Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари машҳури чашмобии афғон дар Покистон боздошт шуд


Зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ бо чашмони сабзранги вай рӯи муқоваи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуд ва ӯро ба шуҳрат расонд, ба иттиҳоми тақаллуби санадҳо, дар Покистон боздошт шуд.

Аксе ки Стив МакКарри (Steve McCurry ) дар солҳои ҳаштоди асри гузашта аз Шарбат Гул ё Шарбат Гула дар Носир Боғ -- яке аз урдугоҳҳои паноҳандагони афғон дар шаҳри Пешовар гирифт, ба машҳуртарин шумора дар таърихи интишори ин маҷалла мубаддал шуд.

Ба гузориши Франс-пресс, боздошти ӯ нишон медиҳад, ки ҳамзамон бо бештар шудани фишори пулиси Покистон ба хориҷиёне, ки иҷозаи иқомат надоранд, бисёре аз муҳоҷирони афғон барои фирор аз бозгашт ба кишвари ҷангзадаи худ, ҳозиранд ба чӣ корҳое даст бизананд.

Кормандони таҳқиқоти федералии Покистон пас аз ду соли таҳқиқ дар мавриди ӯ ва шавҳараш, ки акнун фирорӣ аст, Шарбат Гулро боздошт кардаанд. Як сухангӯи ин идора афзуд, акнун дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти шаҳрвандии ин кишвар ҳастанд, ки барои ин зани афғон санадҳои ҷаълӣ содир кардаанд.

Ба гуфтаи ин мақом, дар сурати маҳкумияти Шарбат Гул, вай мумкин аст ба 14 сол зиндон ва ё аз 3 то 5 ҳазор доллар ҷарима шавад.

Аммо хеле баъид ба назар мерасад, ки Шарбат Гула ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шавад, зеро бисёре аз афғонҳое, ки ба чунин чурм маҳкум шудаанд, қабл аз оғози давраи ҷазо, ба Афғонистон бозпас фиристода шудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин зан дар моҳи апрели соли 2016 бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешовар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд. Ҳазорон муҳоҷири афғон бо тақаллуб дар системаи компютерии сабти аснод дар Покистон тавонистаанд корти шиносои бигиранд.

Дар аксе, ки рӯи санади шиносоии ҷаълии ӯ қарор дорад, метавон ҳамон чашмони сабзранги Шарбат Гуларо, ки дар акси Стив МакКарри рӯи тасвир омада буд, дид, ҳарчанд каме пиртар ба назар мерасад. Акси аслӣ дар соли 1984 дар урдугоҳи паноҳандагон дар шимол-ғарби шаҳри Пешовар ва дар замони ишғоли Афғонистон аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба дунболи пахши хабари боздошти Шарбат Гул дар Покистон, Стив МакКарри аз боздошти ин қаҳрамони худ, нигаронӣ кардааст. Ӯ дар як сӯҳбат ба Art Newspaper гуфтааст, ки барои ҳимояти қонунӣ аз Шарбат Гул ва хонаводааш талош хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки боздошти Шарбат Гул хушунат алайҳи ҳуқуқи башар мебошад

Стив МакКарри ҳабдаҳ сол баъд ва пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, саранҷом дар соли 2002 дубора Шарбат Гулро пайдо кард. Ӯ бо як нонвой ё нонпаз издивоҷ карда буд. Се фарзанд дошт ва дар як деҳаи дурафтодаи Афғонистон зиндагӣ мекард.

Аз соли 1979 ва ишғоли Афғонистон аз сӯи артиши шӯравӣ, хоки Покистон ба муддати чиҳил сол паноҳгоҳи нисбатан амне барои миллионҳо паноҳандагони афғон будааст. Тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди чаҳор миллион афғон дар Покистон сабти ном шудаанд ва ин кишвар аз назари қабули паноҳҷӯён дар сатҳи ҷаҳон дар рутбаи савум қарор дорад. Ба тахмини СММ, ҳудуди як миллион муҳоҷири дигари афғон бидуни иҷозаи иқомат дар Покистон зиндагӣ мекунанд.

Шарбат Гула.
Шарбат Гула.

Ҳукумати Покистон аз соли 2009 мӯҳлати таъйиншуда барои бозгашти афғонҳо ба кишварашонро борҳо ба таъхир андохтааст, вале ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Покистон баъд аз моҳи марти соли 2017, ҳузури муҳоҷирони афғонро дигар таҳаммул нахоҳад кард.

Муҳоҷирон ва паноҳандагон бинобар назорати сахти мақомоти Покистон дар мавриди касоне, ки корти шаҳрвандии покистонӣ гирифтаанд, аз ояндаи худ сахт нигаронанд. Тибқи омори СММ, соли ҷорӣ ҳудуди 350 ҳазор муҳоҷири афғон ба кишвари худ баргаштаанд ва пешбинӣ мешаванд, ки раванди бозгашт идома ёбад.

Онҳо дар Афғонистон бо ояндаи номаълуме рӯбарӯ ҳастанд, чун дар манотиқи мухталифи ин кишвар гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ба таври густурда ҳузур доранд ва ин паноҳандагони дар сурати бозгашт, зиндагии беҳтар аз урдугоҳҳо нахоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG