Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як маҳбуси афғон, хонуми худро, ки барои аёдаташ ба зиндон омада буд, ба гумони муносиботи номашрӯъ бо шахси дигар, ҳалқовез кардааст.

Куштор дар яке аз ҳуҷраҳои мулоқот дар дохили маҳбас сурат гирифтааст. Муҳаммадакрами Бекзод, раҳбари хадамоти амниятии вилояти Самангон, бо такя ба тафтишоти муқаддамотӣ гуфт, маҳбусро, ки Динмуҳаммад ном дорад, барои куштори арӯси ҷавон модараш таҳрик додааст. “Вақте занаш барои дидан меояд, модараш пештар гӯё ба ин нафар гуфтааст, ки хонумат равобити номашрӯъ дорад ва дар ҷараёни мулоқот, ки барои як ё якуним соат пешбинӣ шудааст, бо истифода аз фурсат хонуми худро ба қатл мерасонад ва барои аз сари худ рафъ кардани гуноҳ ӯро ҳалқовез мекунад, ки гӯё занаш худро овехтааст”, - мегӯяд Муҳаммадакрами Бекзод.

Ӯ меафзояд, ки баъд аз ин ҳодиса модари маҳбуси қотил фирор кард, вале шоми сешанбе аз сӯи кормандони полис дастгир шуд. Хонуми кушташуда Зайнаб18 сол дошт ва соҳиби фарзанд ҳам буд. Бар пояи бархе хабарҳо, маҳбуси қотил се сол пеш барои куштори пайвандони завҷааш барои муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудааст.

Куштори Зайнабро ҳомиёни ҳуқуқи башари афғон чун намунаи дигари рӯ ба афзоиш доштани хушунат алайҳи занҳо дар кишвар арзёбӣ кардаанд. Рӯзи чаҳоршанбе Шабакаи занони Афғонистон дар як нома унвонии Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, хостори расидагии бештар ба қазияҳои куштор ва азияту хушунат алайҳи занон дар кишвар шуд. Ин ниҳод ҳукумати Кобулро дар бетаваҷҷуҳӣ ба сарнавишти занон ва бетарафӣ дар баррасии қазияҳои азияту шиканҷаи онҳо айбдор намуд.

Лима Анварӣ, муовини раиси ин шабака, мегӯяд, онҳо аз Карзай хостаанд то ба ниҳодҳои адлия ва қазоии кишвар барои баррасии ҷиддии қазияҳои хушунату азият ва бадрафторӣ нисбати занон дастур диҳад. Ӯ меафзояд, ки “ба Ҳомид Карзай барои ислоҳи вазъ ду моҳ вақт дода гуфтааст, ки дар сурати аз сӯи сарвари давлат нодида гирифтани ин нома онҳо даст ба эътирозҳои густурда хоҳад зад”.

Бар иттилои вазорати умури занони Афғонистон, дар нӯҳ моҳи соли гузашта чаҳор ҳазор аризаи хушунат алайҳи занон сабт шудааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқҳои занон мегӯянд, бештари ин аризаҳо баррасӣ намешаванд, заноне, ки дар бораи хушунат шикоят мекунанд, мавриди таъқибу таҳдид қарор мегиранд. Қудсия Ниёзӣ, раиси додситонии манъи хушунат алайҳи занони Афғонистон, мегӯяд, соли гузашта аз ҳама бештар - 680 ҳодисаи ранҷу азияти занон дар Кобул рӯй додаанд.

Вале ҳодисаҳои пурсару садо дар вилоятҳои Афғонистон сабт шудаанд. Як сол пеш кормандони полиси вилояти Бағлон ҳангоми кофтукоб дар як таҳхона ҷисми беҳаракати арӯси 15-сола, Саҳаргулро пайдо карданд, ки ангуштонаш шикаста, нохунҳояш канда ва тамоми ҷисмаш аз латту кӯб сиёҳу кабуд шуда буд. Рӯзи 1-уми май додгоҳи Кобул мурофиаи марбут ба ин ҳодисаро анҷом дод ва модарарӯсу хоҳари шавҳари Саҳаргулро бо ҷурми лату кӯбу азияти ин наварӯс ба муддати 10-солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Дар вилояти Тахор, воқеъ дар шимоли Афғонистон, Гулсика, як зани 20-солаи афғон, ҳадафи тири шавҳараш қарор гирифт ва фақат баъд аз ҷарроҳии оҷил ҷон ба саломат бурд. Дар вилояти Ҳирот ҷасади бесари наварӯс Моҳгул ошкор гардид, ки, ӯро, ба иттилои пулис, хешу табори шавҳараш бераҳмона ба қатл расондаанд.

Охири соли гузашта Дафтари СММ дар Афғонистон ба зарурати талошҳои муассиртари Кобул барои коҳишу аз байн бурдани хушунат алайҳи занон таъкид карда буд. Дар гузориши ин ниҳод гуфта шудааст, ки “Афғонистон дар бахши дифоъ аз ҳуқуқҳои занон ва хушунат алайҳои онҳо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад”. Ҳамзамон муаллифони санад аз баъзе пешравиҳо дар ин бахш баъд аз қабули қонуне ишора кардаанд,ки муҷозот барои хушунат алайҳи занонро пешбинӣ намудааст.

Ба иттилои ЮНИФЕМ, Бунёди занони СММ, тақрибан 90 дарсади занони афғон аз хушунати хонаводагӣ азият мекашанд ва Афғонистон дар сафи аввали кишварҳои хатарбор барои занону духтарон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG