Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои AFC 29-уми ноябр супурда мешаванд


Беҳтаринҳои соли 2012-ум бо ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мукофотонида хоҳанд шуд.

Маросими ботантанаи мукофотсупорӣ рӯзи 29-уми ноябр дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Ба рӯйхати муддаиёни унвони беҳтарин бозигари қора дар соли 2012-ум Ли Кюн Хо (Кореяи Ҷанубӣ), Муҳаммад Алӣ Каримӣ (Эрон) ва Чжи Чжэн (Чин) дохиланд.

Ба рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаи беҳтарин легионери осиёӣ дарвозабони австралиягӣ Марк Швартсер («Фулҳэм», Инглистон), инчунин, нимҳимоятгарони ҷопонӣ Юто Нагатомо («Интер», Италия) ва Синдзӣ Кагава («Манчестер Юнайтед», Инглистон) шомил гаштаанд.

Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин, беҳтаринҳоро аз рӯи дигар номинатсияҳо - “Беҳтарин бозигари ҷавон”, “Беҳтарин футболбоззан”, “Беҳтарин футболбоззани ҷавон”, “Беҳтарин довар”, “Беҳтарин довар-зан”, “Беҳтарин мураббӣ”, “Беҳтарин мунтахаби мардона”, “Беҳтарин дастаи сол”, “Беҳтарин бозигари футзал”, “Беҳтарин дастаи футзал”, “Беҳтарин созмони футбол” ва “Фейр-плей” бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонад.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳои AFC, ҳамчунин, Валерий Турсунов, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG