Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду дастаи футболи Тоҷикистон ба Ҷоми АФК-2013 мераванд


Ду дастаи беҳтарини футболи Тоҷикистон дар Ҷоми АФК-2013 ширкат хоҳанд кард.

Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи мусобиқоти АФК (Конфедератсияи футболи Осиё), ки рӯзи чоршанбе, 28-уми ноябр барпо гардид, гирифта шуд.

Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон аз мавсими соли оянда дар мусобиқаи бошгоҳҳои футболи Осиё, ки аз рӯи моҳияташ дувум аст, иштирок мекунанд. Қуръакашии Ҷоми АФК-2013 рӯзи 6-уми декабр дар Куала-Лумпур доир хоҳад шуд.

Қаҳрамони Тоҷикистон ба мубориза барои Ҷоми АФК-2013 аз марҳилаи гурӯҳӣ, барандаи Ҷоми кишвар бошад, аз бозиҳои интихобӣ ё плей-офф шурӯъ мекунанд. Бинобар иҷозаи ширкати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми АФК, дигар дастаҳои футболи кишвар дар Ҷоми раиси АФК иштирок нахоҳанд кард.

Инчунин дар ҷаласаи кумитаи мусобиқоти АФК тасмим гирифта шуд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2014 дар Молдив барпо мегардад.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар соли 2013-ум дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ҷазоири Мариани Шимолӣ, Афғонистон, Бруней, Камбоҷа, Тайван, Гуам, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Макао, Муғулистон, Мянмар, Непал, Покистон, Фаластин, Филиппин, Шри-Ланка ва Туркманистон ширкат мекунанд. Қуръакашии гурӯҳҳои интихобӣ рӯзи 11-уми декабр баргузор мешавад.

Бо қарори кумитаи мусобиқоти АФК ғолибони Ҷоми даъвати АФК дар солҳои 2016-ум ва 2018-ум ростакӣ ба Ҷоми Осиё-2019 роҳхат намегиранд, балки дар бозиҳои интихобӣ ё плей-офф бо ду дастаи беҳтарини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии қора роҳ ёфта натавонистанд, рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG