Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AFC Парвиз Муртазоевро барои ҳамеша аз доварӣ маҳрум кард


Парвиз Муртазоев
Парвиз Муртазоев

Кумитаи одоби Конфедератсияи футболи Осиё Парвиз Муртазоевро ба иттиҳоми дахолат дар натиҷаи бозии дастаҳои то 19-солаи Молдив ва Тоҷикистон барои доимӣ аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард.

Ба гузориши сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё, Кумитаи одоби AFC довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамеша аз ҳакамӣ маҳрум кардааст.

Конфедератсияи футболи Осиё мегӯяд, ин довар дар он айбдор шудааст, ки қасди дахолат дар натиҷаи бозии қаҳрамонии Осиё-2015 миёни дастаҳои то 19-солаи Малдив ва Тоҷикистонро дошт. Ин бозӣ рӯзи 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд.

Парвиз Муртазоев, ки нозири ин бозӣ будаааст, қасд доштаааст то натиҷаи бозиро бо довар муомила кунад, аммо довар тибқи қонунҳои AFC амал карда ва дар ин бора ба Конфедератсияи футболи Осиё иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, Парвиз Муртазоев ҳанӯз дар таърихи 16-уми октябр аз сӯи кумитаи одоби Конфедератсияи футболи Осиё аз ҳаққи доварӣ маҳрум шудааст. Ҳамроҳ бо Парвиз чаҳор бозигари непалӣ ва яке аз масъулони футболи он кишвар низ барои ҳамешагӣ аз фаъолият дар соҳаи футбол маҳрум шудаанд.

Парвиз Муртазоев яке аз дувоздаҳ довари тоҷик дар рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2015 мебошад. Ӯ соли 1988 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст ва аз соли 2014 ба феҳристи доварони ФИФА шомил аст. Ӯ аз ҷавонтарин доварони футболи тоҷик ба шумор меравад ва бо вуҷуди ин тайи чанд соли ахир аз сӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон борҳои "беҳтарин довар" шинохта шудааст.

XS
SM
MD
LG