Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи Пағмон ҷомеаи афғонро такон дод


Имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон ба иловаи бӯҳрони интихоботӣ, ҳодисаи дигари иҷтимоӣ сару садои зиёде ба по кардааст.

Ҳодисаи ахири таҷовузи ҷинсии дастаҷамъӣ бар гурӯҳе аз занон дар минтақаи Пағмон, ҷомеаи Афғонистонро такон дод. Ҳудуди ду ҳафта қабл чанд тан бо либоси пулис занони як хонаводаро дар вулусволии Пағмон пас аз гирифтани тилловориҳояшон, мавриди таҷовуси ҷинсӣ қарор доданд. Расонаҳои афғонӣ менависанд, ки ин гурӯҳи занон бо мардони хонаводаашон дар роҳи бозгашт аз як маросими арӯсӣ аз минтақаи Пағмон, аз сӯи як гурӯҳи мардони мусаллаҳ мутаваққиф шуданд. Афроди мусаллаҳ, ки 16 нафар будаанд, мардони ин хонаводаро дуртар бурда дастони онҳоро бастанд ва чаҳор занро то субҳ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд.

Пас аз ин ҳодиса, фармондеҳи амнияти Кобул дар чанд амалиёти ҷудогона ва ба ҳамкории пулиси вилояти Ғазнӣ шаш тан аз омилони ин қазияро боздошт кард ва хоҳони ҳукми эъдоми онҳо аз сӯи раиси ҷумҳури Афғонистон шуд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам гуфтааст, агар додрас алайҳи омилони ин ҷиноят ҳукми эъдом содир кунад, дар имзои он таъхир нахоҳад кард. Сафорати Амриқо дар Кобул низ таҷовузи гурӯҳии зинони афғон дар Пағмонро маҳкум кард ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар низ хоҳони эъдоми омилони ин ҷиноят шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, садҳо тан аз донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул, сокинони пойтахти Афғонистон ва минтақаи Пағмон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар, хоҳони эъдоми ҳар чӣ зудтари омилони ин таҷовузи ҷинсӣ шудаанд. Онҳо рӯзи ҷумъа дар як раҳпамоии эътирозомез дар наздикии "Тоқи Зафар"-и Пағмон аз ҳукумати Афғонистон хостаанд, то дар ин маврид хомӯшӣ ихтиёр накунад ва ҳарчи зудтар дар ин бора иқдом намояд. Бархе аз ширкаткунандагон дар ин раҳпаймоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар ба ин қазия аз сӯи ҳукумат расидагӣ сурат нагирад, даст ба эътирозҳои густурда хоҳанд зад.

Пас аз вуқӯи ин ҳодиса ва эътирофи омилони он пас аз дастгир шудан аз сӯи пулис, бештари ниҳодҳо ба шумули мардуми Афғонистон тақозо карданд, ки ин афрод эъдом шаванд. Мардум мегӯянд, ҳар гоҳе ин афрод муҷозот ва дар пеши чашми мардум ба дор овехта шаванд, пеши роҳи ин гуна ҷиноятҳо дар оянда гирифта хоҳад шуд ва касе дигар ҷуръати ин корро нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG