Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адвокатҳои тоҷик раис интихоб карданд (ВИДЕО)


Дар нахустин анҷумани Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Саидбек Нуриддинови 52-сола, раиси ин созмони навтаъсис интихоб гардид.

Саидбек Нуриддинов нахустин раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ бо ба даст овардани 70 дарсади орои вакилони ин анҷуман, бар курсии раиси Иттиҳоди адвокатҳоиТоҷикистон нишаст. Саидбек Нуриддинов 17 сол таҷрибаи вакили дифоъ ё адвокатӣ дошта, аъзои раёсати Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар" мебошад. Дар гузашта ҷаноби Нуриддинов ба ҳайси додрас дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ кор кардааст.

Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъ аз Коллегияи адвокатҳои “Сипар” ҳадафи баргузории Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистонро танзими фаъолияти вакилони мудофеи тоҷик унвон кард ва гуфт, ки аз ин пас ҳамаи вакилони медофеъ бояд ҳатман мувофиқи қоннунгузорӣ аъзои ин иттифоқ шаванд. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Юсупов, бар асоси қонуни нав “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, вакилони мудофеъ дар сурати надоштани узвият дар Иттиҳоди адвокатҳо, ҳаққи фаъолиятро нахоҳанд дошт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, ки моҳи марти соли равон ба иҷро даромад, дар баробари маҳдудиятҳое, чун ҳатмӣ шудани имтиҳони касбӣ барои адвокатҳо, дар як иттиҳодияи касбӣ гирди ҳам овардани вакилони дифоъро низ пешбинӣ мекунад. Абдуқаюм Юсупов ҳадафи дигар аз таъсиси Иттиҳоди адвокатҳоро боло бурдани нуфузи адвокат дар низоми адлияи Тоҷикистон унвон кард.

Дар ҳоле ки барои аввалин бор Иттиҳодии адвокатҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар аз ҳама шумораи кам теъдоди адвокатҳост. Ҷаноби Холиқов афзуд, дар муқоиса ба дигар кишварҳои аврупоӣ, бештар аз ҳазор нафар адвокат берои аҳолии бештар аз ҳаштмиллионаи Тоҷикистон ночиз аст. Аммо Абдуманнон Холиқов изҳори умедворӣ кард, ки бо қабули қонуни нав ва ҳамакнун таъсиси иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон, вакилони дифоъ дар ҷомеаи ин кишвар нуфузи бештар пайдо хоҳанд кард ва ин амр боиси афзудани теъдоди онҳо хоҳад шуд.

Аммо Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъ мегӯяд, аз як тараф беэътиноии мақомотҳои давлатӣ ба адвокатҳо бошад, аз тарафи дигар аҳолии кишвар бо сабабҳои иқтисодӣ ҳаққулхизмати адвокатҳоро ба таври қобили мулоҳиза пардохт намекунад. Зимнан бо таъсиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон, ин созмон бояд дар вазорати адлия сабти ном шавад ва аз ин баъд аъзои расмии он ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатиро ҳифз хоҳанд кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дорад. Онҳо асосан дар 8 коллегияи адвокатҳо гирди ҳам омадаанд. Ҳамин тавр пас аз таъсиси Иттиҳоди адвокатҳо ҳамаи онҳо бояд зери боми як созмон муттаҳид шаванд.

Нахустин анҷумани адвокатҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

XS
SM
MD
LG