Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З.Усмонӣ: Афкори толибонӣ дар Афғонистон оянда надорад (ВИДЕО)


Зарор Аҳмад Усмонӣ
Зарор Аҳмад Усмонӣ

Раҳбари идораи дипломатии Афғонистон, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш имкон нахоҳад дод, ки гурӯҳҳои террористиву ҷангҷӯ аз он сӯи Омӯ ба хоки Тоҷикистон ҳамла кунанд.

Афғонистон намегузорад, ки гурӯҳҳои террористӣ аз марзаш ба Тоҷикистон ҳамла оваранд. Ин нуктаро дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Зарор Аҳмад Усмонӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон зикр кард. Усмонӣ гуфт, тавонмандиҳои нерӯҳои амниятии афғон ба ҳадде ҳаст, ки битавонанд аз ҳар навъ гурӯҳҳои террористӣ ҳам кишвари худ ва ҳам ҳамсояҳояшро ҳимоят кунанд.

Вазиир афғон, ки бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо ишора ба адами пуштибонии мардум аз нерӯҳои тундраву террористӣ гуфт: «Дар Афғонистон интихобот ҷараён дорад. 7 миллион нафар ба сандуқҳои раъй мераванду раъй медиҳанд. Ин нишон медиҳад, ки мардуми Афғонистон алоқамандӣ ба афкори толибонӣ ва террористҳо надоранд. Алоқамандӣ ба афкори як теъдод бунёдгароҳое, ки мехоҳанд аз як диди бисёр танги худ идораро ба вуҷуд оранд, надоранд. Инҳо як «НЕ»-и калон гуфтанд ба он афкор.»

Зарор Аҳмад Усмонӣ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 5 июн
Зарор Аҳмад Усмонӣ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе, 5 июн
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ду рӯз ба ин сӯ бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дар Душанбе қарор дорад ва бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Мавсуф ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари масоили амниятӣ бо мақомдорони Тоҷикистон сари ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфтугуҳое дошт. Аз ҷумла, Зарор Аҳмад Усмонӣ зикр кард, ки тарҳҳои роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, хатти баландшиддати барқ CASA – 1000, Созишномаи транзити молу коло миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва низ табодули зиндониёнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ин нуктаро ҳам зикр кард, ки ба мақомоти Тоҷикистон нигаронии худро дар мавриди кундии раванди табодули зиндониён изҳор доштааст.

Бино ба иттилои сафорати Афғонистон дар Душанбе, дар ҳоли ҳозир 57 табааи ин кишвар дар зиндонҳои Тоҷикистон ва 5 тоҷик дар зиндонҳои Кобул нигаҳдорӣ мешаванд. Бино ба ин манбаъ, мушкили музокирот дар ин аст, ки Тоҷикистон мехоҳад зиндониёнашро гирад, аммо 3 нафари онҳо, ки ба ҷурми терроризм зиндонӣ шудаанд, изҳор доштаанд, намехоҳанд ба ватан баргарданд. Тибқи қавонини байналмилалӣ, интиқоли маҳбус бидуни ризоияти ӯ мумкин нест.

Зарор Аҳмад Усмонӣ ҳамчунин сабаби ба дарозо кашида шудани Созишномаи сеҷонибаи транзити молу коло миёни Покистону Афғонистон ва Тоҷикистонро, ки қаблан гуфта мешуд, тақсири Афғонистон аст, низ шарҳ дод. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир Афғонистон ба нақлиёти боркашони Тоҷикистон иҷозаи убуру мурурро додааст, аммо ин ҳуқуқро нақлиёти афғонҳо дар хоки Тоҷикистон надорад. Вай афзуд, ҳамчунин шартномаи дуҷониба миёни Афғонистону Покистон ҳаст, аммо иҷро намешавад.

Дар иттилоияи маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон низ омадааст, ки дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон аз фаъолияти босамари хатти барқии 220-киловолтии Сангтӯда - Пули Хумрӣ изҳори қаноатмандӣ шуда, ҷонибҳо бар сари сохтмони босуръату босифати роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон, лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавиии зербиноӣ таъкид кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, судмандии ҳамкориҳои сохторҳои қудартии ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир зикр шуда, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар замони фаъолияти президенти нави Афғонистон низ ҳусни ҳамсоядорӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар таҳким хоҳанд ёфт.

Тоҷикистон бо Афғонистон тӯлонитарин марзро дорад, ки ин 1370 километрро гурӯҳҳои ҷиноӣ барои қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои террористӣ барои убуру мурур истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳо аз ҳамкориҳо ва равобити танготанг мусоидати хеле муассири якдигар ба рушди иқтисодашонро интизор доранд. Минҷумла, пас аз иҷрои тарҳҳои энержӣ, аз ҷумла CASA – 1000, Тоҷикистон мехоҳад ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ нуфуз кунад ва ҳам тариқи ин кишвар ба бандарҳои Покистон роҳ ёбад. Тарҳи роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон - Тоҷикистон ахириро аз мушкили мудаввоми нақлиётӣ ба самти шимол, ки аз сӯи ҳамсояаш Узбакистон эҷод мешавад, раҳо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG