Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷанг"-и Карзай бо ТВ: Ҷустуҷӯи ҳақиқат ё ҳамла ба озодии матбуот?


Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, ки то ҳол барои имзо нагузоштан ба қарордоди амниятӣ бо Амрико аз дохилу хориҷ танқид мешунид, акнун ин танқидҳоро дар оинаи телевизион мебинад.

Баъди пахши як идда наворҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои хусусии телевизионӣ, ки раисиҷумҳурро ба имзои қарордоди амниятӣ бо Амрико даъват мекарданд, маъмурияти Карзай дар таърихи 16 январ ба додситони кишвар амр дод, то мушаххас кунад, ки дар паси ин таблиғот кӣ қарор дорад ва кӣ онҳоро сармоягузорӣ кардааст?

Сарпечии Карзай аз имзои қарордоди амниятӣ бо Ийолоти Муттаҳида, ки замони будубоши нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро баъди соли 2014 мушаххас мекунад, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шадидан танқид мешавад.
Дар Афғонистон аз пофишориҳои Карзай хушнуд нестанд.

Мавқеъи оштинопазири ӯ ба як ҳафтаи эътирозу корпартоии намояндагони парлумон дучор шуд. Аммо сарфи назар аз таҳдидҳои Вашингтон, ки гуфтааст, баъди соли 2014 “фарзияи сифр”, яъне комилан берун бурдани нирӯҳо аз Афғонистонро низ аз эътибор соқит намедонад, Ҳомид Карзай ҳамчунин дар мавқеъи худ собит истодааст. Карзай гуфтааст, бигузор ин созишро ҷойгузини ӯ, нафаре ки дар интихоботи моҳи апрел президент интихоб мешавад, имзо кунад.

Раҳбари маркази матбуоти ҳукумати Афғонистон Сафватуллоҳ Сафӣ мегӯяд, ки наворҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ҷомеъаро дар робита бо қарордоди амнмиятӣ гумроҳ мекунанд. Оқои Сафӣ нагуфт, ки кадом ширкатҳои телевизионӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд, аммо афзуд, президент Карзай мехоҳад бидонад, ки дар паси ин наворҳо киҳо қарор доранд.

Аз замони оғози бозҷӯӣ наворҳои таблиғотӣ дигар дар телевизион пахш нашуданд. Карзай ҳамчунин аз вазорати фарҳанг хостааст, ки тафтиши вижа анҷом диҳад. Ҷалол Нуронӣ, мушовири вазорати фарҳанги Афғонистон гуфт, бисёр шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳо моли шахсиятҳои бонуфуз дар дохил ва кишварҳои ҳамсоя ҳастанд ва ё таҳти таъсири онҳо қарор доранд. “Бинобар ин муҳим аст бидонем, ки онҳоро кӣ сармоягузорӣ мекунад?”- гуфт Ҷалол Нуронӣ.

Карзай ҳамчунин амр кардааст, ки муҷаввизи телевизионҳои хусусие,ки наворҳои таблиғотиро нашр кардаанд, мавриди омӯзиш қарор бигирад.

Мӯҷиб Хилватгар, раҳбари созмони ғайридавлатии “Кумак ба матбуоти бо”з дар Афғонистон ин бозҷӯиҳоро ҳамла ба озодии матбуот унвон мекунад. Хилватгар гуфт, ки бо ин роҳ ҳукумат мехоҳад матбуотро аз баҳси мавзӯъ дур нигаҳ дорад: “Рӯз ба рӯз ҳукумат дар роҳи фаъолияти матбуот монеа эҷод мекунад ва президент мехоҳад, ки матбуот танҳо назари хусусии ӯро инъикос кунад.”

Ҳомиди Карзай дар поёни соли 2002 дар пайи суқути режими Толибон ба қудрат расид. Ӯ баъдан дар ду интихоботи раёсатҷумҳурӣ раёсаташро тамдид кард, вале бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, ки замони раёсати як нафарро танҳо бо ду давраи панҷсола маҳдуд кардааст, ҳаққи пешбарии номзадиаш дар интихоботи моҳи апрелро надорад.

Интизор меравад, нирӯҳои эътилоф то поёни соли 2014 тарки Афғонистон кунанд. Паймони амниятие, ки баҳсаш байни Кобулу Вошингтон чанд сол боз идома дорад, шароити ҳузури нирӯҳои амрикоиеро, ки бояд баъди соли 2014 ба хотири кумак ба нирӯҳои афғон дар ин кишвари ҷангзада бимонанд, мебоист таъйин мекард.

Амрико дар соли 2011 дар Афғонистон 101 000 сарбоз дошт. Феълан аз ин шумор танҳо 38 000 амрикоӣ дар канори 27 000 нирӯҳои эътилофи таҳти фармони паймони низомии НАТО дар ин кишвар боқӣ мемонанд. Дар ғайри сурати имзо ва тасвиби паймони амниятии Амрикову Афғонистон, Ийолоти Муттаҳида маҷбур аст, то 31 декабри соли 2014 тамоми нирӯҳояшро аз ин кишвар берун бикашад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG