Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуғафури Орзу: “Афғонистон ва Тоҷикистон мушкиле бо ҳам надоранд”


Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Сафири кабири Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафури Орзу мегӯяд, аз равобити ҳасанаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳарду тараф бурд мекунанд.

Дар робита ба сафари расмии Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Шӯрои Миллӣ ё порлумони Афғонистон ба Тоҷикистон ва масъалаҳои муҳими мавриди баррасии ӯ бо мақомоти тоҷик Радиои Озодӣ сӯҳбати ихтисосиеро бо Абдуғафури Орзу, сафири кабири Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон анҷом дод ва нахустин суол низ дар мавриди ҳадафи сафари раиси Шӯрои Миллӣ ё порлумони Афғонистон ба Тоҷикистон буд.

Абдуғафури Орзу: "Абдурауф Иброҳимӣ, раиси порлумони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон сурат мегирад ва ин сафар бидуни шак бар мабнои дӯстии дуҷониба аст. Чун порлумонҳо хонаи миллатанд ва намояндагони порлумонҳо садои миллатҳо мебошанд ва аз он ҷое, ки миллати Афғонистон ва миллати Тоҷикистон ва мардумони ду кишвар дорои фарҳангу дину забону таъриху тамадуни муштараканд, пас садои порлумонҳои Афғонистон ва Тоҷикистон садои мардумони ҳар ду миллату мардуми кишвар ҳастанд. Умедворем ин сафар ба дӯстиҳои бештар мебарад миёни Афғонистону Тоҷикистон мебарад. Табиист, ки дар ин сафар мулоқотҳои дуҷониба, ба хусус бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин бо вазирони адлия ва корҳои дохилии Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд."

"ДУ ДӮСТИ ОЛӢ ВА ҲАМСОЯИ НЕК"

Озодӣ: Муҳимтарин масоиле, ки дар ҷараёни дидору гуфтугӯи Абдурауфи Иброҳимӣ бо мақомоти тоҷик матраҳ мешавад, кадомҳоянд?

Абдуғафури Орзу: "Раиси порлумони Афғонистон дар раъси як ҳайати қувваи муқаннана ё қонунгузор қарор дорад ва густариши равобиту ҳамкориҳои порлумонӣ дар меҳвари дидору гуфтугуҳои ин ҳайат бо мақомоти тоҷик хоҳад буд. Умедворем бо эҷоди анҷуманҳои дӯстӣ миёни порлумонҳои ду кишвар, равобити порлумонӣ, густаришу таҳкими бештар касб кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба марзи ҳудуди 1400 км –и Тоҷикистону Афғонистон, равобити ҳар ду кишвар пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар сатҳи хеле олӣ аст ва то имрӯз як равобити бисёр зебо буда ва дар тамоми арсаҳо ба пешрафт расидааст. Аз ин ҷиҳат дар ин сафар кӯшиш хоҳад шуд, то дар тамоми соҳаҳо гуфтугӯҳо анҷом бишавад ва ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба заминаҳои мусоид фароҳам бишавад. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар баёноти худ фармудаанд, ки Тоҷикистон яке аз дӯсти олии Афғонистон аст ва дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистон дӯсти беҳтарин барои Афғонистон аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳамеша бар дӯстии Афғонистон таъкид мекунад. Паёми ин сафар низ он аст, ки дӯстии Афғонистону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ идома хоҳад дошт."

Озодӣ: Ҷаноби сафир, чун ба ҳамсоягӣ ва ҳаммарзии Афғонистон бо Тоҷикистон ишора кардед ва Тоҷикистон низ бо Афғонистон бузургтарин марзро дар миёни кишварҳои ҳамсоя дорад. Аммо баҳсҳо сари таъйини хутути марз то ба куҷо расидаанд?

Абдуғафури Орзу: "То он ҷое, ки мо медонем, ҳеҷ мушкилоти марзӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад ва тули ин марз, ки ҳудуди 1400 км аст ва аксарияти онро Омударё ташкил медиҳад ва дар ниҳоят миқдори бисёр ҳам андаке замини хокӣ аст. Бинобар ин мо дар нуқоти марзӣ мушкиле надорем ва ҷизҳои кӯчаке, ки аст, ҳалшаванда мебошанд."

Озодӣ: Пас, раванди аломатгузории хатти марз миёни Афғонистон ва Тоҷикистон комилан ҳал шудааст?.

Абдуғафури Орзу: "Гуфтугӯ ҷараён дорад ва аз лиҳози ҳуқуқӣ кор дар ҷое, ки ниёз аст, бо тафоҳум ва дӯстӣ миёни ҳар ду кишвар сурат мегирад. Аммо дар мавриди чанд дарсади марз мушкил дорад ё хайр, ин гуна мавзӯъ қобили тарҳ нест, чун марз бисёр тулонист."

ХАТАРЕ ДАР ДУРНАМО ҲАСТ?

Озодӣ: Мубориза алайҳи терроризм, яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аст. Аммо ахиран гурӯҳҳои тундрав дар ҳоле, ки Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ё НАТО дар ҳоли хориҷ шудан аз Афғонистон ҳастанд, дар манотиқи шимоли Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, фаъол шудаанд. То куҷо хатари ин гурӯҳҳо ба амнияти Тоҷикистонро воқеӣ медонед?

Абдуғафури Орзу: Нуктаи аввале, ки бояд ишора кунам, ин аст, ки экстремистҳо ва террористҳо ва қочоқбарони маводи мухаддир душманони башарият ҳастанд ва экстремизм ва терроризм дар берун аз марзи Афғонистон қарор дорад, ки талош мекунад, то аз тариқи Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфуз кунанд. Яъне Афғонистон сипари амниятии кишварҳои Осиёи Марказист ва бинобар ин душмани мардуми мо экстремистҳо ва теруристҳо мебошанд. Мардуми мо низ солиёни дароз алайҳи терроризм мубориза бурда ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аз ин ҳимоят кардааст. Нуктаи дуввум ин аст, ки Тоҷикистон ва Афғонистон муттаҳид алайҳи тероризм мубориза мебаранд. Нуктаи сеюм ин аст, ки урдуи миллии Афғонистон тавони мубориза алайҳи терроризмро доранд ва пирӯз ҳам шудаанд. Аммо амалиёти интиҳорие, ки ин гурӯҳҳо анҷом медиҳанд, ин нишондиҳандаи заъфи онҳост, на нишондиҳандаи қувваташон. Тавонои урдуи мо тасбит шуда ва нируҳои Афғонистону Тоҷикистон дар мубориза алайҳи террористҳо ва экстремистҳо ҳамкории хубе доранд ва намегузорнад, то душман пирӯз шавад.

Озодӣ: Дар ин иртибот, аз гузоришҳои расмӣ бар меояд, ки миёни ин гурӯҳҳо тоҷиктаборон низ ҳастанд. Қазия ва сарнавишти афроди боздоштшуда, ба хусус он нафаре, ки фаранҷӣ ба сар дошт, ба чӣ анҷомид?

Абдуғафури Орзу: Терурист терурист аст ва наметавонем барои терурист шиноснома содир кунем ва бигуем, ки ин тоҷик аст ё ғайри тоҷик. Онҳое, ки ба Афғонистон ҳамчун терурист ва экстремист меоянд, ба унвони душманони мардуми Афғонистон, мардуми Тоҷикистон ва душманони башарият ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, ҳар террористе, ки дар қаламрави Афғонистон дастгир мешавад, тибқи қавонини адлӣ ва қазоии Афғонистон муҳокима мешавад ва бар асоси тавофуқнома ё санади миёни ду кишвар гуфтугӯ сурат мегирад ва мавзӯи истирдодаш ҳаллу фасл мешавад.

ТАБОДУЛИ МАҲБУСОН

Озодӣ: Дар иртибот ба мавзӯи истирдод, дар гузашта дар маврид истирдоди маҳбусони афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, баҳс вуҷуд дошт, Ин мавзӯъ ба куҷо расида ва ҳал шудааст?

Абдуғафури Орзу: Байни Афғонистон ва Тоҷикистон созишномае вуҷуд дорад, ки баҳси интиқоли зиндониён матраҳ аст. Баҳси интиқоли зиндониён ғайр аз истирдоди муҷримин аст. Ин созишнома иборат аз он аст, ки як теъдод зиндониёне, ки муддате аз ҳабси худро сипарӣ карда бошанд ва барои идомаи даври зиндонии худ ба Афғонистон интиқол меёбанд ё аз Афғонистон ба Тоҷикистон. Мо то ҳол борҳо чунин истирдодеро доштем ва дар гузашта аз Тоҷикистон 252 нафар ба Афғонистон мунтақил шуд. Қарор буд, беш аз 80 нафар дигар низ мунтақил шавад, аммо 31 нафар мунтақил шуда ва 51 нафари дигар дар ростои интиқоланд. Маҳбусони тоҷике, ки дар зиндонҳои Афғонистон ҳастанд, онҳо низ бо сипарӣ кардани мӯҳлат ба Тоҷикистон интиқол мешаванд.

БАРҚ БА АФҒОНИСТОН

Озодӣ: Дар канори дигар ҳамкориҳо дар самти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонитсон низ ҳамкории хубе доред. Мизони воридшавии барқ дар фасли зимистон то куҷо дар қиёс ба тобистон тағйир меёбад ё хайр?

Абдуғафури Орзу: Бар асоси созишномаи дуҷониба Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки дар тобистону зимистон ба миқдори 100 мегават нерӯи барқ ба Афғонистон интиқол бидиҳад. Ҳатто дар тобистон интиқол бояд бештар бошад, меъёр нест. Мо мушкилоти ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунем, дар масъалаи энержӣ, ки марбут ба обу борон аст. Гоҳҳо мо ба ҷои 100 мегават барқ 50-70 мегаватт мегирем. Умедворем, ки ҷониби Тоҷикистон мушкилоти ҷониби Афғонистонро дарёбад. Ба ин маъно, ки мо барқро аз Туркманистон мегирем, аз Ҷумҳурии исломии Ирон мегирем, аз Узбакистон мегирем. Ниёзҳои мардуми Афғонистонро мо наметавонем, ин гуна посух бидиҳем, ки дар зимистон ҷониби Тоҷикистон наметавонад, миқдори ваъдагии барқро, бо далоиле, ки гуфтем, аз иродаи давлатмардон хориҷ аст, интиқол диҳад. Мо маҷбур ҳастем барои ниёзҳои мардуми худ барқро таъмин кунем. Хоҳиши мо, орзӯи мо ин аст, ки бегумон ҷониби Тоҷикистон бар асоси созишнома миқдори 100 мегават барқе, ки тааҳҳуд шудааст, ба ҷониби Афғонистон дар зимистон ҳам бидиҳад. Дар ғайри сурат мо маҷбурем, дар баробари ниёзҳои мардум ба барқи дигар кишварҳои ҳамсоя умед бубандем. Аз ин ҷиҳат, ки барқи ҷониби Тоҷикистон барқи арзон ва бидуни зарарҳои муҳитзистист, ҷониби Афғонистон алоқа дорад, ки бештарин харидори барқи Тоҷикистон Афғонистон бошад. Ҷаноби Олӣ ҳамеша карданд, ки дар зимистон ҳам мо ба шумо миқдори 100 мегават барқро таъмин мекунем. Умедворем, ки ин ваъда вафо мешавад. Агар нашуд ҳам, боз ҳам мо дӯстони худро дарк мекунем.

Озодӣ: Гуфтед, ки барқи Тоҷикистон арзонтарин аст. Бо кадом қиммат шумо барқи Тоҷикистонро дастрас мекунед?

Абдуғафури Орзу: Бубинед, ки барқи обӣ дар тамоми дунё нисбат ба барқи гозӣ ва дигар барқҳо арзонтар аст. Ин як муқаррароти байналмилалӣ ҳаст, яъне мутааллиқ ба ҷониби Тоҷикистон нест. Дар ҳар сол фикр мекунам, ду дарсад қиммати барқи Тоҷикистон боло меравад. Имсол ҳам ҳайате аз ҷониби мо омаданд ва бо ҷониби Тоҷикистон созишнома имзо карданд. Бар асоси тафоҳумнома қимати барқ андаке афзоиш пайдо кард, ки аз он ҷониби Афғонистон розист.

ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ

Озодӣ: Аз ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ сӯҳбат доштем. Оё аз ҳамкориҳои фарҳангӣ қаноатманд ҳастед?

Абдулғафури Орзу (аз чап) ва Хуршеди Ҳамдам ҳангоми мусоҳиба

Абдулғафури Орзу (аз чап) ва Хуршеди Ҳамдам ҳангоми мусоҳиба

Абдуғафури Орзу: Мо як ҳувияти миллӣ, як ҳувияти фарҳангӣ ва тамадунӣ муштарак дорем. Пайванди мо-пайванди фарҳангӣ, тамаддунӣ ҳаст, ки дар маркази он забони муштарак, дини муштарак, торихи муштарак, расму оину фарҳанги муштарак қарор дорад. Бино бар ин, равобити фарҳангӣ бисёр дар сатҳи олӣ қарор дорад. Ҳамин лаҳза бостоншиносони Тоҷикистон дар Афғонистон кор мекунанд. Ҳамчунин, теъдоди зиёди пизишкони тоҷик дар Афғонистон пайи кор ҳастанд. Донишҷӯёни зиёди мо омада, дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки аксарашон бо маблағи шахсии худашон таҳсил доранд, ки албатта мо аз ин лутфи ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Аммо танҳо паёме, ки ман дорам ва аз вазири Маорифи Тоҷикистон ҳам хоҳиш карда будам, ин ҳаст, ки умедворем, ки муҳассилини моро дар се мақтаъ: магистрӣ, бакалавр ва аспирантурӣ қабул кунанд ва дар айни замон инҳо бештар дар Душанбеву Хуҷанд дарс бихонанд. Ба далел аз ин ки машрӯъияти равобити Тоҷикистону Афғонистон танҳо ба иродаи давлатмардон вобаста нест, мардум ҳам ин ҷо нақши муҳим доранд. Хости мо ин аст, ки донишҷӯёни мо бо салоҳиятҳои бештар дар марокизи Тоҷикистон таҳсил дошта бошанд. Мо сӣ сол ҷангҳои хунинро сипарӣ кардем дар Афғонистон. Мо хоҳони ин ҳастем, ки фарзандони Афғонистон мехоҳанд дар ин ҷо таҳсил кунанд фазои маданиро таҷриба кунанд, ки ин дар Душанбе имконпазир аст. Хоҳиши мо ин аст, ки муҳассилини мо дар Душанбе ва Хуҷанд дарс бихонанд. Дар соли гузашта таҷриба дорем, ки муҳассилини мо дар Кӯлоб дарс мехонданд, саранҷом тарки таҳсил карда рафтанд. Мушкилоте буд, ки натавонистанд, таҳаммул кунанд. Шояд ба ин далел буд, ки аз 58 бурс ҳамагӣ 28 бурсаш барои таҳсил ба Тоҷикистон омад.

Озодӣ: Чаро шумо бештар хоҳони таҳсили донишҷӯёни афғон дар марказ ҳастед?

Абдуғафури Орзу: Ба ҳар ҳол шумо медонед, ки дар тамоми дунё дар пойтахт имконот бештар аст. Далели дигар ин иқтисодӣ ҳаст, ки дар марказ ба онҳо ҷои хобу дигар шароит муҳайё ҳаст. Ба ҳар ҳол, мо дӯст дорем, ки дар Тоҷикистон донишҷӯи бештар дошта бошем. Ҳоло мо ҳудуди 90 нафар донишҷӯ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дорем, ки ин хело кам аст.

ПАС АЗ ИНТИХОБОТИ ПУРҒАВҒО

Озодӣ: Афғонистон як интихоботи пурҷанҷолро пушти сар гузошт ва ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ даст ёфт. Роҳбурди ҳукумати ваҳдати миллӣ дар нисбат ба Тоҷикистон ягон вижагиеро касб хоҳад кард ва ё муносибот ҳамчуноне буд, боқӣ хоҳад монд?

Абдуғафури Орзу: Раиси ҷумҳури исломии Афғонистон ҷаноби доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ дар маросими савгандхӯрӣ, ки дар Кобул баргузор шуд ва ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров дар раъси ҳайате аз Тоҷикистон он ҷо ҳузур дошт, дар дидор бо онҳо гуфта буданд, ки равобити миёни Тоҷикистону Афғонистон аз гузашта бештару хубтар густариш бояд пайдо кунад. Ҳатто бояд як комиссиуне таъсис ёбад, ки ин масъаларо баррасӣ кунад, ки мо чӣ тавр аз ҳозира муносиботи худро хубтар карда метавонем. Раис ҷумҳури имрӯзи мо ва раиси ҷумҳури қаблии мо як дидгоҳи хуб дар мавриди Тоҷикистон доштанду доранд. Ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳам бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон яке аз дӯстони содиқи Афғонистон буд ва боқӣ мемонад. Мо бовар ба ин дорем, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ин дӯстӣ идома хоҳад дод ва ин равобит бештар хоҳад шуд. Нуктаи дигар ҳаст, ки Афғонистон тавони сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад. Боре вазири молияи мо дар дидор бо вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфтанд, ки агар шумо заминае сармоягузориро фароҳам созед, мо метавонем ҳади ақал сад сармоягузори байналмилалиро мегӯем, ки ба Тоҷикистон биоянд ва ин ҷо сармоя бигузоранд. Сармоягузорони мо дар Дубайу дигар кишварҳои пешрафта ҳастанд, ки мо аз онҳо даъват мекунем, ки биоянд, дар Тоҷикистони азиз сармоя бигузоранд.

Озодӣ: Яъне мушкилоте дар заминаи фароҳам кардани сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорони афғон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, бале?

Абдуғафури Орзу: Сармоягузор он ҷое сармоя мегузорад, ки беҳтарин шароит аз назари ҳуқуқӣ мусоид бошад. Хости мо ин аст, ки сармоягузорони афғон биёянд ба Тоҷикистон ва дар ин ҷо сармоягузорӣ кунанд ва ҷониби Тоҷикистон низ бояд аз назари ҳуқуқӣ ҳамин ҷозибаро бештар кунанд. Ҳоло ширкатҳои афғоние ҳастанд, ки дар Тоҷикистон фаъоланд. Ин аст, ки вазири молияи Афғонистон дар дидори ахири худ бо Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъкид карданд, ки агар шумо қавонини сармоягузориро осон бисозед ва ҷозибаро бештар кунед, ҳамаи тоҷирони бузурги мо аз ҳамаи ҷаҳон ба Душанбе хоҳанд омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG