Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 гаравгони Зобул, аз ҷумла узбактаборон, табодула шуданд


Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Зобули Афғонистон мегӯянд, ки баъд аз дувуним моҳи асорат, 19 тан аз мусофирони ақаллияти ҳазора аз чанголи рабояндагон озод шуданд.

Раиси шӯрои вилояти Зобул гуфтааст, ки аз шумораи 31 мусофир, ки дувуним моҳ қабл рабуда шуда буданд, 19-тои онҳо шаби гузашта раҳо шуданд.

Атоҷон Ҳақбой, раиси вилояти Зобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 19 тан аз афроди рабудашуда бо кӯмаки муйсафедон ва сарони қавмӣ бо шуморе аз зиндониёни мухолифони мусаллаҳ, ки миёни онҳо занон низ буданд, мубодила шуданд. Вай гуфт, ки 12 мусофири дигар ҳанӯз дар назди мухолифони мусаллаҳ қарор доранд ва ҳукумат талошҳоро барои раҳоии онҳо низ оғоз кардааст.

Асадулло Кокар, як мақоми дигари вилояти Зобул гуфт, 22 нафаре, ки ба одамрабоён таслим карданд, хориҷиён аз ҷумла занону кӯдакон ва ғолибан хонаводаҳои афроди обамрабо будаанд. Дар байни онҳо узбактаборон ҳам будаанд.

Ба гуфтаи Асадулло Кокар, одамрабоён талаб кардаанд, ки дар ивази 11 ҳазораи боқимонда 6 хориҷии дигарро озод кунанд. Маълум нест, ки узбакҳо чӣ гуна ба дасти мақомоти интизомии Афғонистон афтодаанд.

Сиву як тан аз мусофирон, ки аз ақалияти ҳазора мебошанд, рӯзи 23 феврал дар роҳи бозгашт аз Эрон, дар шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор дар вилояти Зобул аз тарафи афроди мусаллаҳ ба гарав гирифта шуданд.

Дар ибтидо сарони қавмӣ талош карданд, ки аз тариқи сулҳомез ин гаравгонҳоро раҳо созанд, вале ба натиҷаи расиданд. Ба дунбол, мақомоти интизомӣ бо роҳандозии амалиёт талош карданд, ки ин гаравгонҳо раҳо намоянд, вале ба ин кор муваффақ нашуданд ва ин амр вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеаи Афғонистон ба бор овард. Ҳатто бархе аз мақомот иддао карда буданд, ки ин афрод аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ ба гарав гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG