ӯро бо корд пора кард. Ин мард аз мо хост, ки дар бунёди як зиндагии орому осуда ба ӯ кӯмак кунем.”

Дар зимн, солҳои ахир ходисаҳои латту кӯби мардҳо аз тарафи ҳамсар ва модарзанҳо дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида расидааст ва аризаҳои шикоятӣ аз рӯи аъмоли занҳои зургӯ низ бештар шудааст. Як қаҳрамони мо, ки ахиран аз рӯи рафтори ҳамсараш ба яке аз идораҳои давлатӣ муроҷиат кардааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз сабаби бекориву бепулӣ мавриди зӯроварии лафзиву ҷисмонӣ қарор гирифтааст. Ин мард, ки дар мардикорбозори шаҳри Душанбе кор меҷӯяд гуфт, дар яке аз рӯзҳои номуваффақ, ки на кор ёфт на пул ҳамсару хушдоманаш ӯро бо “швабра” ё ҷӯби шустушӯи фарш латту кӯб карданд ва сарашро шикастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG