Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ фармондеҳи артиши Қаробоғи Кӯҳӣ боздошт шуд


Як собиқ фармондеҳи низомии Қаробоғи Кӯҳӣ, ки ба нирӯҳои мухолифини Арманистон хеле наздик аст, бо гумони қочоқи силоҳ ба дохили Арманистон аз ҷониби ин кишвар боздошт шуд. Самвел Бабаян ва ду нафари дигар рӯзи 22 март, ду ҳафта пеш аз интихоботи парлумонии Арманистон боздошт шуд. Се собиқ вазири ниҳодҳои қудратӣ, ки аъзои эътилофи мухолифин ҳастанд, боздошту иттиҳоми Бабаянро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.

Дар як изҳорот онҳо мақомоти Арманистонро дар он айбдор карданд, ки дар кишвар фазои тарс эҷод карда кӯшиши таъсиргузорӣ ба натиҷаҳои интихоботро аз роҳҳои ғайриқонунӣ доранд. Онҳо аз ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ ва ҳам нозирони байналмилалии интихоботӣ дархост карданд, ки қазияи Бабаянро аз наздик мушоҳида кунанд.

Хадамоти амнияти дохилӣ гуфт, ӯ барои кӯшиши аз Гурҷистон ба дохили Арманистон ворид кардани як мушакандози замин ба ҳаво боздошт шуд, ки дар як китф онро гирифтан мумкин аст. Ин силоҳ ошкор ва мусодира шудааст. Ин хадамот гуфт, ки аз рӯи маълумоти қобили эътимод, ба номи Бабаян ба дохили Арманистон мушакандози сохти русии “Игла” ворид шудааст. Бабаян 52 сол дошта, дар солҳои 1993 то 1999 дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳии Озарбойҷон артиши мусаллаҳи маҳаллиро раҳбарӣ мекард.

Ӯ соли 2000-ум боздошт ва барои сӯиқасди эҳтимолӣ ба ҷони президенти Қаробоғи Кӯҳӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди озодшавиаш бар асоси қонуни афв чор соли баъд ба Арманистон кӯчид ва дар он ҷо як ҳизби сиёсӣ ташкил кард. Дар интихоботи соли 2007-ум натиҷаҳои ҳизбаш чандон баланд набуд ва баъди ин соли 2011 ба Русия кӯч баст. Баъди бозгашташ ба Арманистон соли гузашта ба таври ошкоро аз мухолифон ҳимоят кард. Феълан хешовандонаш боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG