Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Тоҷик Эйр": Як бозори носолим ба вуҷуд омадааст


Хайрулло Раҳимов
Хайрулло Раҳимов

Масъулони “Тоҷик Эйр” гуфтанд, ки агар ҳукумат дар истифодаи фурудгоҳ ва сӯзишворӣ барояшон имтиёз надиҳад, тавони рақобат бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро аз даст хоҳанд дод. ​Хайрулло Раҳимов – раиси “Тоҷик Эйр” – рӯзи 23 январ дар робита ба қарздории ин ширкат аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Корхонаи таъмини сӯзишворӣ гуфт, “Тоҷик Эйр” дар шароити “як бозори носолим фаъолият дорад”. Ӯ гуфт, “мутаассифона, дар мо як бозори носолим ба вуҷуд омадааст.Соли 2012 ба хотири беҳтар кардани вазъияти “Тоҷик Эйр” барои истифода аз хадамоти фурудгоҳ 50 фисад тахфиф дода шуда буд. Аммо аз он сол ду дафъа нархи истифодаи фурудгоҳ боло рафт. Дар ҳоле ки ин фурудгоҳ барои ширкати мо фурудгоҳи асосӣ аст.”

Оқои Раҳимов гуфт, ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ дар фурудгоҳҳои асосиашон бо 50 фисад тахфиф амал мекунанд, аммо “Тоҷик Эйр” ҳам дар 14 фурудгоҳи хориҷие, ки парвоз мекунад ва ҳам дар дохили кишвар сад дарсади нархро пардохт мекунад. “Ҳатто ширкатҳои хориҷӣ дар пардохти ҳаққи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 50 дарсад тахфиф доранд, вале “Тоҷик Эйр” не”, - шарҳ дод ӯ.

Раиси “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ширкат дар хариди сӯзишворӣ низ тахфифе надорад ва ҳоло танҳо дар фурудгоҳҳои хориҷӣ сӯзишворӣ мехарад. Раҳимов гуфт, дар ин шароит “Тоҷик Эйр” бо ширкатҳои хориҷ, аз ҷумла дар Русия рақобат карда наметавонад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар ҳавопаймоҳои нав ва каммасрафи ширкат 36 дар сади нархи чиптаҳо барои хариди чипта сарф мешавад. Дар ҳоле ки нархи сӯзишворӣ аз 28 фисад қимати чипта боло равад, парвоз манфиатовар нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG