Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул аз суханони як роҳбари Толибон истиқбол кард


Мулло Муътасим Оғоҷон.
Мулло Муътасим Оғоҷон.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, аз суханони як роҳбари Толибон, ки гуфтааст, «муҳимтарин ва муасиртарин роҳи ҳалли бӯҳрон дар Афғонистон сулҳ аст», истиқбол мекунад.

Дар як паёми Мулло Муътасим Оғоҷон, ки чанд рӯз пеш дар интернет пахш шуд, дар мавриди омодагии гурӯҳи Толибон барои иҷрои гуфтугӯҳои сулҳ сухан гуфта шудааст. Дар нишасти дирӯзаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфта шудааст, ки аз омоадгии Мулло Муътасим Оғоҷон барои иҷрои гуфтугӯҳо бо тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ ҷиҳати таъмини сулҳи доимӣ дар Афғонистон низ пуштибонӣ мекунад.

Мулло Муътасим Оғоҷон, узви Шӯрои Кувайта дар ин паём гуфтааст, ки ҷанги дохилии афғонҳо асоси қонунӣ ва мазҳабӣ надорад. Дар паём ҳамчунин омадааст, ки Толибон тасмим гирифтаанд, аз ин пас набояд мусалмонон аз ҷониби мусалмонон кушта шаванд.

Дар идомаи ин паём гуфта шудааст, ки чанде пеш бо иштироки вазирони режими Толибон, қумандононҳои қудратманд ва роҳбарони чанде аз қавмҳо нишасте дар Иморати Муттаҳидаи Араб баргузор ва дар он рӯйи ниёз барои тафоҳуми байни афғонҳо таъкид шуда буд.

Дар ҳамин ҳол Шаҳзода Шоҳид, сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар баробари истиқбол аз ин паёми Муътасим Оғоҷон таъкид мекунад, ки ҳаргуна гуфтугӯи сулҳ бояд бо Шӯрои олии сулҳ сурат гирад.

«Ин як ибтикори тоза аз ҷониби Муътасим Оғоҷон аст, ки мо аз он истиқбол мекунем. Аммо ин гуфтугӯҳои пароканда мушкилро ҳал карда наметавонад. Ба хотири он, ки масоили Афғонистон бояд ҳимояти ҳукумати Афғонистонро ҳам бо худ дошта бошад ва тафовуқ рӯйи он вуҷуд дошта бошад. Дар он сурат натиҷаи хуб хоҳад дод ва мо чунин гуфтугӯҳоро истиқбол мекунем.»

Дар паёми Мулло Муътасим Оғоҷон ба талошҳои Эрон барои наздикӣ бо Амрико, гуфтугӯҳо миёни ҳукумати Покистон ва Толибон ва ҳатто хатми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ишора шудааст. Дар идома гуфта шудааст, ки афғонҳо ҳам метавонанд бо ҳам оштӣ кунанд. Дар ин паём ба интихоботи Афғонистон низ таваҷҷуҳ шудааст, ки дар сурати идомаи ҷанг ин интихобот машруъият нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG