Пайвандҳои дастрасӣ

Хуршедро барои 2 сол аз футбол маҳрум карданд (9 АКС)


Хуршед Бекназаров

Хуршед Бекназаров

Иттиҳодияи футболи Осиё ҳимоятгари мунтахаби ҷавонониТоҷикистон Хуршед Бекназаровро барои 2 сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум кард. Худи Хуршед мегӯяд, аз ин тасмими AFC ҳанӯз хабар надорад.

Масъулони футболи Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз дар мавриди қарори АFC – Иттиҳодияи футболи Осиё - дар мавриди барои 2 сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум кардани Хуршед Бекназаров, ҳимоятгари дастаи "Регар-ТадАЗ" ва тими ҷавонони Тоҷикистон тасмиме нагирифтаанд. Хуршед Бекназаров рӯзи 13 ноябр ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни Бозиҳои Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ аз сӯи Иттиҳодияи футболи Осиё чунин ҷазои шадид гирифт.

Улуғбек Каримов, менеҷери тими миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ҳамин рӯз фаҳмидем ин қарорро. Аснодаш тоза ба дасти мо расид ва ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад. Баъди пурра омӯхтани ин аснод қарорамонро хоҳем гирифт."

Тибқи қоидаҳои Иттиҳодияи футболи Осиё, Хуршед Бекназаров ва Федеросиюни футболи Тоҷикистон ҳақ доранд, дар зарфи 30 рӯз аз қарори Кумитаи интизомии AFC эътироз баранд.

Худи Хуршед Бекназаров, ҳимоятгари дастаи "Регар-ТадАЗ" ва тими ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон мегӯяд, аз маҳрумияташ аз бозӣ то ду сол хабар надорад. Хуршед Бекназаров рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ӯро расман дар бораи чунин тасмими AFC – Иттиҳодияи футболи Осиё - хабардор накардаанд. Аммо дар мавриди инки оё ӯ дар воқеъ ягон маводи мамнӯъро истифода мебурд, ки дар Бозиҳои Осиё ба истеъмоли допинг айбдораш карданд?, Хуршед гуфт, "хайр, як хатоӣ гузашт-да."

Фаррух Авезов, табиби тими миллии футболи Тоҷикистон низ аз ин тасмими AFC изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт: "То ҳол касе намедонад, ки Хуршед чӣ хӯрдаасту чӣ кор кардааст. Ягон кас ягон чиз намедонад."

Кумитаи интизомии AFC рӯзи 13 ноябр Хуршед Бекназаров, узви тими миллии ҷавонони Тоҷикистонро барои ду сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум кард. Ин ниҳод гуфт, ки Хуршед Бекназаров дар мусобиқоти футболи Бозиҳои 17-уми Осиё дар шаҳри Инчони Кореяи ҷанубӣ дар воқеъ аз допинг истифода кардааст. Ба гуфтаи кумита, дар натиҷаи ташхис маълум шуд, ки Хуршед Бекназаров доруи тавонбахши метилҳексанамин хӯрдааст. Ин мавод дар феҳрасти доруҳои мамнӯъест, ки Оҷонси байналмилалии зидди допинг таҳия кардааст.

Иттиҳодияи футболи Осиё рӯзи 25 сентябр расман эълон кард, ки Хуршед Бекназаров, ҳимоятгари 20-солаи тими ҷавонони Тоҷикистон барои 30 рӯз аз ҳаққи ҳар навъ фаъолияти марбут ба футбол маҳрум шудааст ва бояд макони Бозиҳоир Осиёро дар зарфи 2 рӯз тарк кунад. Ташхиси пешоби Хуршед Бекназаров, ки рӯзи 14 сентябр баъди бозии якуми тими Тоҷикистон бо Сингапур дар мусобиқоти Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ анҷом шуд, дар бадани ин ҳимоятгари 20-сола вуҷуди метилҳексанамин ном як маводи мамнӯъро нишон додааст.

WADA – Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг – аз соли 2010 ба ин сӯ метилҳексанаминро ба “рӯйхати сиёҳ”-и маводи истифодааш барои варзишгарон мамнӯъ ворид кардааст.

Шӯрои олимпии Осиё – масъули баргузории Бозиҳои Осиё- рӯзи 24 сентябр бо эълони натиҷаҳои ташхиси допинги Хуршед Бекназаров ба ин футболбози тими Тоҷикистон барои тарки макони ин мусобиқот 2 рӯз фурсат дод ва гуфт, тасмимҳои баъдиро дар мавриди ӯ Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ФИФА – Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ – ва Иттиҳодияи футболи Осиё хоҳанд гирифт.

Хуршед Бекназаров аз бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода буда, як узви муҳими хатти дифоъи тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ дар ҳамаи 3 бозии мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои Осиё ширкат кард. Тоҷикистон дар гурӯҳи С бо касби 6 имтиёз ҷои дувумро гирифт, вале рӯзи 26 сентябр дар даври ҳаштякниҳоӣ бо тими Ироқ – ғолиби гурӯҳи D - мағлуб шуд. Дар ин бозӣ Хуршед Бекназаров ба далели дисквалификатсия ва нимҳимоятгари бошгоҳи ССКА “Помир” Абдулло Саидов, ки дар Корея кӯррӯда (апендитсит)-ашро ҷарроҳӣ кард, ширкат карда натавонистанд.

Қазияи Хуршед Бекназаров нахустин мавриди кашфи допинг дар мусобиқоти Бозиҳои 17-уми Осиё дар Кореяи ҷанубӣ буд. Ташхиси допинг дар бадани футболбози тими Тоҷикистон дар моҳи сентябр барои чандин рӯз дар сархати хабарҳои расида аз Бозиҳои Осиё қарор гирифт. Дар бораи ин қазия ҳатто расонаҳои мӯътабари байналмилалие, чун Ройтерс ва Евроспорт, хабар доданд.

Қаблан аз таҳаввулоти футболи тоҷик танҳо моҷарои Парвиз Турсунов, бозигари тими "Хайр"-и Ваҳдат, ки ба далели риши дарозаш ба бозӣ роҳ дода нашуд, ва ҳам моҷарои футболбози "Регар-ТадАЗ" Аҳтам Ҳамроқулов, ки баъди ду голи задааш ба дарвозаи "Вахш" масъулони барқи шаҳри Қӯрғонтеппа хатти барқи манзили падари ӯро буриданд, ба чунин шакли густарда дар расонаҳои байналмилалӣ мунъакис шуда буд. Дар ҳарсе маврид сухан, мутаассифона, дар бораи моҷароҳо меравад, то аз дастовардҳои футболи тоҷик.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG