Пайвандҳои дастрасӣ

$136 миллион барои навсозии нирӯгоҳ дар 80-километрии Душанбе


Бонки Осиёсии Рушд кӯмаки молиеро ба маблағи $136 миллион доллар ба Тоҷикистон дод, ки дар таърихи ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон назир надоштааст.

Бонки Осиёии Рушд кӯмаки молии бемислро дар ҳаҷми 136 миллион доллар тасдиқ кард, ки қарор аст барои афзоиши барқи таҷдидпазир дар сохтори энержии милливу минтақавӣ истифода шавад. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ дастгоҳҳои Нерӯгоҳи "Головной", воқеъ дар 80-километрии шаҳри Душанбе бозсозӣ мешавад. Ин нирӯгоҳ бо тавони 240 Мегаватт аз чаҳорумин нерӯгоҳҳои бузург дар кишвар ба шумор меравад. Нерӯгоҳи "Головной" соли 1956 бунёд шуда, аввалин чархаи он дар соли 1962 ба кор даромадааст.


Бахши умдаи сохтори соҳаи энержии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ бунёд шудааст ва ҳоло оҷилан ба тармим ва бозсозии технолоҷӣ ниёз дорад. Бонки Осиёи Рушд ҳадафи ин барномаро кӯмак дар беҳтар кардани фаъолият дар сохтори энержии Тоҷикистон унвон кард, Ба назари ин ниҳоди молӣ, эҳёи сохтори энержӣ ва ислоҳот омилҳоеянд, ки ин соҳаро аз ҷиҳати тиҷҷорӣ зинда мекунанд.

Раванди таҷдид ва эҳёи нерӯгоҳи "Головной" то соли 2020 идома мекунад ва интизор меравад, ки баъди тармим тавони истеҳсолии он аз 240 Мегаватт ба 252 Мегаватт боло хоҳад рафт. Ба ҳисоби миёна ин нерӯгоҳ метавонад дар сол 1130 гигаватт-соат барқ истеҳсол кунад, дар ҳоле, ки ҳаҷми истеҳсоли барқи ин нерӯгоҳ дар соли 2012 ба 743 гигаватт баробар будааст.

Саҳми ҷониби Тоҷикистон дар татбиқии молии ин барнома 34 миллион доллар ва иҷрокунандаи тарҳ ширкати "Барқи тоҷик" муайан шудааст.

Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Бонки Осиёи рушдро дар соли 1998 оғоз кард ва тоҳ ҳол ин Бонк тарҳҳои кӯмак ба Тоҷикистонро дар ҳаҷми $1,2 миллиард тасдиқ кардааст, ки ба шакли қарзҳои имтиёзнок, кӯмаки молӣ ва кӯмакҳои фаннӣ ба Тоҷикистон ироа шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG