Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаи Лионел Месси ба “Месси”-и кӯчак аз Афғонистон


Муртазо бо тӯҳфае, ки Лионел Месси барояш фиристодааст
Муртазо бо тӯҳфае, ки Лионел Месси барояш фиристодааст

Ситораи футбол Лионел Месси ба Муртазо, як кӯдаки панҷсолаи афғоне, ки аз як порчаи селофанӣ футболкаи монанд ба либоси варзишии Месси сохта буд, тӯҳфа фиристодааст.

Ситораи тими футболи “Барселона” ва тими миллии Аргентина Лионел Месси ба Муртазо Аҳмадӣ – як кӯдаки панҷсолаи афғоне, ки баъди нашри аксҳояш дар Интернет бо футболкаи селофании монанд ба либоси варзишии Месси машҳур шуда буд, як тӯби футбол ва ду футболка бо имзои худашро тӯҳфа фиристодааст.

ЮНИСЕФ – Сандуқи кӯдаки СММ дар Афғонистон рӯзи 25 феврал акси Муртазо Аҳмадии хушҳолу болидаро дар Интернет нашр кард. Ӯ дар ин акс футболкаи тими миллии Аргентинаро бо имзои Лионел Месси дар тан дошт. Муртазо Аҳмадӣ гуфтааст, “ман Мессиро дӯст медорам ва ин футболкаам мегӯяд, ки Месси ҳам маро дӯст медорад.”

Бино ба гузориши ЮНИСЕФ, Месси ин тӯбу футболкаҳои тими миллии Аргентина ва бошгоҳи “Барселона”-ро тавассути дафтари ин созмон дар Кобул фиристодааст.

Футболкаи селофании Муртазо
Футболкаи селофании Муртазо

Исми Муртазо Аҳмадӣ дар моҳи январ баъди нашри аксе, ки ӯ дар он футболкаи селофании монанд ба футболкаҳои тими миллии Аргентина ва бо рақами 10 ва исми Месси бозӣ мекард, шӯҳрати саросарӣ пайдо кард. Ба дунбол, Радиои Озодӣ ин кӯдакро пайдо карда, видеои ӯро нашр кард, ки Муртазо дар он бо ҳамин футболкаи селофанӣ дар як замини пур аз санге дар канори манзилашон дар вулусволии Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ футбол бозӣ мекард. Муртазо Аҳмадӣ дар ин видео мегуфт, як орзуяш расидан ба дидори Лионел Месси мебошад.

ЮНИСЕФ аз қавли Лионел Месси нақл мекунад, ки гуфтааст, ӯ ҳам хеле мехоҳад бо ин “Месси”-и кӯчаки афғон мулоқот кунад.

Дар саросари дунё миллионҳо кӯдак мухлиси Лионел Месси мебошанд ва либос ва ё пероҳани ӯро ба тан мекунанд. Аммо Муртазо аз нодорӣ то ҳол имконе надошт, ки пероҳани Мессиро бихараду бипӯшад ва ночор аз як порчаи селофанӣ барои худ футболкаи монанд ба либоси футболбози маҳбубашро дуруст карда буд.

Лионел Месси
Лионел Месси

Дар матбуот дар пасманзари матлабҳои фаровон дар бораи иҳаёҳуе, ки ин “Месси”-и афғон ба по кард, навиштанд, дар ҳоле ки даромади Леонил Месси танҳо дар соли 2014 ба 65 миллион доллар баробар будааст ва ӯ гаробаҳотарин футболбози ҷаҳон ба шумор меравад, Муртазои панҷсола ҳатто тӯби футбол ҳам надорад, ки бозӣ кунад.

Лионел Месси имрӯз ду орзуи Муртазоро бароварда кард ва ваъда дод, ки ӯро ба орзуи сеюмаш, яъне расидан ба дидори ин ситораи маҳбубаш низ хоҳад расонд.

Лионел Месси – ҳамлагари 29-солаи дастаи "Барселона"-и Испания ва тими мунтахаби Аргентина мебошад ва панҷ бор беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст. Бисёриҳо саҳми ӯро дар футбол ҳамсанги ситораҳои бузурге, чун Пелеи бразилиягӣ ва ҳамватанаш Марадона мешуморанд ва мегӯянд, Месси то поёни собиқаи варзишиаш ҳанӯз фурсат дорад, ки аз ҳарду ҳам пеш гузарад.

"Месси"-и афғон дар интернет ҳаёҳу барпо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

XS
SM
MD
LG