Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалаб баъди се рӯзи оташбас


Бо шурӯи даргириҳои шадид дар Ҳалаб оташбаси серӯза дар ин шаҳри Сурия ба поён расидааст. Гурӯҳи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи шанбе эълон кард, ки ҷангандаҳои давлати Сурия ва Русия дубора манотиқи таҳти назорати шӯришиёнро бомбаборон кардаанд. Давлати Сурия ва Русия аз рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Ҳалаб оташбас эълон карда буданд. Феълан идораи шаҳри Ҳалаб байни нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти Русия ва шӯришиёни мухолифи давлат тақсим шудааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ба камияш 250 ҳазор нафар аз ғайринизомиҳо дар маҳаллаҳои таҳти назорати шӯришиён дар муҳосира қарор гирифтаанд. Ин созмон пештар ибрози умед карда буд, ки дар ҷараёни оташбас маҷрӯҳонро аз шаҳр хориҷ мекунад, вале ин амалиёт бидуни муваффақият поён ёфт.

XS
SM
MD
LG