Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC баргузор шуд


Шоми сешанбеи 25 август ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) баргузор шуд.

Шоми сешанбеи 25 август ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) баргузор шуд.

Ду бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шоми сешанбеи 25 август ба поён расид. «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия бар тими меҳмон – «Саут Чайна»-и Ҳонконг – бо ҳисоби 3-0 ғолиб омад ва «Ал-Қодсия»-и Кувайт бозиро дар майдони худ бо «Ал-Ҷайш»-и Сурия бо ҳисоби 1-1 анҷом дод.

Ду бозии дигари чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC шаби чоршанбе, 26 август, байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон - “Паҳанг”-и Малайзия ва «Кувайт»-и Кувайт – «Китчӣ»-и Ҳонконг барпо мегардад.

Бозии «Истиқлол» ва «Паҳанг» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад. Доварони ин бозӣ аз Урдун мебошанд. Аҳмад Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳи 29-сола, ки аз соли 2013 довари ФИФА аст, сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Аҳмад Моаннес Надӣ Арроалле ва Файсал Муҳаммад Аввад Шуайр ёварони сардовар, Аҳмад Ёқуб Иброҳим довари эҳтиётӣ мебошанд. Ҳусайн Гҳадҳанферӣ аз Кувайт нозири доварон ва Сивакумар аз Сингапур комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Нархи билети оддии бозии “Истиқлол” ва “Паҳанг” 10 сомонӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ муқаррар шудааст. Нархи билети VIP 400 сомонист. Бо билети даромад ба варзишгоҳ мухлисон дар бозии лотерея иштирок мекунанд. Бурдҳои лотерея – ду телефони “iPhone 6”, ду планшети “iPad» ва ду ноутбук - мебошанд.

Ҷоми AFC-2015

Чаҳорякфинал. Бозиҳои аввал

25 август (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 1-1

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг) – 3-0

26 август (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

Чаҳорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия)

16 сентябр (чоршанбе)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

Нимфинал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш» — Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна»

30 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ» — Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти “Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш»

21 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» — Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ»

Финал

31 октябр (шанбе)

XS
SM
MD
LG