Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири умури дохилӣ ба таслими гумонбарони қатл даъват кард


Ду нафар аз гумонбарони қатли Абдулло Назаров ба мақомоти давлатӣ супурда шудаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон ба мардум муроҷиат кард, ки гумонбарони куштори генерал Абдулло Назаров таслим кунанд. Ҳамзамон бо вазири умури дохилӣ вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ҳамроҳ бо чанде аз аъзои Маҷлиси намояндагон дар Хоруғ ба ҳалли қазияи гумонбарони қатли сардори Раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, генерал Абдулло Назаров машғуланд. Гуфта мешавад, аз чаҳор нафари гумонбар ду нафар ба мақомот таслим карда шуданд.

Субҳи рӯзи душанбе ҳудуди 60 тан аз занон дар назди бинои шаҳрдории Хоруғ гирди ҳам омада ва хостори таҳқиқи одилонаи куштори генерал А.Назаров шуданд. Онҳо талаб доранд, ки куштори ахир дар чорчӯби қонунҳои кишвар, мунсифонаву бидуни баргузории амалиёте таҳқиқ шавад ва омилони он дар асоси қонун ҷазо бигиранд. Ин гурӯҳи занон бо таваҷҷӯҳ ба тақвияти нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар шаҳр аз эҳтимоли сар задани амалиёти мусаллаҳона нигарон ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабарҳо аз Бадахшон аз эъзоми нируҳои иловагӣ аз марказ ба ин минтақа дарак медиҳад, ҳарчанд мақомоти Душанбе ин хабарро рад карданд.

Таҷаммӯъи гурӯҳе аз занони бадахшӣ дар маркази вилоят дар ҳоле ҷараён дорад, ки субҳи имрӯз Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон мардумро ба ҳифзи суботу оромӣ даъват кард. Вай дар мулоқот бо бошандагон ва фаъолони шаҳр, ки рӯзи душанбе дар толори шаҳрдории Хоруғ баргузор шуд, кушта шудани сардори Раёсати амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаровро ҳодисаи "нанговар" номид.

Раиси вилоят сокинонро ба оромӣ даъват карда гуфт, ба кори комиссиюни вижаи ҳукуматӣ, ки ба манзури таҳқиқи қатли ҳодисаи генерал Абдулло Назаров таъсис ёфтааст, кӯмак кунанд. Вай гуфт, ки омилони ин ҳодиса муайян ва тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи расмӣ хабарҳои пештар нашршуда дар бораи эъзоми эҳтимолии нерӯҳои изофиро ба вилояти Бадахшон рад карданд. Манобеи мустақил дирӯз хабар доданд, ки рӯзи гузашта бештар аз 100 нафар аз воҳидҳои амниятӣ ва умури дохила ба вилоят сафарбар шуда, фурудгоҳи Хоруғро таҳти назорат дароварданд.

Ёдовар мешаваем, ки шоми 21 июл генерал Абдулло Назаров дар роҳи бозгашт аз Ишкошим ба Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, аз зарби корд кушта шуд. Ба гуфтаи як сокини ноҳияи Ишкошим Саъдоншо Улфатшоев, рӯзи шанбе сокинони маҳаллӣ генерал Абдулло Назаровро бо ҳамроҳонаш дар бозори марзии Ишкошим диданд ва дар роҳи бозгашт онҳо дар яке аз чашмаҳои шифоии сари роҳ об гирифта, аз он ҷо озими маркази вилоят шуданд.

Ҷасади генерал дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷиликӯл ба хок супурда шуд. Ҳамкорони Абдулло Назаров дар раёсати амнияти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки онҳо генерали марҳумро чун шахси ҳирфаӣ ва хоксор мешинохтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG