Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардҳо доллар ваъдаи ADB ба Осиёи Марказӣ


Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, барои васл кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳҳои бештар, 23 млрд $ ироа хоҳад кард

Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, барои васл кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳҳои бештар ва осонтар кардани тиҷорат байни онҳо тарҳҳое бо арзиши 23 миллиард доллар амалӣ хоҳад шуд. Бунёди роҳҳоии оҳани нав, шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ ва дигар зербунёдҳо ҳамроҳ бо осонтар кардани шеваҳои тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, аз тарҳҳоест, ки кишварҳои минтақа ва узви CAREC, Барномаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ сари онҳо ба созиш расидаанд.

Масъалаи мазкур дар шаҳри Вуҳани Чин дар нишасти намояндагони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷону Афғонистону Покистону Муғулистону Чин баррасӣ шудааст, ки аъзои дигари ҳамин барнома ҳастанд. Дар нишасти мазкур Барномаи Амалкарди Вуҳон муаррифӣ шудааст, ки бар асоси он бояд 68 тарҳи бунёди шабакаҳои нақлиётиро амалӣ кунанд, ки ҳаракати нақлиёт аз тариқи шаш гузаргоҳеро осон хоҳад кард, ки бандарҳои шарқии Чинро то ба Қафқозу шимоли Қазоқистон то ба бандарҳои тиҷоратии Карочӣ ва Гвадар дар Покистон мепайвандад.

Ҳамзамон бо ин кишварҳои минтақа бояд саъй кунанд, то монеаҳои зиёди расмӣ, ки монеи тиҷорат ва интиқоли молу коло дар минтақа мешавад, аз байн биравад. Барои иҷрои барномаҳои мазкур, ба ғайр аз Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Рушду Тавсиа, Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Милал ва кишварҳои алоҳида ба мисли Фаронсаву Амрикову Бритониӣ, Ҷопон ва Созмони Милал ваъда додаанд, ки дар иҷрои ин барномаҳо кӯмак мекунанд.

Бо вуҷуди онки Бонки Осиёии Рушд аз соли 2001 ба иҷрои Барномаҳои ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ дар ин минтақа ба ҳаҷми 19 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст ва аксаран барои сохтани 4 ҳазор километр, роҳ 3200 километр роҳҳои оҳан ва 2300 километр шабакаҳои интиқоли барқ дар тамоми минтақа. Тоҷикистон аз тариқи ин барнома то кунун 735 миллион доллар барои сохтани роҳу шабакаҳои барқ ва тиҷорат кӯмак ва қарзҳои боимтиёз гирифтааст ва иҷрои 11 тарҳи дигар дар доираи ин барнома идома дорад.

Мақсади барномаи мазкур осонтар кардани тиҷорат ва аз ин роҳ наздиктар кардани кишварҳои минтақа будааст, ки майли зиёде барои ҳамкорӣ надоранд ва тайи солҳои гузашта баръакс моҷароҳо бар сари захираҳои об муносиботи онҳо, бахусус муносиботи Узбакистон бо Тоҷикистону Қирғизистонро бад кардааст. Дигар ин ки то кунун дар ҳаракати молу коло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба монеаҳои зиёде вуҷуд дорад ва шаҳрвандони оддӣ ҳангоми рафтан ба як кишвари дигар аз роҳи заминӣ аз дасти марзбонону кормандони гумрук ба дод меоянд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG