Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони Фархунда, ҷавонзани афғоне, ки аз сӯи издиҳом дар шаҳри Кобул кушта ва оташ зада шуд, хазинаеро ба номи ӯ таъсис медиҳанд.

Наздикони зани афғоне, ки рӯзи 19 март дар шаҳри Кобул аз тарафи издиҳом кушта ва мурдааш оташ зада шуд, ҳоло мехоҳанд хазинаеро ба номи ӯ таъсис диҳанд.

Муҷибулло Маликзода, бародари Фархунда, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин Бунёд аҳдофи дар зиндагӣ дошта ва барои онҳо қурбон шудаи хоҳарашро таҳқиқ хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Як орзуи Фархунда ин буд, ки инсон бояд ба мақоми инсонии худ бирасад ва ба зулм алайҳи инсон мубориза барад. Дуввум – ӯ чун муаллим буд ва ишқ ба тадрис дошт, мехост донишу мафкураи худро ба хоҳару бародаронаш интиқол диҳад.”

Фархундаи 27-сола рӯзи 19 март дар назди масҷиди “Шоҳи душамшера”-и Кобул баъд аз иддаои як мулло дар бораи гӯё таш задани китоби "Қуръон" мавриди латукӯби издиҳоми хашмгин қарор гирифт. Ҷасади беҷони Фархундаро сипас сӯзонда, ба рӯдхонаи Кобул андохтанд.

“ФАРХУНДА ХОҲАРИ МАН БУД, ҲОЛО ХОҲАРИ ҲАМА АСТ”

Навори видеоии ин куштори ваҳшиёна интернетро “тарконд” ва мақомот ба тафтиши қазия пардохта муқаррар карданд, ки Фархунда маризии рӯҳӣ надошт ва як зани солиму таҳсилкардаи мазҳабӣ буд. Ягон далели аз сӯи ӯ сӯзонидани Қуръон ҳам пайдо нашуд. Вазорати умури дохилиии Афғонистон эълом дошт, ки дар чаҳорчӯби таҳқиқи куштори Фархунда тақрибан 30 нафар боздошт шудаанд.

Воҳид Мужда, сиёсатшиноси муқими Кобул мегӯяд, ки ин ҳодиса афғонҳоро сахт такон дод, Ба гуфтаи ӯ, “манзараи зани оғуштаи хун, ки аз издиҳом илтиҷо мекард, латукӯбаш накунанд, вориди ҳар хонаи афғон шудааст ва ҳар кас худу аъзои хонаводаашонро дар пироҳани Фархунда эҳсос мекунад”.

Баъди хабари қатли худсарона ё “суди Линч” дар канори масҷиди “Шоҳи душамшера” мардуми зиёди хашин ба хиёбонҳо рехтанд. “Мо ҳама Фархундаем!” ва “Марг ба қотилон!” – шиорҳои намоишҳои эътирозӣ дар Кобул буданд.

Селай Ғаффор, ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, ки қазияи Фархунда дигар қазияҳои хушунатҳои сангин алайҳи занону духтарони афғон, аз ҷумла, аз сӯи муллоҳо таҷовуз шудани духтарони 12-сола ва пошидани осид ба сару рӯи духтаракони толибилмро бори дигар пеши назар овард. “Тоқати мардум тоқ мешавад, мегӯяд ӯ, Бас аст!”

Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари ҳаракати “Раванди сабз” дар Твиттер навишт, ки “Фархунда – рамзи мубориза бо беадолатӣ ва беқонунӣ аст.”

Пайвандони Фархунда либоси сиёҳи мотам ба бар кардаанд ва аз ин рӯ аз сӯҳбат бо расонаҳо канораҷӯӣ мекунанд. Муҷибуллоҳ, бародари Фархунда, баъд аз эълони тасмими Хазинаи Фархунда ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ хоҳари ман буд, ҳоло хоҳари ҳама аст”.

"ИСЛОМ ИНРО МАҲКУМ МЕКУНАД"

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қатли Фархунда аз сӯи издиҳомро маҳкум кард ва онро "тундгароӣ" ва "амали мутаассибон" номид.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин амал ҳаргиз барои дифоъ аз китоби муқаддаси мусулмонҳо набуд.” Ӯ афзуд, аз ин ҳодиса аъзои раёсати Маркази исломии Тоҷикистон ҳам сахт дар ҳайрат шуданд ва “ҳамаи онҳо ба ин назар буданд, ки ин аз кӯтоҳандешии баъзе аз мусалмонҳост ва чунин рафтор ба номи дини ислом иснод меорад."

Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки шариат муҷозоти бидуни муҳокимаи қонуниро шадидан қабул надорад. “Вақте сухан аз сар задани ҷиноят аз сӯи фарде меравад, то замоне, ки ин ҷиноят пурра собит нашавад, ҳеҷ кас он шахсро наметавонад гунаҳкор хонад, ин шахс фақат гумонбар аст. Ва агар гуноҳи ӯ собит нашавад, ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон муҷозот кард. Дини ислом дар баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла, дар мавриди зино ва рафторҳои ғайриахлоқии ҷинсӣ.шаҳодати чаҳор шоҳидро ҳатмӣ мешуморад”. Зимнан, масъулияти шоҳид ҳам хело бузург аст ва агар ӯ шаҳодати бардурӯғ диҳад, худаш муҷозот мешавад ва ягон маҳкама шаҳодаташро ба инобат намегирад. Донишманд меафзояд, “дар сураи “Ҳуҷрот” гуфта шудааст, ки ҳар вақте хабаре ба шумо расид, ҳатман воқеъити онро ҷустуҷӯ кунед, то ба қавме ё ба касе ноогоҳона ва аз рӯи ғафлат зарба назанед. Ҳатто агар сад дар сад ба ҷинояткор будани он шахс мутмаин шудед, бидуни шунидани тарафи муқобил ҳаққи тасмимгирӣ надоред”. Тоҷиддин Асомиддинзода мегӯяд, ҳамаи ин мавзӯъҳо дар китоби “Қазо”, яъне китоби додрасӣ, китоби ҷудогона дар фиқҳ аст, ба таври мӯшикофона интикос шудаанд.

"СӮЗОНДАНИ "ҚУРЪОН" БА ХОТИРИ ТАҲРИК АСТ"

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи равоншиносон, афроде, ки Фархундаро латукӯб мекарданд ва баъдан ӯро оташ мезаданд, бештар афроди аз ақл бегонашударо мемонданд. Ин навор андешаеро дубора дар зеҳнҳо бедор кард, ки оё воқеъан ҳам ба шӯр овардану таҳрик додани мусалмонҳо назар ба пайравони дигар динҳо осонтар аст?

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, устоди Донишгоҳи шаҳри Кобул мегӯяд, «як сабаб он аст, ки дар кишварҳои исломӣ рӯҳияи мазҳабӣ хело қавист ва ҳам фақиру ҳам доро дар мавриди дину мазҳаб хело ҳассосанд ва ягон хел тавҳину иҳонат ба муқаддасоти мазҳабияшонро қабул надоранд». Ӯ меафзояд, ки ин ҷо хӯю хислати ҷуғрофӣ ҳам таъсиргузор аст. «Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгари афғон, Шарқи Миёна, ки он ҷо асосан кишварҳои мусалмонӣ ҷойгиранд, ҳамеша дар маркази тавтеъаҳои байнулмилалӣ қарор дошт ва он ҷо ақидае маъмул аст, ки гӯё Ғарб дар талоши заъиф сохтани минтақа ва зери суол бурдани таъриху фарҳанг ва ҳатто аз байн бурдани истиқлоли ин кишварҳост», мегӯяд донишманди афғон.

Чарлз Курзман, муҳаққиқи варзидаи масоили ислом ва муаллифи китоби “Шаҳидони гумном”, қаблан гуфта буд, “дар ҳамаи кишварҳо гурӯҳҳое хурде мавҷуданд, ки барангехтани онҳо осон аст”. “Мо амалан, бо як гурӯҳи аблаҳе рӯ ба рӯ ҳастем, ки ҳар баҳонаро истифода бурда, мардумро бар зидди афроде, ки бад мебинанд, шӯр медиҳанд ва ин як мисоли дигари ҳамин бадбиниҳост”, мегӯяд ӯ. Муҳаққиқ меафзояд, “ман фикр намекунам, ки мусулмонон аз ҳар гурӯҳи дигар дида эҳсоситар бошанд - дар ҳар кишвар гурӯҳи хурдеро метавон дид, ки ба ҳар гуна ҳамла бо эҳсосот вокуниш мекунад, зеро худро зери фишор мебинад”.

Тоҷиддин Асомиддинзода ҳам мегӯяд, ки вокуниши эҳсосотӣ ба ин ё он амал хоси фақат мусалмонҳо нест. “Ҳар миллате, ҳар қавме масъалаҳои ҳассос дорад ва агар ба онҳо тавҳин сурат бигирад, яъне риштаҳои эҳсосотӣ нохун зада шавад, вокуниш ҳам эҳсосотӣ хоҳад шуд. Ҳам насрониҳо, ҳам яҳудиҳо ба масъалаҳои эътиқодӣ ҳассосанд ва агар алайҳи эътиқодашон ҳарфе гуфта шавад, бо эҳсосот бархӯрд мекунанд”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи донишманди тоҷик, “душманони ҳар қавму ҳар миллате талош мекунанд, ки ҳамин нуқтаҳои ҳассосаш истифода кунанд ва онҳоро ба амале ё эътирозе барангезанд”. Тоҷиддин Асомуддинзода бо таассуф меафзояд, ки душманони ислом ҳам аз нуқтаҳои заъфи мусалмонҳо ва аз эътиқоди гарми онҳо ба дину Қуръон ба нафъи худ ва ба зарари мусалмонҳо истифода мебаранд”. Ба гуфтаи Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, вақте дар Ғарб филмҳои зиддисломӣ таҳия мекунанд ё Қуръонро оташ мезананд ё карикатураи Паёмбарро мекашанд, ҳадафи асосӣ – истифода аз заъфи мусалмонҳо ва барои эътироз ба хиёбонҳо кашондану намоиши чеҳраҳои хашмгини онҳо ва ба ин васила талоши бадном кардани ислом аст.

Панҷ сол пеш таҳдиди сӯзондани "Қуръон" аз сӯи роҳиби амрикоӣ Террӣ Ҷонс мавҷи маҳкумиятҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар сатҳи раҳбарони аввали сиёсиву низомӣ ва рӯҳонии худи Амрикоро ба бор овард ва ҳамин тавр боиси бурузи мавҷи нави эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ, бахусус дар Афғонистон ва боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд.

Террӣ Ҷонс

Террӣ Ҷонс

Роҳиби калисои кӯчаки мавсум ба Dove World Outrages Center дар аёлати Флоридаи Амрико билохира ба ҳарфи ҷаҳон гӯш дод ва дар солгарди нӯҳуми ҳамлаҳои террористии 11 сентябр даст ба сӯзондани “Қуръон” назад.

Террӣ Ҷонс дар иваз барои мулоқот бо Файсал Абдулрауф, имоме дар Манҳеттен, ки мехоҳад дар наздикии Маркази Ҷаҳонии тиҷорат, як ҳадафи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001, як Маркази 13-қабатаи исломӣ бисозад, ба Ню-Йорк рафт. Ҷонс гуфт, ҳатто дар сурати бенатиҷа анҷом шудани музокироти онҳо бар сари кӯчонидани маҳалли эҳдоси ин Маркази исломӣ, ки дар Амрико баҳсҳои тундеро барангехтааст, “на ҳоли ҳозир ва на ягон вақти дигар даст ба сӯзондани “Қуръон” нахоҳад зад.”

Тоҷиддин Асомиддинзода мегӯяд, ки мусалмонҳо воқеъан ҳам "Қуръон"-ро азиз мехонанд ва барои он ба ҳама қурбонӣ омодаанд. "Ба эҳтиром нисбати "Қуръон" дар худи ин китоби муқаддас ҳам таъкид шудааст, аз ҷумла, бидуни таҳорат ба даст гирифтани он ҷоиз нест", мегӯяд ӯ. Ва муллое, ки ба Фархунда тӯҳмати сӯзонидани "Қуръон" задааст, инро хуб медонист.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Саид Аҳмад Наҷиб, куштори Фархунда дасисаи ягон нерӯи беруна нест, ҳарчанд шояд паёмади “шустушӯи мағзҳо”-и ҷавонони афғон аз сӯи гурӯҳҳои зиддиисломӣ ваё исломии тундрав бошад - бештари кишварҳои шарқӣ ба мушкили фақр ва бесаводӣ мувоҷеҳанд ва таҳрики каси бесавод назар ба шахси босавод осонтар аст.

Наталя Зоркая, таҳлилгари Маркази Левадаи Маскав, ҳам мегӯяд, ки дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла, дар Русия ва бештари ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ афроди бесавод пойбанди тарғиботи расмиянд. “Чун ҷаҳонбинии онҳо танг аст, ҳама гуна ташреҳи расмӣ, аз ҷумла, аз тариқи телевизионро ба осонӣ мепазиранд”. Яъне, меафзояд хонум Зоркая, «шустушӯи мағз»-и онҳо кори душворе нест.

Кушторҳои эҳсосотӣ ё “суди Линчи инфиродӣ” дар Тоҷикистон ҳам гоҳ-гоҳе рӯй медиҳанд. Соли гузашта Хусрав, як сокини шаҳри Кӯлоб, даст ба қатли хоҳараш Парвина зад – ӯ баъд аз иқрори гуноҳ ба кормандони тафтишот тавзеҳ намуд, ки натавонистааст “бероҳагӣ”-и хоҳарашро таҳаммул кунад. Баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ аз Русия Хусрав аз дӯстонаш шунидааст, ки Парвина “бероҳа”-ву “сабукпо” шудааст. Аз ин пеш дигар ҷавони кӯлобӣ - Мизробҷони Музаффар ҳам баъди огоҳ шудан аз робитаи номаҳрамонаи хоҳараш Озодамоҳ бо ҷавоне ӯро бо рӯймол бӯғӣ кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG