Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Месси бори панҷум "Тӯби тилоӣ"-ро соҳибӣ кард


Ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания ва тими мунтахаби Аргентина барои бори панҷум ҷоизаи "Тӯби тилоӣ"-ро аз они худ кард. Барои дарёфти ин ҷоиза бо ӯ Криштану Роналду рақобат дошт.

Лионел Месси - ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания ва тими мунтахаби Аргентина, барои бори панҷум "Тӯби тилоӣ" – гаронбаҳотарин ҷоизаи ҷаҳонии футболро ба худ ихтисос дод. Маросими тақдими ин ҷоиза шоми 11 январ дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд.

Бар асоси муқаррароти ФИФА, ҷоизаи "Тӯби тилоӣ" ба футболбозе дода мешавад, ки раъйи бештари мураббиёну капитани дастаҳои мунтахаби ҷаҳон ва хабарнигоронро ба даст овардааст.

Ин панҷумин ҷоизаи "Тӯби тилоӣ"-и Лионел Месси маҳсуб мешавад. Рақибони аслии Месси барои дарёфти ин ҷоиза Криштану Роналду, ҳамлагари дастаи "Реал"-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия ва Неймар, ҳамлагари дастаи "Барселона" ва дастаи мунтахаби Бразилия ба ҳисоб мерафтанд.

Дар соли 2013 Лионел Месси чаҳорумин “Тӯби тилоӣ”-ро соҳиб шуда ва дар таърихи футбол ба унвони футболбозе шинохта шуд, ки пайи ҳам дар чор сол футболбози беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст.

Аз сӯи дигар, тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ –CIES, Лионел Месси аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон маҳсуб шуда ва қимати ӯ 220 миллион евроро ташкил медиҳад.

Дар моҳи гузашта хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи Футболи Аврупо-УЕФА Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 унвон карда буданд.

XS
SM
MD
LG