Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футболи Тоҷикистон сабаби баргузории бозиҳои аввалини хонагии дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Ҷоми АФК-2013, дар шаҳри Хуҷандро шарҳ додааст.

Ба саволи мухлисони дастаҳои «Равшан» ва “Регар-ТадАЗ” Федератсияи футболи Тоҷикистон дар торнамои худ посух додааст, ки барои даст ёфтан ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми АФК ба ду бошгоҳи беҳтарини кишвар – қаҳрамон ва баранди Ҷоми Тоҷикистон соли гузашта ба ҷумҳурӣ ду бор комиссиюни Конфедератсиони футболи Осиё омада буд. Аъзои ин комиссиюн вазъи варзишгоҳҳои бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишварро тафтиш карданд.

Аз рӯи натиҷаи тафтишот комиссиюни АФК танҳо се варзишгоҳро барои баргузории бозиҳои Ҷоми АФК мувофиқ донист. Инҳо - варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода мебошанд.

Вале комиссиюни АФК тасмим гирифт, ки Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ба талаботи баргузории бозиҳои Ҷоми АФК ҷавобгӯ нест. Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб меҳмонхонаҳо кофӣ нест. Барои он ки дар оянда дар Кӯлоб бозиҳои мусобиқоти байналмилалӣ доир шаванд, инфраструктура ё зерсохторро беҳтар кардан зарур аст.

Қаҳрамони нави Тоҷикистон метавонист бозиҳояшро дар шаҳри Душанбе гузаронад, вале дар айни ҳол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ азнавсозии майдони футбол ҷараён дорад, ки то рӯзҳои аввали моҳи апрел идома хоҳад кард.

Ба иллати азнавсозии шоҳроҳи автомобилии Душанбе – Турсунзода комиссиюни АФК гузаронидани бозиҳои “Равшан» ва «Регар-ТадАЗ»-ро дар Ҷоми АФК дар варзишгоҳи «Металлург» маъқул надонист.

Бар асоси талаботи АФК дастаҳое, ки дар Ҷоми АФК иштирок мекунанд, муваззаф шудаанд, ки меҳмонхонаҳои 5 ё 4-ситорадор пешниҳод кунанд. Ҳамчунин мизбонон вазифадоранд, ки ба гурӯҳи доварон, комиссари бозӣ, шахсони расмии АФК меҳмонхонаи алоҳидаро, ки ҷавобгӯи талаботанд, пешкаш намоянд.

Бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки то омодагии комили Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе бозиҳои хонагии «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» дар даври гурӯҳии Ҷоми АФК дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шаванд.

Ёдовар мешавем, дар ин варзишгоҳ соли гузашта бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ доир шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG